МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ТАЙЁРАНД

Тавре ки хидмати ахбори садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Бухоро маълум кардааст, ҳоло 548 мактаби таълими умумӣ, 488 муассисаи таълими томактабии давлатӣ фаъолият дорад.

Пӯшида нест, ки самаранокӣ ва сифати таълиму тарбия пеш аз ҳама ба шароити фароҳамовардашуда вобаста аст. Аз ин рӯ, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар гардондани инфрасохтори онҳо эътибори пайгиронаро талаб мекунад.

Имсол дар асоси барномаи сармоягузорӣ дар вилоят дар 38 мактаби таълими умумӣ, 1 мактаб-интернати ихтисосонидашуда ва 10 ташкилоти таълими томактабӣ ҷараёни корҳои бинокорию таъмир ба амал омад. Баробари ин 2 муассисаи таълимии нав сохта шуда, дар 42-тоаш ҷараёни таҷдидёбӣ ва дар 5-тоаш таъмири асосӣ сурат гирифт. Дар натиҷа соли хониши ҷорӣ барои 13794 нафар талаба биноҳои нави таълимӣ, барои 1170 нафар тарбиягиранда биноҳои муассисаи таълими томактабӣ, инчунин 8 толори варзишӣ, хобгоҳ барои 222 нафар ба истифода супорида шудааст. Ба масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳию зимистонии муассисаҳои таълимӣ низ эътибори ҷудогона зоҳир гаштааст. Ба ин мақсад дар ҳамаи таълимгоҳҳо ҷараёнҳои таъмири деворҳои берун, ҷиҳозонидани синфҳо, толори варзиши ва ошхонаҳоро омода кардан, иваз намудани шишаҳои тиреза ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ мувофиқ сохтани ҳоҷатхонаҳо, таъмири бомҳо, ба мавсим тайёр кардани низоми гармкунӣ ва ғайра марҳила ба марҳила иҷро гардиданд.

Бо мақсади ба амал татбиқ намудани ин ҷараёнҳо мувофиқи ҳаҷми корҳо ва талаб ба масолеҳи бинокорӣ дар асоси талаби шуъбаҳои таълими томактабию мактабии шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 4,4 миллиард сӯм маблағ ҷудо гардид. Дар айни замон 32  мактаб ба низоми марказонидашудаи гармидиҳӣ, 6-тоаш ба хати барқ, 136-тоаш ба гази табиӣ, 359-тоаш бо ангишт, аз муассисаҳои таълими томактабӣ 36-тоаш ба низоми гармкунии марказӣ, 5-тоаш ба энергияи электр, 168-тоаш ба гази табиӣ, 279-тоаш ба воситаи ангишт тафсонида мешавад.

Бо мақсади табъи дил гузаронидани мавсим ба муассисаҳои таълими томактабии дахлдор 13769 тонна ангишт дастрас гардид. 231 деги гармкунии ношоями муассисаҳои таълимӣ бо наваш иваз карда шуданд ва бо ин мақсад 4,5 миллиард сӯм маблағи буҷаи маҳаллӣ харҷ гардид.

Ҳамин тариқ, ба 9 мактаби таълими умумӣ, ки дар «Буҷаи ташаббуснок» дар мавсими аввали соли ҷорӣ ғолиб баромадаанд, барои мавсими тирамоҳу зимистон ҷамъ 11,8 миллиард сӯм маблағ ҷудо гардида, ҷараёни таъмир сурат гирифтааст. Бо мақсади беталаф гузаронидани мавсим ва афзун гардондани самаранокии энергия то ҳол 248 сархонаи газ бо сарфакунандааш иваз карда шуда бошад, соли равон дар дегҳои боқимондаи гармкунӣ 696-то ба тарзи илова сархонаҳои сарфакунӣ гузошта шудааст. 1025 генератори мактабу боғчаҳои вилоят пурра ба кор омода гардиданд.

Бо мақсади сарфаи барқ ва бо энергияи муқобили барқ таъмин кардани боғчаҳо ба 632 муассиса панелҳои офтобӣ гузошта шудааст. Ҳамин тариқ, дар 835 муассисаи таълимӣ геоколлекторҳои обгармкунии офтобӣ (дорои 103950 литр ҳаҷм) шинонда шудааст.

Ба тамоми дарҳои муассисаҳои таълимӣ гузоштани пружинаҳои оҳанин, иҳота кардани тирезаҳо бо пардаҳои полиэтиленӣ ба назорат гирифта шудааст. Дар назди садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят гурӯҳи корӣ созмон ёфта, он бо вазъи корҳо вобаста ба тайёрӣ ба мавсими зимистонгузаронии муассисаҳои таълимӣ шинос шуда, баҳри бартарафкунии камбудиҳо кумак мерасонад. Дар назди шуъбаҳои шаҳрию ноҳиявии таълими томактабӣ ва мактабӣ штабҳои махсус ба кор оғоз кардаанд.

Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик»

дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: