МУАЗЗИНЕ ДАР БАЛАНДИ МАНОРИ СУХАН

ЭҲДО БА АСАД ГУЛЗОДАИ БУХОРОӢ

Абдулло СУБҲОН

 

Дар Бухорои Шариф –
Қуббатулисломи дин,
Бистару гаҳвораи сабзи забони форсӣ
Лонаи мурғи каломи шаҳдбори Рӯдакӣ,
Зодгоҳи Наршахию Ибни Сино,
Абдураҳмон Мушфиқӣ,
Аҳмади Дониш,
Айнии дар арсаи илму адаб зӯру тавоно...
Як манорест,
Як манори қад кашида то ба гардуни сухан,
Як муаззин дар баланди ин манор,
(Зиндагӣ дорад ту гӯӣ дар ҷаҳони форсӣ),
Ҳар саҳар гӯяд азони форсӣ:
«Аллоҳи акбар...
Хоб бас, ҳой мардум, хоб бас!
Бар шавед аз ҷо, шитобед!
Чун ниёгони банангу ори хеш,
ки намози худ гузориданд аҳде форсӣ,
Бо ниятҳои булӯрин саф кашед,
бар намози тоҷикӣ...
Ҳой мардум, хоб бас!».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: