МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ МЕАФЗОЯНД

Соли 2017 дар ноҳияи Ҷондор ҷамъ 22-то муассисаи таълими томактабии давлатӣ мавҷуд буд ва он фақат 18 фоизи бачагони синни томактабиро фаро гирифта метавонист.

Як сол муқаддам шумораи муассисаҳои мазкур дар ноҳия ба 32, муассисаи томактабии оилавӣ ба 120, давлатию хусусӣ бошад, ба 11-то расид. Ҳоло дар ноҳия қариб 75 фоизи бачагони синни томактабӣ ба боғчаҳо ҷалб шудаанд. Бо мақсади аз таълими томактабӣ баҳраманд шудани ҳудудҳои ҷудогона чораю тадбирҳо меандешанд. 
Ба қарибӣ бо ташаббуси соҳибкор Нафиса Тӯлаева дар маҳаллаи «Чорзона»-и ноҳия муассисаи таълими томактабии  оилавии «Фирӯзабону» созмон ёфт. Дар маросими  ба истифода супоридани он масъулони соҳа, собиқадорони меҳнат, падару модарон ва фаъолони маҳалла иштирок карданд. Басуханбаромадагон бо ин комёбӣ муборакбод намуданд. Лентаи рамзӣ бурида шуд ва ҷамъомадагон бо имкониятҳои фароҳамовардашуда аз наздик шинос шуданд. Дар навбати худ хурдтаракон бо шеъру сурудхонӣ меҳмононро хушнуд намуданд.
Ҳамин тариқ, миқдори умумии боғчаҳои ноҳия ба 170 расид.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: