МУАССИСАИ НАВ БАРОИ КӮДАКОН

Дар маҳаллаи Бинокори ноҳияи Хавоси вилояти Сирдарё муассисаи ғайридавлатии таълими томактабии “Хавос дилбандлари”, ки дорои 150 ҷой мебошад, фаъолияти худро шурӯъ кард.

Дар чорабинӣ намояндагони мактабҳои таълими умумӣ, роҳбарони муассисаҳои томактабӣ, фаъолони Иттифоқи ҷавонон ва аҳли ҷамоаи маҳалла ширкат варзиданд. 
Дар маскани тарбия хонаҳои махсуси таълимӣ, таҷҳизоти зарурӣ, китобҳои дарсии забони хориҷӣ ва воситаҳои техникии замонавӣ барои омӯхтани забони русӣ ва англисӣ, толори мусиқӣ, амфитеатри тобистона, майдончаи мини-футбол ба наврасон хидмат мекунанд. Алҳол дар кӯдакистон ба 128 нафар  хурдсол 24 нафар педагог ва тарбиятгар таълиму тарбия медиҳанд.
Мураббиёни бомалака бо бачагон машғулотҳои нахустини усулҳои интерфаъол, ки барои гурӯҳи хурдсол дар доираи Барномаи давлатии таълими “Қадами аввал” гузаронида мешавад, ба ташаккул додани тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани салоҳияти зеҳнии онҳо нигаронида шудааст. Дар он кӯдакон бо кӯмаки мураббиён расм кашиданд, ҳар гуна нақшҳо офариданд, дар бораи хусусиятҳои фоидабахши меваву сабзавот маълумот гирифтанд. Ҳамчунин нутқи кӯдакон, дониши ибтидоии математикӣ, қобилияти эҷодии онҳо аз санҷиш гузаронида шуданд.
Ба муассисаҳои таълими томактабӣ ва мактабҳои таълими умумии вилояти Сирдарё тӯҳфаи Президент – маҷмӯи китобҳо супурда шуд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти СИРДАРЁ.
Суратгир: муаллиф

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: