Эрону эрониён чун дигар халқҳо зан-модарро азиз ва эҳтиром медоранд.
Дар ҳар кору амал дуои модарро мегиранд ва хидмат ба модарро вазифаи худ мешуморанд.
Дар зер аз китоби «Ахлоқи Эрони бостон»-и Диншоҳи Эронӣ, ки дар он аз гуфтори таърихнигорони Юнону Рум доир ба модару хоҳарон чанд сатр оварда шудааст, хонандаро баҳраманд мегардонем.
Ҷавонон барои арӯсӣ аз волидайн касби иҷоза менамоянд.
(Ксенофон).
***
Фарзандон дар ҳузури модар бидуни иҷоза наменишастанд.
(Куртсий).
***
Куруш ҳар эҳтироме, ки доир ба модар буд, ба духтари Астиёҷ (шоҳи давлати Мод) раво дошт ва дар ҳангоми марг ба фарзандони худ васият кард: дар ҳар кор фармонбардори модари худ бошед.
(Ктесий).
***
Эҳтироми модар дар дарбори салтанатӣ: шоҳ дар маҷлисҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳангоми хӯрок поинтар аз модари худ менишаст.
***
Дар Эрон таносуби аъзо аз муҳасаноти ҷавонписарону духтарон маҳсуб мешавад ва саъй доранд ба василаи варзиш ва ғайра бар зебоии худ биафзоянд.
(Плутарх).
Таҳияи Б. ФАРИШТА.