МУАРРИФИИ КИТОБИ «ӮЗБЕКИСТОН: СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОЛҲОИ 2017-2021. ИСЛОҲОТИ БОСУРЪАТ» — БА ЗАБОНИ ҲИНДӢ

Дар сафоратхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Деҳлӣ доир ба мавзӯи «Стратегияи рушди Ӯзбекистон. Ислоҳоти босуръат» суҳбати «мизи мудаввар» баргузор шуд.

Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази «Стратегияи рушд», Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Ӯзбекистон, Донишгоҳи Марказии ҷамъияи миллий исломия, Донишгоҳи ба номи Ҷавоҳарлаъл Неру ва Бунёди тадқиқоти ҳиндустонии «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» ташкил гардид. 
Дар он намояндагони доираҳои таҳлилӣ ва академӣ, ҷамоаҳои тиҷоратӣ ва расонаҳои ахбори оммавии Ҳиндустон, ҳамчунин донишҷӯёни ӯзбекистонӣ, ки дар мактабҳои олии Ҳиндустон таълим мегиранд, ширкат варзиданд. Ғайр аз ин аз тариқи режими онлайн ба иштирокдорон директори Маркази «Стратегияи рушд» Акмал Бурҳонов, ҳамчунин намояндагони идораҳои манфиатдори кишвари мо ҳамроҳ шуданд. 
Дар чорабинӣ муаррифии китоби «Ӯзбекистон: Стратегияи рушди солҳои 2017-2021. Ислоҳоти босуръат» ба забони ҳиндӣ ба амал омад. Онро профессори кафедраи забони ӯзбекии Донишгоҳи Ҷамъияи миллии исломӣ Шаҳид Таслим дар асоси нашрияи «Соли 2017 – Соли ислоҳоти босуръат» тайёр кардааст.
Коршиносони ҳиндустонӣ таъкид намуданд, ки Стратегияи амалиёти дар Ӯзбекистон қабулшуда барномаи фарогире ба шумор меравад, ки бояд рушди устувор ва муттасили ҷумҳуриро таъмин намояд.
Бинобар ақидаи профессори Донишгоҳи ба номи Ҷавоҳарлаъл Неру, коршиноси машҳур оид ба Осиёи Марказӣ Санҷей Пандей ба забони ҳиндӣ чоп шудани китоби «Ӯзбекистон: Стратегияи рушди солҳои 2017-2021. Ислоҳоти босуръат» барои хабардории бештари ҷомеаи Ҳиндустон аз дигаргуниҳое, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, нақши муҳими амалӣ дорад.
– Дар партави ислоҳоти васеъмиқёс ва пешқадам нақш ва аҳамияти Ӯзбекистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ торафт меафзояд, – мегӯяд С. Пандей. – Барои Ҳиндустон Ӯзбекистон дар рушди мулоқоти минтақавӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ, фароҳам овардани гузаргоҳҳои нави нақлиётӣ ва вусъат додани робитаҳои фарҳангӣ шарики афзалиятнок ба шумор меравад. 
Коршиноси оид ба Осиёи Марказӣ, узви Бунёди тадқиқотии «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» Нирмала Ҷошӣ зикр намуд, ки роҳи ошкоро ва пурмуҳтавои сиёсати хориҷии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев омили муқтадири фароҳам овардани муҳити эътимоди тарафайн дар минтақа гардид. Дар Деҳлӣ ташаббус ва қадамҳои амалии роҳбари Ӯзбекистонро бобати таъмин сохтани эътидол ва рушди устувори Осиёи Марказӣ дастгирӣ менамоянд.
Коршиноси Бунёди тадқиқотии «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» Ашок Шарма бар он аст, ки ба ҳаёт татбиқ намудани вазифаҳои пурмуҳтавои дар Стратегия муайяншуда татбиқи комили он иқтидори азими сиёсӣ ва иқтисодиро, ки Ӯзбекистон дар минтақа дорад, таъмин менамояд. 
Сафири собиқи Ҳиндустон дар Ӯзбекистон, профессори Донишгоҳи Деҳлӣ Сканд Таял ба анъанаҳои ҷории муносибатҳои ӯзбекистониву ҳиндустонӣ дахл намуд. 
– Сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Ҳиндустон, ки моҳи октябри соли равон ба вуқӯъ  пайваст, бинобар миқёси муоҳидаҳои баимзорасида ҳодисаи таърихӣ ва бемисл гардид. Татбиқ шудани онҳо ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии байни кишварҳои мо хидмат хоҳад кард. Дар доираи Стратегияи амалиёт Деҳлӣ ва Тошканд метавонанд дар соҳаҳои сармоя, идораи давлатӣ, технологияҳои иттилоотӣ, ҳокимияти электронӣ, таълим ва ғайра фаъолона ҳамкорӣ кунанд,
Роҳбари департаменти ҳамкории байналхалқии Донишгоҳи Шарда Ашок Дарян пешомади  нақшаҳои худро иброз дошт:
– Алҳол дар Ӯзбекистон бинобар бозсозии ҷамъият ва озодкунии минбаъдаи иқтисодиёт ислоҳоти васеъмиқёс татбиқ мегарданд. Ҳамаи ин барои кишвари шумо, аз ҷумла бобати амиқсозии муносибатҳои муфиди тарафайн бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамчунин Ҳиндустон, имкониятҳои нав фароҳам меоваранд. 
Аз ҷониби худ мо низ тайёрем ба ҷараёни рушди устувори  Ӯзбекистон саҳмгузор бошем. Бо ин мақсад мо қарор додем бахши донишгоҳи худро дар Ӯзбекистон боз намоем.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: