МУАРРИФИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР FRUIT LOGISTICA–2019

Ба қарибӣ дар пойтахти Олмон намоишгоҳи байналхалқии Fruit Logistica–2019 кори худро анҷом дод, ки барои мулоқоти байни истеҳсолгарон, содиротгарон ва воридотгарони меваву сабзавот, ширкатҳое, ки бо коркард, борбандӣ ва кашондани маҳсулоти меваву сабзавот машғуланд, имконияти хуб ба шумор меравад.

Соли равон дар ин чорабинӣ беш аз 3 ҳазор экспонат аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон пешниҳод шуданд. Экспозитсияи миллии Ӯзбекистонро дар ин намоишгоҳи байналхалқӣ Вазорати сармоя ва савдои хориҷӣ, ширкатҳои савдои хориҷии ватанӣ, ҳамчунин намояндагони хоҷагиҳои фермерӣ пешбарӣ намуданд.
Дар намоишгоҳи Ӯзбекистон номгӯйи зиёди маҳсулоти тоза ва коркардшудаи меваву сабзавот, хуришҳои гуногун, меваҳои хушк ва маҳсулоти дигари хоҷагии қишлоқ намоиш дода шуданд.
Дар доираи намоишгоҳ намояндагони ҳайати Ӯзбекистон бо ширкатҳо-воридотгарони Олмон, Ҳулланд, Британияи Кабир, Италия, Косово, Сербия, Русия, Туркия ва кишварҳои дигар мулоқот карданд, ки бино бар натиҷаи онҳо дар бораи ба ин кишварҳо расонда додани харбуза, кабудӣ ва номгӯйи зиёди меваҳои хушки Ӯзбекистон муоҳидаҳо ба имзо расиданд. Ҳамчунин барои расонда додани маҳсулот ба арзиши беш аз 3,5 миллион евро шартномаҳо имзо гардиданд.
Дар гузоришаш ба ОИ «Дунё» бренд-менеҷери бозори Fruit Logistica хонум Мадлен Мизериус хотиррасон сохт, ки намоишгоҳ, инак 27-умин бор гузаронида мешавад ва дар он зиёда аз 90 кишвари ҷаҳон бо экспонатҳои худ иштирок мекунанд.
– Мо аз он хурсандем, ки ҷуғрофияи иштирокдорони намоишгоҳи Fruit Logistica васеътар мегардад. Бино бар ин ҳам Ӯзбекистонро, ки барои вусъат додани имкониятҳои содиротии худ иқтидор ва хоҳиши зиёд дорад, хайра мақдам мегӯем, – гуфт вай.
Штефан Силгит, роҳбар-директори ширкати KRONEN Nahrungsmit-technik GmbH (ҶФО) доир ба ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон рағбат зоҳир намуд.
– Ширкати мо мошинҳои махсус ва хатҳои маҷмӯии технологиро барои тайёр кардан, буридан, шустан, хушку тоза кардан, борбандӣ ва поксозии маҳсулоти озуқавории саноатӣ кор карда мебарояд ва истеҳсол мекунад. Мо ба Fruit Logistica–2019 технологияҳои инноватсионӣ, таҷҳизоти нав ва мошинҳоямонро барои коркарди маҳсулоти меваву сабзавот пешниҳод намудем.
Мо аз ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфиди тарафайн бо истеҳсолгарони Ӯзбекистон манфиатдор мебошем, – таъкид кард вай.
Арджо ван дер Слуис, намояндаи тиҷоратии ширкати TGS Business & Deve-lopment Initiatives (Ҳулланд) дар бораи вусъат додани нақшаҳои тиҷоратиаш бо Ӯзбекистон изҳори ақида кард.
– Мо тӯли солҳои зиёд бо шарикони ӯзбекистонии худ ҳамкории қарин дорем. Тӯли ин вақт ин мамлакатро ҳамаҷониба омӯхтем ва маҳсулотеро, ки барои мо бо мақсади пешбурди бозори Аврупо рағбатнок мебошанд, санҷидем. Маҳсулоти Ӯзбекистон бо табиӣ будани худ тафриқа дорад ва ин ҷиҳат дар Аврупо баланд арзёбӣ мешаванд. Боз он чиз муҳим аст, ки дар ҷумҳурӣ ба истеҳсоли маҳсулоти баландсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки ба меъёрҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ бошанд, эътибори махсус дода мешавад. Ин аст, ки маҳсулоти Ӯзбекистон барои ширкатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла барои мо торафт ҷолибтар мегарданд.
Имрӯз мо барои кашондани анор аз Ӯзбекистон муоҳида бастем, умедворем, ки он дар бозорҳои Аврупо харидор пайдо мекунад, вале танҳо бо анор маҳдуд намешавем, тайёрем робитаҳои тиҷоратии худро бо Ӯзбекистон вусъат диҳем.

ОИ «Дунё»,
шаҳри БЕРЛИН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: