МУАРРИФИИ ЛОИҲАҲО ДАР СОҲАИ СОХТМОН БАРГУЗОР ШУД

Президент Шавкат Мирзиёев 26 октябр бо муаррифии лоиҳаҳои як қатор иншооти сохтмон шинос гардид.

Президент Шавкат Мирзиёев 26 октябр бо муаррифии лоиҳаҳои як қатор иншооти сохтмон шинос гардид.
Солҳои охир миқёси бунёдкорӣ дар кишвари мо вусъат пайдо кард. Хонаҳои бисёрҳуҷра сохта мешаванд, ки яке аз муҳимтарин талаботи аҳолиро таъмин мекунанд. Аз ҷумла, соли равон сохтмони беш аз 12 ҳазор хона дар деҳот ва зиёда аз 18 ҳазор манзил дар шаҳрҳо идома доранд.
Баъди ҳодисаи фавқулодда дар обанбори Сардоба тӯли муҳлати кӯтоҳ дар ноҳияҳои Сардоба ва Мирзоободи вилояти Сирдарё 86 хонаи панҷошёна бунёд гардиданд. 
Роҳбари давлат ба шахсони масъул супориш дод, ки лоиҳаҳои хонаҳоро бо назардошти таҷрибаи ғуншуда аз нав кор карда бароянд ва дастрасии манзилро барои аҳолӣ таъмин кунанд.
Мувофиқи ин лоиҳаи хонаҳои панҷошёна таҷдиди назар гардид, ҷойгузинии ҳуҷраҳо ва майдони хонаҳо, ҳаҷми маводи истифодашавандаи сохтмон мушаххастар карда шуданд.
Дар ҳавлӣ ва даромадгоҳҳо чароғҳо бо нишондоди кори онҳо устувор карда мешаванд. Ба шарофати ин ва чораҳои дигар нарх барои манзил бинобар лоиҳаи мазкур ба ҳисоби миёна 30 фоиз коҳиш меёбад.
Президент лоиҳаро маъқул донист ва зарурияти сохтмони чунин хонаҳоро дар тамоми ноҳияҳои сераҳолии мамлакат таъкид намуд.
Яке аз лоиҳаҳо сохтмони маҷмӯи ҳозиразамони таълимию амалиро дар ҳудуди Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд пешбинӣ менамояд.
Тавре ки таҷрибаи ҷаҳонӣ собит менамояд, бисёр муассисаҳои машҳури илмӣ дар назди донишгоҳҳо ҷойгир шудаанд. Маҷмӯи банақшагирифташуда низ маркази фаъолияти тадқиқотӣ барои 36 ҳазор донишҷӯён ва беш аз 2 ҳазор омӯзгорону профессорони Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд, Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи политехникии Турин хоҳад шуд, ки дар қарибии он ҷойгузинанд. Дар ин ҷо метавон ҳамзамон 500 стартап-резидент ва 120 корхонаи истеҳсолиро ҷойгир кард.
Ҳамчунин муаррифии чораҳои маҷмӯӣ бинобар беҳтар намудани таъминоти сокинони шаҳри Тошканд бо амволи хӯроквории нархашон арзон баргузор шуд.
Дар ҷараёни сафар ба Қароқалпоқистон, ки 2 октябри соли равон ба вуқӯъ пайваст, аз ҷониби роҳбари давлат бобати ободонии Нуқус, вусъат додани шароити истироҳати аҳолӣ фармоишот дода шуда буданд. Бо ин мақсад лоиҳаи пешомадноки қисмати марказии Нуқус андешида шуд. Аз ҷумла пешбинӣ мегардад, ки кӯчаҳо васеъ ва кабудизор карда шаванд, кӯл ва боғҳо бунёд ёбанд, миқдори нуқтаҳои савдо ва марказҳои хидматрасонии маишӣ зиёд шаванд.
Президент бо ин лоиҳаҳо шинос шуд ва бинобар такмил додани онҳо як қатор супоришҳо дод.
ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: