Ҳамватанони азиз!
Шуморо бо ин Рӯзи хотирмон – ҷашни забони ӯзбекӣ самимона ва аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Барои ҳар як инсон забони модарӣ, ки худшиносӣ ва ҷаҳони маънавии ӯро муайян мекунад, чун Ватане, ки дар он ба воя расидааст, ҳамчун волидайнаш, ки ба ӯ ҳаёт бахшида, тарбия намудаанд, қадрияти муқаддас ва азизу муҳтарам мебошад.
Олими машҳур Маҳмуд Қошғарӣ, ки забони қадимии туркии моро яке аз аввалинҳо шуда аз нуқтаи назарии илмӣ омӯхтааст, менависад: «Эрдам боши тилдур», яъне «Забон оғози накӯиҳост», ин нукта маънии махсус ва амиқ дорад. Воқеан тамоми сифатҳои неки инсон, пеш аз ҳама дар пояи муъҷизаи бемисл – забони модарӣ, ҳусну зебоии он ташаккул меёбанд.
Алҳол эҳтиёткорона ҳифз кардан ва инкишоф додани ин сарвати бебаҳо, оинаи дил ва иқтидори зеҳнии мардуми мо бароямон аз вазифаҳои муҳимтарин ба шумор меравад.
Дар Ӯзбекистон бо пайравӣ ба андарзи дурандешонаи шоир ва мутафаккири бузург Алишери Навоӣ, ки фармудааст: «Ғамхорӣ нисбати забон ин ғамхорӣ нисбати халқ аст», сиёсати давлатӣ бинобар забон куллан бо ислоҳоти асосӣ, ки ба таъмин сохтани манфиатҳои инсон, шаъну шарафи вай ҳамчун ҳуввияти олӣ нигаронида шудаанд, ҳамоҳанг татбиқ мегардад.
Бояд қайд кард, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ даврони нави рушди забони ӯзбекӣ, баланд бардоштани нақш ва мақоми он дар ҳаёти мо оғоз ёфт.
Аз ҷумла, ҳамчун Рӯзи ҷашни забони ӯзбекӣ муқаррар шудани санаи 21 октябр воқеаи фаромӯшнопазир ва таърихӣ гардид. Фармонҳо, қарорҳо, дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки ба баланд бардоштани нуфуз ва мақоми забони давлатӣ нигаронида шудаанд, қабул гардиданд. Консепсия ва барномаи дахлдоре, ки барои солҳои 2020-2030 пешбинӣ шудаанд, амалӣ мешаванд.
Дар ин бобат сухан ронда, бояд таъкид намуд, ки мувофиқи қонуни ба наздикӣ қабулшуда тартиби ба забони давлатӣ чоп кардани маводҳои рекламавӣ ва ҳаммонанди онҳо мушаххас гардиданд, ба дараҷаи донистани забони ӯзбекӣ барои ба кор даромадан дар хидматҳои давлатии шаҳрвандӣ талаботи муайян гузошта шуданд.
Дар ҳайати Девони Вазирон Департаменти оид ба масъалаҳои маънавият ва рушди забони давлатӣ ташкил гардид. Дар марказ ва маҳалҳо курсҳои таълими забони давлатӣ амал мекунанд.
Дар муҳлати кӯтоҳ панҷҷилдаи «Фарҳанги забони ӯзбекӣ» тайёр гардид, ки луғати мафҳумҳои беш аз даҳ соҳаро дарбар мегирад, ҳамчунин асари сиҷилдаи пурмуҳтавои «Навоишиносии Ӯзбекистони даврони истиқлол» офарида шуд.
Бешубҳа, он санад, ки ҳоли ҳозир барои интишори маҷмӯаи «Осори бебаҳои адабиёти турк» дар сад ҷилд бо забони модарии мо саъй карда мешавад, моро хурсанд мекунад, бо кӯшиши ҷавонони фаъол ва соҳибистеъдод пойгоҳи иттилоотии маълумот дар Интернет ба забони ӯзбекӣ мунтазам такмил дода мешавад.
Намунаҳои беҳтарини адабиёти классикӣ ва замонавии ӯзбек ба забонҳои хориҷӣ тарҷума мешаванд, ба шарофати ин шуҳрати он дар байни хонандагони хориҷӣ меафзояд. Асарҳои илмӣ ва бадеии олимони машҳури мо ва намояндагони зиёиёни эҷодӣ сазовори мукофотҳои бонуфузи байналхалқӣ мегарданд.
Нуфуз пайдо кардани забони модарии мо ба баргузор намудани олимпиадаҳои байналмилалӣ оид ба забон ва адабиёти ӯзбек дар байни хонандагони кишварҳои хориҷӣ низ мусоидат мекунад.
Алҳол тақрибан 50 миллион нафар дар тамоми олам бо забони ӯзбекӣ сухан мегӯянд. Ин забони зеборо дар бисёр давлатҳои ҷаҳон бо рағбати зиёд меомӯзанд.
Баробари ин ҳоли ҳозир ба нигоҳ доштан ва инкишоф додани забонҳо, фарҳангҳо ва ҳуввияти миллату халқиятҳои мухталифе, ки намояндагони онҳо дар мамлакати мо зисту зиндагӣ доранд, аҳамияти зиёд дода мешавад. Мо минбаъд низ дар ин самт чунин корҳоро мунтазам татбиқ менамоем.
Дӯстони азиз!
Тавре ки маълум аст, забони ӯзбекӣ бобати муттаҳид сохтани халқи сермиллати мо пайи мақсадҳои нек – бунёди ҷамъияти бомаърифат, дар қалби ҳамватанон мустаҳкам ҷойгир намудани эҳсоси дахлдорӣ ба тақдири Ватан, сохтмони ояндаи фаровон аҳамияти бузург дорад.
Бинобар ҳамин ҳам дар ҷараёни ислоҳоти таърихӣ мо бояд татбиқи вазифаҳоро бобати рушди забони ӯзбекӣ, ки ба бунёди Ӯзбекистони Нав ва ташаккул додани пойдевори даврони нав – Эҳёи Сеюм дар кишвари мо нигаронида шудааст, идома бидиҳем.
Имрӯз барои мо ҳаётан муҳим мебошад, ки бо такя ба маърифат ва дониш ба муқобили ҳодисаҳое, ки ба ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва маданияти забондонии ҷавонони мо таъсири нохуш мерасонанд, ба хусус бар муқобили таҳдидҳо ба соҳаи маънавият, ки аз тариқи воситаҳои гуногуни электронӣ торафт васеъ паҳн мешаванд, муборизаи самарабахш бубарем.
Вобаста ба ин яке аз вазифаҳои ногузири мо тарҷумаи забони технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба забони ӯзбекӣ, минбаъд ғанӣ гардонидани сегменти миллии шабакаҳои ҷаҳонии Интернет, интишори силсилаи нави луғатҳо ва луғатҳои гуфтугӯйии забонҳои ӯзбекӣ ва хориҷӣ ба шумор меравад.
Бояд барои рушди забони ӯзбекӣ ҳамчун забони илм ва инноватсияҳо аз тариқи ба ин забон тарҷума кардани манбаъ ва захираҳои бебаҳо оид ба дастовардҳои пешқадами ҷаҳон асоси мустаҳкам фароҳам оварда шавад.
Ба ин маънӣ ба сифати барномаи амалиёт, миное, ки роҳи моро равшан мекунад, суханони оқилонаи ниёи маърифатпарвари мо Исҳоқхон Ибрат мебошад, ки дар оғози садаи XX фарҳанги маҷмӯи забонҳои ӯзбекӣ, арабӣ, форсӣ, ҳиндӣ, туркӣ ва русиро офарида буд: «Бигузор ҷавонони мо ҳатман забонҳои дигарро омӯзанд, вале пеш аз ҳама ба забони модарии худ арҷ гузоранд. Зеро садоқат ба забони модарӣ сифати ватандӯсти ҳақиқӣ мебошад».
Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ба тамоми ҳамватанони фидокорамон, ки дар кори неки ҳифз кардан ва инкишоф додани забони модарӣ, ки рамзи ваҳдати миллӣ ва ифтихори мо ба шумор меравад, самимона миннатдорӣ изҳор намоям.
Ҳамватанони муҳтарам!
Бори дигар ҳамаи шуморо бо Рӯзи ҷашни забони ӯзбекӣ аз таҳти дил муборакбод менамоям, ба шумо саломатии мустаҳкам, бахту саодат, дар хонадонатон оромиву фаровонӣ орзу мекунам.
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.