Дар шаҳри Янгиери вилояти Сирдарё шифохонаи «Янгиер» ба кор сар кард.
Дар чорабиние, ки ба ин муносибат баргузор шуд, роҳбарони вазорату идораҳо, шахсони масъули ҳокимиятҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ, як қатор идораву ташкилот, собиқадорони меҳнат, фаъолони истеҳсолот, намояндагони ҷомеаи васеъ иштирок карданд.
Дар ҷамъомад аз хусуси ислоҳсозии соҳаи нигаҳдории тандурустии мамлакат, натиҷаҳои хуби кори мунтазам бинобар ҳифзи саломатии аҳолӣ сухан рафт. Қайд гардид, ки бунёди шифохона дар қалби Мирзочӯл ба барқарорсозии саломатии шаҳрвандон, ба хусус куҳансолон, собиқадорони меҳнат ва пешқадамони истеҳсолот хидмат мекунад.
Иштирокдорони чорабинӣ бо шароите, ки дар шифохона баҳри истироҳаткунандагон фароҳам оварда шудаанд, шинос гардиданд.
Шифохонаи «Янгиер», ки бо ташаббуси роҳбари давлат аз ҳисоби 85 миллиард сӯм маблағи Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон бунёд шуд, дорои 230 ҷой буда, 32,3 гектар заминро дарбар мегирад. Ин бинои панҷошёна, ки куллан ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад, дар пояи технологияҳои инноватсионӣ аз ҷониби бинокорони корхонаи «Касаба қурилиш таъмир» сохта шуд. Баробари ин бинои куҳнаи сеошёна, ки бекор мехобид ва 4 коттеҷ низ таҷдид гардиданд.
Дар ҳудуди шифохона корҳои ободониву кабудизоркунӣ амалӣ шуданд. 3 ҳазор адад ниҳоли дарахтони мевадеҳ ва манзаравӣ, буттаҳои гул нишонда шуданд.
– Дар ҳудуд пайроҳаҳо ба дарозии 2500 метр обод гардиданд, – мегӯяд муовини роҳбари корхонаи «Касаба қурилиш таъмир» Ҳамид Турсунов. – Бино нисбатан баланд аст, бинобар ҳамин ҳам дар он 2 лифти замонавӣ гузошта шуд.
Шифохона бо таҷҳизоти замонавитарини тиббӣ муҷаҳҳаз гардид. Ба мизоҷон тақрибан 30 хонаи санҷишӣ, 5 утоқи маъмурӣ ва зиёда аз 70 кабинети табобатӣ, қасри маданият ва ошхона, ки ҳар кадом барои 200 нафар пешбинӣ шудаанд, китобхонаи дорои 2500 адад адабиёт, толори китобхонӣ барои 10 нафар хидмат мерасонанд.
– Дар муассисаи мо бинобар бемориҳои дилу рӯда, асаб, гинекологӣ, бенаслӣ ва ғайра хидмат расонида мешавад, – мегӯяд директори шифохонаи «Янгиер» Абдураҳим Муҳаммадиев. – Мизоҷон бо кӯмаки гили табобатӣ, ки аз кӯлҳои Айдар ва Арнасой оварда мешаванд, парафин, реги табобатӣ, ки аз Сурхондарё танҳо дар моҳҳои тобистон расонда мешавад, обҳои минералӣ, масҳи обӣ, ҳамчунин «ғори шӯр» табобат карда мешаванд.
Дар амиқии 1620 метри ҳудуди шифохона оби минералии шифобахш, ки йод ва бром дорад, дарёфт шуд. Алҳол ҷустуҷуйҳо идома доранд.
Хулоса, метавон гуфт, ки дар қалби Мирзочӯл гӯшаи биҳиштие бо номи «Янгиер» бунёд ёфт.
Дар вилояти Сирдарё кор дар ин самт давом дорад. Чунончи, дар Гулистон бинои театри мусиқиву драмавии вилоят таҷдид гардид ва ба истифода супурда шуд.
– Дар тамоми ҷаҳон сатҳи рушди маънавии халқ ва мамлакат асосан дар маданият, адабиёт, санъат, аз ҷумла театр инъикос меёбад, – мегӯяд ҳокими вилоят Ғ. Мирзоев. – Президенти мамлакати мо таъкид кард, ки мо таърих ва ниёгони бузурги сазовори эътироф ва сарвати бемисли табиӣ дорем. Ин маънои онро дорад, ки ояндаамон, адабиёт ва санъати минбаъдаамон низ бузург хоҳанд шуд. Ман бовар дорам, ки бинои мазкур ба ташаккулёбии ин ояндаи бузург хидмат мекунад ва театр ҷойи дӯстдоштаи аҳолии вилоят мегардад.
Дар чорабиниҳо мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Абдувоҳидов, ҳокими вилояти Сирдарё Ғ. Мирзоев, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон К. Рафиқов баромад карданд.
А. ҚАЮМОВ,
хабарнигори ӮзА.