МУАРРИХОНИ ЮНОНУ РУМ ОИД БА ЭРОНИЁНИ БОСТОН

Эрону эрониён таърихи дурахшону бостонӣ доранд.

Эрону эрониён таърихи дурахшону бостонӣ доранд. Онҳо мардуми номдору обрӯманд, дорои ахлоқи сутуда буданд. Давлати ҳахоманишиён яке аз давлатҳои пурзӯри дунёи қадим буд. Ахлоқи поку мардонагиву озодагии эрониён, адолату наҷобати онон халқҳои дигари дунёи қадим, аз ҷумла, юнониёну румиёнро мутааҷҷибу мутаҳаййир кардаанд. Бешубҳа, юнониён аз илму фарҳанг, осори адабиву динии бостонии Эрон баҳраманд гардидаанд. Достони Эронро забт кардан ва аз ду нусхаи мавҷудаи «Авесто» якеро сӯзонидану дигареро ба забони юнонӣ тарҷума фармудани Искандари Мақдунӣ аз ҳақиқат дур нест. Юнониён ҳикмату фалсафа, дину адаби эрониро аз китоби муқаддаси «Авесто», инчунин аз маълумоти таърихнигорону нависандагони худ омӯхтаанд.
Муаррихони Юнону Рум оид ба эрониён, таърихи хонадони Ҳахоманишиён ва баъзе намояндагони он, аз ҷумла Доро ва Куруш маълумоти фаровон додаанд.
Гуфтори таърихнигорону нависандагони Юнону Румро дар зер аз китоби муҳаққиқи эронинажоду зардуштимазҳаби Ҳиндустон Диншоҳи Эронӣ – «Ахлоқи Эрони бостон» (чопи дувум, Теҳрон, 1934) таҳия гардид.

АДАБУ ОДОБ – ТАРБИЯТИ УМУМӢ

Эрониён барои ҳифзи эҳтироми якдигар ҳаргиз дар ҳузури ҳам оби даҳон бар замин намеандозанд.
***
Эрониён бо камоли диққату эҳтиёт аз суханони беҳуда ва ҳарза ҳазар менамоянд ва аз кирдори нописандида ҳаргиз сухан бар забон намеоранд.
***
Вазъи хӯроки эрониёни қадим: онҳо хӯрокро ба мавқеи махсус ва мураттабу кам-кам мехӯранд, сабзаҷоти мухталифро тадриҷан ба суфра меоваранд. 
***
Хандаву шӯхӣ дар маҷлиси эрониён бисёр нописандида аст.
(ҲЕРОДОТ).
***
Эрониёне, ки дар ҳудуди Форс зиндагӣ мекунанд, либоси бисёр содда мепӯшанд ва дар устувориву пойдорӣ дар муқобили гуруснагиву ташнагӣ ва балоёву масойиб машҳур гаштаанд.                                                                                                       
(КСЕНОФОН).
 ***
Эрониён ҳангоми ғизо хӯрдан ҳаргиз суҳбат намекунанд ва даст ба хӯроки якдигар назада ва ба атроф наменигаранд ва бо ин қисми ғизои худро сарф менамоянд.
***
Эшон (эрониён) исроф дар хӯрок раво намедоранд ва ба ғайр аз хӯроки ашроф ва дарбориён, ки дар вақти муайян сарф мешавад, соирин ҳар вақт майл доранд хӯрок мехӯранд ва ҳаргиз беш аз андоза сарф намекунанд.
***
Эрониён ҳамон тавр ки аз марази тоун ҳазар мекунанд, аз истеъмоли мускирот (нашъабахш) низ мутанаффир ҳастанд.
(АММИАН).

Таҳияи Б. ФАРИШТА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: