МУАРРИФИСОЗИИ КИТОБҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН

Туркманистон яке аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказист.

Дар ин минтақа халқҳои ӯзбеку туркман, қазоқу тоҷик ва қирғизу қароқалпоқ аз замонҳои хеле қадим дур аз гароишҳои миллӣ, дӯстона умр ба сар бурдаанд. Инро метавон дар мисоли зиндагии одамони оддӣ, ки ба ҷуз фароғу осоиш чизи дигар нахоҳанд, мушоҳида кард. Агар олиме пайдо шаваду оиди муштаракоти ин халқҳо ба пажӯҳиш пардозад, ба оламиён барои баҳрабардорӣ хеле чизҳоро пешниҳод менамояд.
Халқои ӯзбеку туркман, ба ҷуз муштаракоти иқлимию забонӣ, муштаракоти фарҳангӣ низ доранд. Осори гаронбаҳои шоири бузурги халқи туркман – Махтумқулӣ дар мактабҳои таълими ҳамагонии Ӯзбекистон таълим дода мешаванд, мероси Навоии бузург ба халқи туркман ғизои маънавӣ мебахшад.
Президенти Ҷумҳурии Туркманистон, устоди варзиш, олим ва шоири ба назар намоён Гурбангули Бердимуҳамедов яке сиёсатмадорони шинохтаи арсаи ҷаҳонист. Китобҳои таълифнамудаи ӯ: «Давраи некбахтии Аркадаг», «Туркманистон: солҳои пирузӣ ва дастовардҳои бузург», «Туркманистон – Ватани рушду шукуфоӣ», «Туркманистон дар роҳи ноил гардидан ба рушди устувори мақсадҳо» на танҳо дар Туркманистон, балки берун аз он низ, аз ҷумла дар Ӯзбекистон, мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор гирифтаанд.   
Чанде қабл дар Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд доир ба мавзӯи «Мушкили рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат ва некӯаҳволии халқ дар осори Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов» конфронси илмию амалӣ баргузор шуд.
Дар чорабиние, ки Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд ва Донишкадаи давлатии молияи Тошканд созмон додаанд, аъзои Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон, олимони саршиноси иқтисоддон, мутахассисони соҳаи молияю иқтисодиёт ва намояндагони сафоратхонаи Туркманистон дар кишвари мо ширкат ҷустанд.
Дар чорабинӣ нотиқон таъкид намуданд, ки вохӯрию гуфтушуниди мунтазами роҳбарони Ӯзбекистону Туркманистон ба таҳкими дӯстию шарикии стратегӣ ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои гуногун хидмат менамоянд. Конфронси илмию амалии имрӯза низ ин гуфтаро собит менамояд.
Дар осори Гурбангули Бердумуҳамедов низ дар баробари дигар масъалаҳо мушкили рушди иқтисодиёти минтақа ва роҳҳои ҳаллу фасли он мавриди таҳлил қарор дода шудааст.
Дар конфронс аввал китоби Президенти Туркманистон – «Давраи некбахтии Аркадаг», ки соли 2017 рӯйи чопро дидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
– Қабл аз ҳама бояд гуфт, ки китоб аз ҳисси садоқат ба халқу Ватан саршор аст, – гуфт академики Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қаландар Абдураҳмонов. – Фасли якуми он: «Диле, ки бо  ёди халқу Ватан метапад» далели ин гуфта аст. Ҳар як фасли он, ки аз 14 боб иборат аст, ба таҳлили рушди иҷтимоию иқтисодии имрӯз бахшида шудааст. Дар фасли «Стратегияи иқтисодии пешвои миллат – дар амал»  ғояи модели нави иқтисодӣ ба миён гузошта шудааст. Дар боби «Давлат – барои инсон» бо мисолҳои равшан муаллиф доир ба татбиқи барномаи ҳаёти хушбахтона мулоҳиза меронад...
Доир ба китоби дигари Президенти Туркманистон: «Туркманистон – солҳои пирӯзӣ ва дастовардҳои бузург» профессори кафедраи назарияи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд, доктори илмҳои иқтисодӣ Убайдулло Ғафуров, аз ҷумла, чунин изҳори ақида кард:
– Дар ин китоб тибқи таҳлилҳои ҳамаҷониба ба моҳияту аҳамияти дастовардҳои даврони навин рӯшанӣ андохта мешавад. Ҳамчунин, дар он масъалаҳои мубрами давлатдории миллӣ, рӯзгори иҷтимоию сиёсӣ ва маънавию фарҳангии мамлакат, масоили сиёсати берунӣ ва муносибатҳои байналхалқии кишвар мавриди муҳокима қарор дода шудаанд...
Дар асари Президент Гурбангули Бердимуҳамедов: «Туркманистон – Ватани рушду шукуфоӣ» таърих, фарҳанг, урфу одат ва арзишҳои миллии халқи туркман амиқ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.  
– Дар китоб, аз ҷумла, ба он рӯйи эътибор гардонда шудааст, ки бояд роҳҳои ба  дастовардҳои нав расиданро ҷустуҷӯ кард. Муаллиф бар он аст, ки расидан ба дастовардҳои нав ва беҳбуди зиндагии халқ татбиқи сиёсати пурсамари давлатиро тақозо дорад, – гуфт дар баромади хеш профессори кафедраи молия ва андози  Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд, доктори илмҳои иқтисодӣ Актам Бурҳонов. – Бино ба фикри муаллиф, бобати дар рӯҳи меҳанпарастию инсонпарварӣ тарбия намудани насли ҷавон, афкору андешаҳои мутафаккирони халқи туркман: Ӯғӯзхони Туркман, Гӯрӯғлибек, Тӯғрулбек, Алп Арслон, Султон Санҷар ва Махтумқулии Фироқӣ беандоза бузург аст. Иқтибос аз осори онҳо гуфтаҳои ӯро дар асари мазкур тақвият бахшидаанд.
Дар поёни чорабинӣ олимон ва мутахассисони соҳа перомуни китобҳои мавриди назар фикру мулоҳизаҳои худро бо ҳозирин ба ҳам диданд. Таъкид гардид, ки дар айни доман густурдани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди ду ҷумҳурии бародар, баргузор намудани чунин чорабиниҳо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо мусоидат менамояд.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: