Президент Шавкат Мирзиёев бо кормандони тиб ва омӯзгороне, ки дар Тошканд кор мекунанд, суҳбат кард.
Президент Шавкат Мирзиёев бо кормандони тиб ва омӯзгороне, ки дар Тошканд кор мекунанд, суҳбат кард.
-- Чӣ гуна метавон дар Тошканд ба ёрии тиббӣ ва таълими мактаби хушсифат муваффақ гардид? Ин савол маро ба ташвиш меорад. Ҳадафи ин мулоқот муайян кардани он аст, ки вазъ дар сатҳи ибтидоӣ чӣ гуна аст, онро чӣ тавр дуруст ба роҳ монд, -- гуфт сарвари давлат.
Соли 2020 барои тамоми соҳаҳо озмоиши бузург гардид. Ҳам духтурон ва ҳам муаллимонро лозим омад дар шароити нав кор кунанд.
-- Мо дар муқобили озмоишҳои душвор гирди ҳам омадем. Онҳо моро водор карданд, ки роҳи наҷот ёбем. Аз ин рӯ, мо натиҷаҳо ба даст овардем, -- гуфт Президент.
Ҳамзамон, пандемия инчунин соҳаҳоеро нишон дод, ки дар онҳо камбудиҳо, самтҳои ислоҳот ва рушд мавҷуданд. Маҳз ҷамъомадҳои видеоселекторӣ бахшида ба масъалаҳои маориф ва тандурустӣ, ки 30 октябр ва 6 ноябр баргузор шуданд, ба ин мақсадҳо равона карда шуданд. Пас аз муҳокима ва омӯзиши пешниҳодҳои дар ин ҷамъомадҳо изҳоргардида, фармонҳо ва қарорҳои Президент оид ба рушди маориф ва илм, ҷорӣ намудани механизмҳои принсипан нав дар фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалия ва васеъ ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим қабул карда шуданд.
Дар ҷамъомади имрӯза оид ба аҳамияти ислоҳот дар соҳаи маориф ва тиб, чораҳои татбиқи онҳо дар сатҳи асосӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки шаҳрвандон аз системаи тандурустӣ норозӣ ҳастанд.
-- Бо 20 нафаре, ки аз беморхона мебароянд, сӯҳбат кунед, онҳо ҳама чизро ба шумо нақл мекунанд. Бисёриҳо аз сифати хизматрасонии тиббӣ норозӣ ҳастанд, -- гуфт Президент.
Сарвари давлат оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам оид ба барвақт муайян намудан ва табобати бемориҳо, беҳтар намудани шароити муассисаҳои тиббӣ мубодилаи афкор кард.
Қайд карда шуд, ки кори системаи тандурустӣ ва маориф ҳамчун ҷузъҳои ягонаи омили муҳими солимии аҳолӣ, рушди баркамоли насли нав мебошад.
-- Тиб ва маориф пули адолати байни давлат ва халқ аст, -- гуфт Шавкат Мирзиёев. -- Агар ҳамаи мо бо садоқати баланд, ҳалол кор кунем, ин низомро ислоҳ кунем, он гоҳ адолат таъмин карда мешавад. Мардум аз кори мо қаноатманд хоҳанд буд. Дар ин бобат Тошканд бояд намуна бошад.