Дар ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарё бо иштироки кормандони воситаҳои ахбори оммавии қаламрав, блогерони маъруфи воҳа, роҳбарони секторҳо ва намояндагони идороти дахлдор ҷамъомаде баргузор гардид, ки дар он намоиши лоиҳаҳои бо ҷойи кори доимӣ банд сохтани аҳолӣ муаррифӣ гашт.
Ноҳияи Ғузор бобати таъмини қишри бекори аҳолӣ бо шуғли доимӣ дар байни навоҳии дигари вилоят пешсаф буда, омӯхтан ва тарғиби таҷрибаи мутахассисони ноҳияи мазкур аз ҳадафҳои баргузории ин дидору мулоқот будааст.
Аҳли ҷамъомад ба ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои «Даштобод», «Батош» ва «Наврӯз» рафтаву бо тарзи истифода аз заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ шинос гардиданд. Аз ҷумла, дар асоси таҷрибаи «Сайҳунобод» ташкил намудани корҳои деҳқонӣ баррасӣ гашт, ки натиҷаи хуб додааст. Таъкид шуд, ки аҳолии маҳаллаҳои мазкур бо нишондоди ҳокимияти ноҳия ҳар ваҷаб замини тобеи худро ба нафъи оила истифода карда, даромади хуб ба даст меоранд. Аҳолӣ ва хоҷагиҳои фермерӣ дар ин қаламрав бо маҳсулоти хушсифати худ на танҳо бозорҳои дохилиро обод месозанд, балки ба хориҷи кишвар низ содир намудаву даромади иловагӣ мегиранд. Тарзи парвариши офтобпараст ва сердаромад будани ин соҳа низ таъкид шуд. Аз парвариши навъҳои мухталифи маҳсулоти полизӣ, минҷумла аз кишту парвариши помидор даромади хуб ба даст овардани деҳқонони ғузорӣ махсус таъкид гардид ва дар дигар навоҳии вилояти Қашқадарё татбиқ намудани таҷрибаи ёварони ҳокими ноҳия бобати таъмини аҳолӣ бо шуғли сердаромад ба инобат гирифта шуд.
Иштирокдорони ҷамъомад аз хонадони яке аз бошандагони маҳаллаи «Наврӯз» Шоҳмурод Ҳайдаров низ дидан намуданд, ки дар соҳаи паррандапарварӣ муваффақ аст. Вай чандин сол боз бо парвариши навъҳои гуногуни паррандагони хушхон машғул буда, аз фурӯши онҳо маишати зидагии аҳли оилаи худро таъмин месозад.
Шиносоӣ бо сохтмони як идда иншооти хидматрасонӣ дар қади шоҳроҳи М – 39 бахши ниҳоии ҷамъомад буд. Шоҳроҳи мазкур шаҳрҳои Тошканд ва Тирмизро ба ҳам васл месозад ва аз ҷойҳои серодами ноҳияи Ғузор ба шумор меравад. Ҳокими ноҳияи Ғузор Бекзод Суюнов гуфт, ки дар ҳудуди шоҳроҳи мазкур чандин нуқтаи хидматрасонӣ сохтаву ба истифода дода мешаванд шуд, ки оилаҳои зиёдро бо ҷойи кор таъмин хоҳанд кард.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.