Муборакбодӣ ба Президент ва Сарвазири Покистон

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 март Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ ва Сарвазир Имрон Хонро бо ҷашни миллӣ – Рӯзи Покистон муборакбод намуд. ӮзА.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 март Президенти Ҷумҳурии Исломии  Покистон Ориф Алвӣ ва Сарвазир Имрон Хонро бо ҷашни миллӣ – Рӯзи Покистон муборакбод намуд.
ӮзА.
МУБОРАКБОДИҲОИ САМИМӢ

Ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз номи сарони давлатҳо ба муносибати ҷашни Наврӯз муборакбодиҳои самимӣ мерасанд.

Ба ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Шавкат Мирзиёев

Муҳтарам ҷаноби Президент!
Ба Шумо ва халқи Ӯзбекистон Наврӯзи неку хурсандиоварро таманно дорам. Он барои ҳама ҷашни махсуси оромиву осудагӣ ва эҳё мебошад. Соли равон ҷашн моҳияти бештар  дорад, зеро кишварҳои мо барои таъмин сохтани сулҳу салоҳ ва эътидол дар Афғонистон бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд.
Ҳамчунин мушоҳида кардани пешрафт дар барномаи ислоҳоти васеъмиқёси Шумо хушоянд мебошад. Бо назардошти он, ки Шумо дар ин роҳ баҳри шукуфоии кишваратон пеш меравед, Иёлоти Муттаҳида шарики қатъиву бебадал ва дӯсти Шумову мардуми Ӯзбекистон боқӣ мемонанд. 
Наврӯз муборак бод!
Бо эҳтиром 
Доналд Ҷ. ТРАМП, 
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико


Ба ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Шавкат Мирзиёев

Муҳтарам ҷаноби Президент!
Иҷозат диҳед аз номи ҳукумат ва халқи Чин, ҳамчунин шахсан аз номи худ Шумо ва дар шахси Шумо ҳукумат ва халқи Ӯзбекистонро ба муносибати ҷашни баҳор – Наврӯз самимона табрик намоям. 
Солҳои охир дар муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Чин ва Ӯзбекистон анъанаҳои неки рушд ҳифз мешаванд. Эътимоди тарафайни сиёсӣ мунтазам мустаҳкам мегардад, дар татбиқ сохтани лоиҳаи муштараки «Як макон, як роҳ» натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд, ҳамкориҳои кишварҳоямон дар арсаи байналмилалӣ муттасил ва самарабахш пеш мераванд. Ҳамаи ин ба  рушди минбаъдаи муносибатҳои чиниву ӯзбекистонӣ пешомадҳои васеъ фароҳам меоваранд. Дар муборизаи муштарак бо эпидемияи коронавирус Чин ва Ӯзбекистон якдигарро дастгирӣ менамоянд ва ҳамкории қарин доранд, ки дараҷаи олии робитаҳои дуҷонибаро аз ҳар ҷиҳат намоиш медиҳад. Ман ба ин баҳои баланд медиҳам.
Тайёрам бо Шумо дар бобати пешбурди муттасили муносибатҳоямон ба манфиати ду кишвар ва ду халқ иртиботи қарин дошта бошам. 
Ба Шумо саломатии мустаҳкам ва дар фаъолияти  давлатиатон комёбиҳои бузург, ба халқи бародари Ӯзбекистон бахту саодат ва фаровонҳолӣ орзу менамоям! 
Си СЗИНПИН, 
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: