МУАРРИФИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ БУЗУРГТАРИНИ ЛУХТАК

1-5 феврали соли 2023 бо дастгирии Оҷонсии пешбурди содироти назди Вазорати сармояҳо, саноат ва савдо, ҳамчунин сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Берлин ҳайати ӯзбекистонӣ дар таркиби намояндагони Шӯрои корчаллониву саноатӣ, ҳамчунин ширкатҳои истеҳсолии ватанӣ ба яке аз марказҳои молиявии Олмон – шаҳри Нюрнберг барои иштирок дар кори Намоишгоҳ – бозори байналхалқии 73-юми бозичаҳо «Spielwarenmesse-2023» омад.

Дар намоишгоҳ бори аввал имкониятҳои саноати Ӯзбекистон бинобар истеҳсоли лухтакҳо дар майдони ягонаи миллии масоҳаташ зиёда аз 85 метри мукааб пешниҳод мегардад, ки дар он молҳои ширкатҳои зерин, аз ҷумла «Toybola», «Realtoys», «Vi-sageelectric», «Goldqua-lityinvest», ва «Toyscity» бо номгӯйи зиёд иштирок кард. 
Дар барномаи буду боши ҳайати ӯзбекистонӣ дар Олмон баробари во-хӯрӣ бо шарикони корчаллон, ширкатҳо – воридотгарони номии як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин гуфтушунидҳо бо намояндагони ширкатҳои истеҳсолии Олмон ба мақсади муҳокимаи масъалаҳои вусъат додани ҳамкориҳои соҳибкорӣ ва татбиқ сохтани лоиҳаҳои сармоявӣ дар соҳаи истеҳсоли бозичаҳо ба нақша гирфта шудаанд.
Бозори байналхалқии «Spielwarenmesse», ки аз соли 1949-ум ҳар сол гузаронида мешавад, намоишгоҳи дар ҷаҳон бузургтарини бозичаҳо, хоббӣ ва истироҳат ба шумор меравад. Намоишгоҳе, ки куллан барои савдои махсус кушода шудааст, соҳати хеле хуб барои гузаронидани вохӯриҳои Б2Б, мубодилаи афкору таҷриба, ҳамчунин супориш барои трейдерҳову харидорони тамоми олам ба шумор меравад. Намоиши маҳсулоти нав ва маълумоти ҳамаҷонибаи соҳа, ки он фароҳам меоварад, манбаи бемисли иттилоот барои дарёфти бозори ҳарсола маҳсуб меёбад.
Дар намоишгоҳ номгӯйи зерини маҳсулот намоиш дода шуданд: бозичаҳои чӯбӣ, таълимӣ, механикӣ ва нарм, зочаҳо, лухтакҳо барои кӯдакони навзод ва кӯчак, бозичаҳои туҳфагӣ, бозиҳо дар ҳавои кушод, моделсозӣ, мултимедиа, молҳои тренд ва ҳаказо. 
Соли равон масоҳати умумии намоишгоҳ 125 ҳазор метри мукаабро ташкил дод, дар он 2843 номгӯйи осор аз 70 кишвар, ки беш аз 1 миллион маснуот, аз ҷумла 120 маҳсулоти навро пешниҳод менамоянд, иштирок карданд.

АИ «Дунё», 
шаҳри БЕРЛИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: