Дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) муаррифии китоби «Сарчашмаи тасаввуфи Мовароуннаҳр: ташаккул ва таснифи таълимоти тасаввуф»-и корманди калони Институти шарқшиносии ба номи Абурайҳони Берунии Академияи илмҳои Ӯзбекистон, доктори илмҳои таърих Комилҷон Раҳимов баргузор шуд.
Ба тадбир президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Намояндаи сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов, муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Х.Зиёӣ, мудири кафедраи фалсафа, доктори илмҳои фалсафа Ғ.Мирзоев, сарходими Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, профессор Аскаралӣ Раҷабов ва дигарон ба сухан баромада, оид ба фаъолияти илмии Комилҷон Раҳимов, ба хусус, корҳое, ки дар соҳаи манбаъшиносӣ, исломшиносӣ ва тасаввуфшиносӣ мебарад, гуфта гузаштанд.
– Китоби мазкур ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки тобистони соли ҷорӣ дар Хева вохӯрданд, туҳфа карда шуд, – гуфт муаллифи китоб.
Тавре ки зикр гардид, сарзамини мо аз қадим гаҳвораи илму маърифат мебошад, ки тасаввуф як қисми ҷудонопазири он ба шумор меравад. Мақсади асосии тасаввуф бошад, тарбияи инсони комил буда, аз Қуръони карим ва ҳадисҳо маншаъ мегирад. Умедворем, ки китоби мазкур дар омӯхтани илми тасаввуф нақши муҳим мебозад.
Китоби мазкур ба забонҳои тоҷикӣ, қазоқӣ, озарӣ, туркӣ ва русӣ тарҷума шудааст.
Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».