МУАССИСАИ НАВИ ТАЪЛИМИ ТОМАКТАБӢ

Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Орияти ноҳияи Янгиҳаёт муассисаи нави таълими томактабии давлатӣ ба истифода супурда шуд.

Ин бинои дуошёнаи  замонавӣ бо воситаҳои таълиму тарбияи замонавӣ муҷаҳҳаз буда, метавонад зиёда аз 500 нафар наврасро дар бар гирад. Он аз ҷониби бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Қурулиш инвест” бунёд гардид. Барои сохтмони бино 6 миллиарду 300 миллион сӯм маблағ харҷ шуд. 
Дар ин маскани тарбия шабакаи санитарию гигиенӣ, бунгоҳи тиббӣ, толори мусиқӣ, шоҳмот, шашка, хонаҳои забонҳои хориҷӣ, ошхона, айвончаи тобистона, майдончаи бозӣ дар хидмати наврасон  аст. Мураббиҳои бомалака аз усулҳои интерфаъол истифода намуда, машғулотро барои гурӯҳҳои хурдсол дар доираи Барномаи давлатии таълимии «Қадами аввал» мегузаронанд. Мувофиқи он кӯдакон бо кумаки мураббиён расм кашидан, ҳар гуна нақшҳо офариданро меомӯзанд ва дар бораи хосиятҳои фоидабахши меваву сабзавот маълумот мегиранд. Ҳамчунин нутқ ва саводи кӯдакон, донишҳои ибтидоии математикӣ, қобилияти эҷодии онҳо аз санҷиш гузаронида мешаванд. 
Дар маросими тантанавӣ ҳокими ноҳия Ҳаёт Иноғомов иштирок намуд ва ҳозиронро ба ин муносибат муборакбод намуд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: