Ҷавонони гиромӣ, писарону духтарони азиз!
Шумо ва дар шахси шумо тамоми халқамонро бо Рӯзи ҷавонон, ки дар Ӯзбекистон бори аввал ҷашн гирифта мешавад, самимона, аз самими қалб муборакбод менамоям.
Вақтҳои охир дар мамлакат низоми комилан нави кор бо ҷавонон офарида шуд, фаъолнокии ҷамъиятии онҳо, ҳисси дахлдории онҳо ба тақдири Ватан ва халқ баланд гардида, писарону духтарони Ӯзбекистон дар ташаккул додани давлати замонавӣ, демократӣ муносиб иштирок мекунанд.
Таъмин кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон, ба рӯи об баровардани саъю кӯшиш ва орзуву омол, истеъдоду иқтидори онҳо самти устувори сиёсати давлатиамон ба ҳисоб меравад. Ба фикрам, ба ҳамаи мо хуб маълум аст, ки дар ин соҳа корҳои бузургро амалӣ мегардонем.
Дар тӯли як соли гузашта беш аз 20 қонун, фармон ва қарорҳои бевосита ба ҳаёти ҷавонон алоқаманд қабул шуданд, ки далели ин фикр мебошад.
Аз ҷумла, бо ташаббуси шумо як сол қабл Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон таъсис ёфт, ки на танҳо дар ҳаёти авлоди ҷавон, балки умуман тамоми мамлакат воқеаи бузург гардид.
Албатта, як сол барои таърих муддати кӯтоҳ аст. Сарфи назар аз ин дар давраи гузашта Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ба сохтори муҳими ҷамъиятие, ки бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва идораҳои дигари шаҳрвандӣ дар татбиқи сиёсати ҷавонон самарабахш ҳамкорӣ менамояд, табдил ёфт.
Дар ин асос бино бар пурзӯр гардондани мавқеи фаъоли шаҳрвандии авлоди ҷавон, ҳамчун шахсони баркамоли мустақилфикр, соҳиби донишу касби замонавӣ, ки дар арсаи байналхалқӣ бомуваффақият рақобат карда метавонад, тарбия намудани онҳо корҳои назаррас амалӣ мегарданд. Аз ҳама муҳимаш, мулоқоти доимӣ бо ҷавонон, таъмин кардани шуғли онҳо, кӯмак кардан бобати дар ҷойи муносиб пайдо намудани онҳо, беҳтар гардондани шароитҳои меҳнат ва зиндагӣ қисми ҷудонопазири фаъолияти мо гардид.
Аз ҷумла, бино бар барои ҷавонон созмон додани ҷойҳои нави корӣ, ҷонибдории ҳаракати фермерӣ, ҷудо намудани вомҳо ба писарону духтароне, ки кори худро оғоз намудан мехоҳанд, тайёрии касбии мутахассисон ва такмили ихтисоси онҳо, таълим ва тарбия, солимгардонӣ ва ташкил кардани фароғати мазмунноки фарзандонамон чораҳо андешида мешаванд.
Он чиз ҷолиби диққат аст, ки танҳо дар тӯли як сол дар асоси тавсияномаи Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон аз ҷониби бонкҳо ба қариб 4300 нафар писарону духтарон 216 миллиард сӯм вомҳои имтиёзнок ҷудо карда шуданд, беш аз 184 ҳазору 300 нафар ҷавонон бо кор таъмин гардиданд.
Мулоқоти кушоди мақомоти ҳокимияти марказӣ ва маҳаллии қонунгузорӣ ва иҷроия, роҳбарони соҳаи суду ҳуқуқ бо ҷавонон дар мамлакатамон ба анъанаи нек табдил меёбад. Дар рафти чунин вохӯриҳо дар маҳалҳо масъалаҳои зиёди боиси ташвиши ҷавонон ҳаллу фасл мегарданд, ба онҳо ёрии амалӣ, маслиҳатҳои ихтисосӣ расонда мешаванд.
Имрӯз дар доираи бозсозӣ ва навсозии мамлакат, рушди инноватсионии он, иҷрои вазифаҳои васеъмиқёс ва ғайриоддии дар назди мо қарордошта масъалаҳои зиёди муҳими идораи давлатӣ ва ҷамъиятиро мо ба кадрҳои ҷавони замонавӣ ва фикри креативӣ дошта, пурғайрат ва ташаббускор, ки иқтидори баланди интеллектуалӣ доранд, ватанпарварони ҳақиқӣ, ки қодиранд дар ҳар гуна вазъияти мураккаб масъулиятро ба зимма гиранд, месупорем.
Ҷолиби диққат аст, ки дар вазорату идораҳо, ширкату бонкҳои бузург, иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда кадрҳои ҷавон, истиқболнок, ки мактаби Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистонро гузашта, соҳиби донишу таҷрибаҳои замонавӣ, сифатҳои лидерӣ мебошанд, таъин мегарданд.
Ҳамаи моро он чиз хушнуд мегардонад, ки маҳз чунин ҷавонони ташаббускор, ки ба ҳар як масъала дигар хел муносибат менамоянд, имрӯз дар татбиқи барномаи васеъмиқёс дар доираи Стратегияи амалиёт, аз он ҷумла «Ҷавонон – бунёдгари оянда», «Деҳаи обод», «Маҳаллаи обод», «Шаҳри обод» ва дигарҳо фаъол иштирок менамоянд.
Боварӣ дорам, ки чунин ҷараёнҳои бузурги бунёдкорӣ дар татбиқи лоиҳаву ташаббусҳои ҷавонон, ҳамчун шахсону шаҳрвандон, роҳбарону мутахассисони ба мамлакат ва халқ содиқ ташаккул ёфтани онҳо нақши муҳим мебозад.
Ба мақсади рағбатноксозии ҷавонони фаъол ва серғайрат, ки барои ҳама бо меҳнаташон, ташаббускориашон ва фазилатҳои ахлоқиашон намуна мебошанд, мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» («Фарзанди диловари Ватан») ва медали «Келажак бунёдкори» («Бунёдгари оянда») таъсис дода шуданд ва имрӯз мо аз он ҳушҳолем, ки ҷоизадорони аввалини ин мукофотҳои фахриро муборакбод менамоем.
Он чизро мо ба сифати натиҷаҳои мусбати фаъолиятамон қабул менамоем, ки соли гузашта 266 нафар писарону духтарон ғолибони олимпиадаҳои фанни ҷумҳуриявӣ, 80 – ғолибони олимпиадаҳои фанни байналхалқӣ, 12 нафар ҳамватанонамон дар чемпионатҳои ҷаҳон, 93 – дар чемпионатҳои Осиё, беш аз 150 – дар мусобиқаҳои байналхалқӣ аз зинаи баланди шоҳсуфа ҷой гирифтанд.
Муваффақ гардидан ба чунин нишондиҳандаҳо ба татбиқи ислоҳоти амиқ дар соҳаи таълим, ки ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳи арзишҳои миллӣ ва умуминсонӣ, аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим ва аз ҷиҳати ахлоқӣ ҳушёр нигаронда шудааст, мусоидат менамояд. Аз ҷумла, низоми замонавии муассисаҳои таълими томактабӣ ташаккул ёфта, дар мактабҳои таълими умумӣ таълими ёздаҳсола ҷорӣ карда мешавад. Дар низоми таълими олӣ муассисаҳои нави таълимӣ, аз он ҷумла, филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ таъсис ёфта, умуман тамоми соҳа такмил дода мешавад.
Литсейҳои ҳарбии «Темурбеклар мактаби», мактаби Муҳаммад Хоразмӣ ва Мирзо Улуғбек, мактабҳои эҷодие, ки номи шоиру нависандагони барҷастаамонро гирифтаанд, ташкил дода шуда, бобати ба гузаштагони бузургамон муносиб тарбия намудани авлоди наврас кӯмак мерасонанд.
Бешубҳа, мо дар ин самт пайваста корҳоро идома медиҳем. Аз ҷумла, созмон додани низоми самарабахши таълим, баланд бардоштани ихтисоси ҷавонони қобилиятнок дар донишгоҳҳои бонуфуз ва марказҳои илмии ҷаҳон аз ҳисоби давлат яке аз вазифаҳои муҳим мост.
Масъалаи ҳифзи иҷтимоии ҷавонон, оилаҳои ҷавон инчунин барои мо муҳим мебошанд. Дар ин бобат қайд кардан ҷоиз аст, ки ба мақсади дастгирӣ намудани оилаҳои ҷавон, ки дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии мамлакат фаъол иштирок мекунанд, беҳтар гардондани шароитҳои манзиливу маишии онҳо барномаи сохтмони Хонаҳои ҷавонон татбиқ мегардад.
Дӯстони азиз!
Дар ин рӯзи идона баробари муваффақиятҳо ва дастовардҳои ҷавонон, ки такягоҳ ва умеди мо ба ҳисоб мераванд, дар бораи вазифаҳои наве, ки дар назди мо қарор доранд, камбудиҳо ва мушкилоти ин соҳа, ки ҳаллу фасли худро интизоранд, сухан рондани мо табиист.
Ба ин муносибат таъкид кардан ҷоиз аст, ки мо бояд фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистонро бино бар таъмини шуғли писарону духтарон, кор бо ҷавонони номуташаккил, инчунин пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар ин соҳа пурзӯр гардонем.
Мутаассифона, ташкилоти мазкур то ҳол дар таҷрибаи худ аз ҳолатҳои расмиятпарастӣ, компаниябозӣ, зуҳуроти бардурӯғи руҳбаландӣ пурра фориғ нашудааст.
Шояд, ин рӯзи хурсандибахш ба ёд овардани ҳолатҳои нохуши Иттифоқи ҷавонони мамлакат мувофиқи мақсад набошад.
Аммо агар мо ба фаъолияти худ бо назари танқидӣ баҳо надиҳем ва камбудиҳои худро худамон бартараф насозем, онҳоро касе ба ҷои мо ҳал намекунад.
Аз ин нуқтаи назар ҳамаи мо мехоҳем, ки Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, ки ҳамагӣ як сол пеш таъсис гардид, зудтар «болиғ» гардад, ҷойгоҳи муносиб ва мустаҳками худро дар ниҳоди ҷамъиятиву сиёсии мамлакат, ҳаёти ҷавонон ишғол намуда, ҳалли мушаххаси камбудиҳои онро пайдо намуда, дар асоси мунтазам гуфтугӯи ошкоро барад. Мо омодаем, ки барои ин тамоми кӯмаки заруриро расонем.
Боз ҳам бештар эътибор додан ба эҳтиёҷоти ҷавонон, ба вуҷуд овардани ҷойҳои замонавии кор, дастгирии ташаббус ва кӯшишҳои нек, ғояҳои инноватсионӣ, беҳсозии шароити иҷтимоиву маишии ҷавонон – ин вазифа минбаъд низ барои мақомоти давлатии тамоми дараҷаҳо кори асосӣ боқӣ мемонад.
Бо мақсади рушди босуръати соҳибкорӣ байни ҷавонон мо якҷоя бо шумо дар ояндаи наздик барои дар мамлакат ба вуҷуд овардани минтақаҳои соҳибкории ҷавонон, Технопарки инноватсионии ҷавонон дар Тошканд ва ҳамчунин ташкили тадқиқотҳои олимони ҷавон дар лабораторияҳо ва марказҳои илмии Академияи илмҳо шурӯъ менамоем.
Ба қарибӣ Барномаи давлатии «Ҷавонон – ояндаи мо» қабул гардид, ки бино бар он дар назди Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон фонди махсус барои татбиқи технологияи замонавӣ ба иқтисодиёти мамлакат ва васеъ ҷалб намудани ҷавонон ба ин ҷараён қабул гардид.
Ҳамватанони муҳтарам!
Сиёсати давлатии ҷавонон, ки имрӯз дар Ӯзбекистон татбиқ мегардад ва натиҷаҳои амалии ин кор дар ҷомеаи ҷаҳон шавқи зиёд пайдо менамояд. Ташаббусҳои ин соҳа, ки мамлакати мо пешбарӣ менамояд, аз он ҷумла оид ба таҳияи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи ҷавонон, Муроҷиати сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба ҷавонон, қабул ва иҷрои Барномаи амал доир ба татбиқи он мавриди дастгирии васеи байналхалқӣ қарор мегирад.
Дар ин замони имрӯзаи зудтағйирёбанда на танҳо истиқболи нав барои тамоми башарият, аз он ҷумла ҷавонон, боз мегардад, балки таҳдид ва ситезаҳои нав зоҳир мегарданд.
Ҳамаи мо мебинем, ки ифроткории динӣ, терроризм, нашъамандӣ, савдои одам, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, бадбахтӣ ва машаққати зиёд меорад. Қувваҳои нобакор шуури ҷавононеро заҳролуд менамоянд, ки ҳанӯз таҷрибаи ҳаётӣ ва эътиқоди қатъӣ надоранд, ҳаёти онҳоро барҳам медиҳанд, онҳоро зидди оила, Ватан ангезиш медиҳанд.
Аз ин рӯ қарзи мо – падару модарон, муаллимон ва мураббиён, ҷамъият, фаъолони маҳалла – боз ҳам ҳушёр ва боэътибор будан, зидди ҷоҳилият бо маърифат мубориза бурдан аст. Зеро, тавре ки маърифатпарвари маъруфи мо Абдурауфи Фитрат гуфтааст, ҳаёт – ин мубориза ва силоҳи одамони нексиришт дар ин мубориза, пеш аз ҳама, афкори солим, ақли расо ва ахлоқи баланд ба шумор меравад.
Маълум аст, ки ба мардуми мо аз қадим чунин сифатҳо мисли меҳрубонӣ, ҳимматбаландӣ ва шафқат хос аст. Бино бар ин арзишҳои маънавӣ имрӯз мо ба масъалаи ба ҳаёти маъмулӣ баргардондани ҷавонон эътибори алоҳида менигаронем, ки онҳо бешуурона қонунро поймол намудаанд, аммо аз кирдори худ аз таҳти дил пушаймон гардида ва ҷиддан ба роҳи ислоҳ даромадаанд.
Бояд таъкид кард, ки чунин кори амалӣ, ки ба туфайли он садҳо ҷавонони Ӯзбекистон ба ҳузури оилаи худ, падару модар ва хешовандон баргаштанд, ба мустаҳкамсозии муҳити солими маънавиву ахлоқӣ ва тасбити принсипҳои инсонпарварӣ дар ҷамъиятамон мусоидат менамояд.
Дӯстони муҳтарам!
Мо дар ҳар ҷое, ки набошем, бояд амиқ дарк намоем, ки фарзандони Ватани зебои худ – Ӯзбекистон ҳастем ва аз ин ҳиссиёти олӣ илҳом гирифта, зиндагӣ кунем.
Аз ин нуқтаи назар мо ташкил намудани созмони байналхалқии ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии «Буюк келажак»-ро дастгирӣ менамоем, ки бо ташаббуси ҳамватанони хориҷиамон, ки дар ҷанбаҳои гуногун ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд, ташкил ёфтааст. Муттаҳид сохтани ҳамватанонамон, пеш аз ҳама ҷавононе, ки дар хориҷа таҳсил менамоянд ва кор мекунанд, дониш ва зарфияти онҳо ба хотири шукуфоии Ватан комилан ба мақсадҳои умумиамон мувофиқат мекунанд.
Ҳамзамон мо чунин мешуморем, ки барои ҷавонони Ӯзбекистон бо замон ҳамқадам будан, бо ҳамсолони худ аз давлатҳои хориҷии наздику дур алоқаҳои дӯстона ва ҳамкории муфидро барқарор намудан, хеле муҳим аст.
Анҷумани ҷавонони Осиёи Марказӣ, ки имрӯзҳо дар Ӯзбекистон баргузор мегардад, дар таъмини чунин гуфтугӯи доманфарох қадами аввали ҷиддӣ ба шумор меравад.
Духтарон ва ҷавонони азиз!
Дар ин рӯзи наҷиб шумо, тамоми мардуми бисёрмиллати Ӯзбекистонро бовар кунондан мехоҳам, ки мо натанҳо татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро қатъан идома медиҳем, балки онро боз ҳам ба дараҷаи баланд бино бар талаботи имрӯз боло мебардорем. Мо тамоми қувва ва имконоти давлат ва ҷамъиятамонро барои он сафарбар менамоем, ки ҷавононамон дониш ва касбҳои замонавиро молик гардида, дар ҳаёт ҷойгоҳи мустаҳкамро ишғол намоянд ва хушбахт бошанд.
Мо ба шумо танҳо як орзу дорем: дар пайи мақсад собит бошед, қувва ва нерӯро барои ба амал татбиқ намудани орзуҳои падару модарон, муаллимон ва мураббиёнатон, тамоми халқамон дареғ надоред.
Бигзор, ба шумо кӯшиш барои андӯхтани дониш, дастёбӣ ба мақсадҳои нек, фатҳи қуллаҳои нави тараққиёт ҳамроҳ бошад!
Барои ҳар яки шумо бахти бузург – ба писарон ва духтарони муносиби Ӯзбекистон мушарраф гардидан насиб намояд, ки бо он мамлакатамон воқеан фахр хоҳад кард.
Бори дигар шуморо бо Рӯзи ҷавонон табрик намуда, барои ҳамаатон саломатӣ, тавфиқ ва дастовардҳои нав орзу менамоям.
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон