МУБОРАКБОДИИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ 28-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ВА РӮЗИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН

Муҳтарам аскарон ва сержантҳо, афсарон ва генералҳо, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Ҳамватанони азиз!
Шуморо, ки ҳаёти худро ба кори аз ҳама бузургу неки ҳифзи Ватан ва тамоми халқамон бахшидаед, бо 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан самимона ва аз таҳти дил муборакбод менамоям!
Дар ин рӯзи хотирнишин мо, пеш аз ҳама, ба фарзандони мард, ҷасур ва содиқ, ки дар посгоҳи ҳарбии худ истода сарҳадҳои кишварамонро чун гавҳараки чашми худ ҳифз менамоянд, падарон ва бобоёни фидокорамон, ватандӯстони ҳақиқии Ватанамон арҷ мегузорем, ба онҳо орзуҳои беҳтарини худро изҳор менамоем.
Ба падару модароне, ки чунин фарзандони диловару содиқро тарбия карда ба камол расонидаанд, ба оилаҳои хидматчиёни ҳарбӣ, ки ҳамеша ҳангоми иҷрои вазифаи муқаддаси онҳо такягоҳашон буданд, миннатдории амиқ изҳор мекунем.
Агар гӯем, ки нирӯ ва қудрати артиши мо дар ягонагӣ ва ҳамдилии хидматчиёни ҳарбӣ ва тамоми ҷамъиятамон мебошад, дуруст аст. 
То он даме, ки чунин манбаи иқтидори бузурги маънавӣ дорем, ягон қувваи бад наметавонад ба ҳаёти орому осудаи мо, мустақилии Ӯзбекистон таҳдид кунад ва моро аз роҳи дигаргуниҳои демократӣ бозпас баргардонад.
Дӯстони азиз!
Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон, ки кафолати муътамади истиқлолияти Ватан, ҳаёти осудаву фаровони халқамон мебошад, тӯли 28 сол роҳи мураккаб ва ҳамзамон пуршарафи истиқрорро тай намуд. 
Ба хусус дар натиҷаи ислоҳоти куллие, ки солҳои охир татбиқ шуданд, артиши миллӣ нирӯманд, зудамалу самарабахш мегардад, қодир аст ба тамоми таҳдидҳо ҷавоби сазовор диҳад.
Дар доираи татбиқ сохтани сиёсати нави минтақавӣ, ки ба равандҳои рӯшодӣ ва ба инобат гирифтани манфиатҳои тарафайн асос мекунад, Қувваҳои Мусаллаҳи мо робитаҳои қарини шарикиро бо ҳамкорони худ аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба роҳ монданд ва мустаҳкам мекунанд. Солҳои охир мо як қатор машқҳои муштараки ҳарбӣ гузаронидем, ҳамчунин сафарҳои дараҷаи олии ҳайатҳои ҳарбиро ба роҳ мондем, дар тайёрии таъҷилӣ ва ҳарбӣ мубодилаи таҷриба кардем. 
Чунин ҳамкориҳои рӯзафзуни мо алҳол омили муҳими таъмин шудани амният ва эътидоли минтақа, сулҳу салоҳ дар хонаи умумии мо – Осиёи Марказӣ мегардад.
Низоми таълими муттасили ҳарбӣ, ки мувофиқи меъёрҳои олитарини ҷаҳон ба роҳ монда мешавад, мунтазам идома дорад. Алҳол дар қатори муассисаҳои замонавии таълими олии мамлакат Донишкадаи ҳарбии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва алоқа, ки аз нав ташкил шуду аз бисёр ҷиҳат нодир мебошад, мақоми сазовор пайдо кард.
Баробари ин факултаи нави тайёркунии афсарони зинаи таъҷиливу стратегии раёсат таъсис ёфт, иншооти иловагии инфрасохтори таълимӣ дар Академияи Қувваҳои Мусаллаҳ ба истифода супурда шуданд. Ҷараёни ташкил кардани Маркази таълим оид ба тайёркунии хидматчиёни ҳарбии шуъбаҳои таъиноти махсус анҷом меёбад. Бобати такмил додани фаъолияти Донишкадаи ҳарбиву техникии Гвардияи миллӣ корҳои азим иҷро мешаванд. 
Ба сохтори нави ташкилӣ гузаштани Қувваҳои Мусаллаҳ бо назардошти ҷорӣ намудани низоми таҷдиди дақиқи тайёрии ҳарбӣ омодагии ҷангӣ ва иқтидори ҷанговарии артишамонро чандин карат баланд бардошт. 
Алҳол ҷанговарони мо дар сухан не, балки дар амал собит менамоянд, ки бинобар дараҷаи тайёрии касбии худ аз хидматчиёни ҳарбии қӯшунҳои кишварҳои пешқадами ҷаҳон камӣ надоранд. Намояндагони Ӯзбекистон дар машқҳои байналхалқӣ, мусобиқаҳои ҳарбӣ ва варзишӣ маҳорат, рӯҳи мустаҳкам, иродаи ба ғалаба доштаи худро намоиш медиҳанд, худро ҳамчун ворисони сазовори гузаштагони бузургамон муаррифӣ мекунанд.
Ҳамаи ин, бидуни шубҳа, боиси эҳсоси ифтихори тамоми аҳолии Ӯзбекистон ва ба хусус ҷавонон аз артиши мо, эҳтироми онҳо ба касби пуршарафи муҳофизи Ватан мегардад.
Вазифаҳо бинобар рушди минбаъдаи маҷмӯи саноати мудофиаи мо, ки қодир бошад артиши миллиро бо яроқу аслиҳа ва воситаҳои зарурии дигар таъмин кунад, зина ба зина ҳаллу фасл мешаванд.
Бозсозӣ ва аз ҷиҳати техникӣ мусаллаҳ сохтани Заводи таъмири авиатсионии Чирчиқ ва корхонаи оид ба истеҳсоли яроқу аслиҳаҳои ҳарбӣ мисоли равшани ин гуфтаҳо ба шумор мераванд, дар онҳо фароҳам овардани иқтидори илмиву техникӣ бошад, асоси ташаккулёбии кластерҳои илмиву саноатии соҳаҳои мазкур мегардад.
Корҳое, ки мо бобати ташаккул додани сектори иқтисодиёти мукаммали мудофиа татбиқ менамоем, дар пешомади наздиктарин имкон медиҳанд нафақат артиши миллиро бо яроқу аслиҳа ва техника таъмин кунем, балки ҷойҳои иловагии корӣ ташкил диҳем, ҳамчунин иқтисодиёти мамлакатро диверсификатсия намоем.
Дар фаъолияти секторҳои ҳарбиву маъмурӣ, ки «пул»-и муътамади байни халқ ва артиш мегарданд, комёбиҳои назаррас мушоҳида мешаванд. Пас аз ташкил кардани онҳо таҳти шиори «Халқ ва артиш ягонаанд» бобати бозсозии инфрасохтори ҳарбӣ ва ҳаллу фасл кардани мушкилоти ба миён омадаи иҷтимоӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ шуданд.
Шаҳракҳои ҳарбӣ симои замонавӣ гирифтанд, дар хидмати таъминоти ақибгоҳ низоми аутсорсинг ҷорӣ карда шуд. Тӯли се соли сипаришуда ба мақсади таъмин кардани беш аз 8 ҳазор оилаи хидматчиёни ҳарбӣ бо манзилҳои аз ҳар ҷиҳат мусоид 275 хонаҳои бисёрошёна бунёд гардида, тақрибан 600 ҷойҳои корӣ барои ҳамсарони хидматчиёни ҳарбӣ фароҳам оварда шуд, 1,9 ҳазор нафақахӯрони ҳарбӣ бо кор таъмин шуданд. 
Сафарбаркунии фаъоли артишро ба тарбияи насли наврас дар рӯҳи ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан, арҷгузорӣ ба анъана ва суннатҳои мо, донистани таърихи пуршарафи худ мехостам махсус таъкид намоям. Муътақидам, ки созмонҳое чун «Собиқадор», «Ватанпарвар», ҳамчунин Шӯрои ҷамъиятии назди Вазорати мудофиа бобати минбаъд пурзӯр кардани тарбияи ҳарбиву ватанпарварии ҷавонон ва дар онҳо ташаккул додани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ кори бағоят заруриву муштаракро идома медиҳанд.
Баробари ин мехоҳам зарурияти пурзӯр кардани назорати шаҳрвандиро нисбат ба фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ қайд намоям. Дар доираи ваколатҳои зиёди худ парлумон алҳол татбиқшавии Қонун дар бораи Доктринаи мудофиа ва ҳуҷҷатҳои дигари қонунгузории соҳаи мудофиаро назорат мекунад. Соли гузашта аз ҷониби Сенати Олий Маҷлис чандин бор маърӯзаҳои роҳбарони вазорат ва идораҳои нирӯӣ бинобар масъалаҳои рӯзмарраи сохтор ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳ, адои хидмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ шуд.
Ҳамватанони азиз!
Вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва вазъи шадид дар баъзе минтақаҳои он, афзудани таҳдидҳои терроризми байналхалқӣ ва экстремизм аз мо таҳлили ҳамаҷониба ва пешгӯии вазъи байналхалқиву минтақавӣ, қабул кардани чораҳои маҷмӯиеро, ки ба таъмин сохтани амният ва эътидоли мамлакат, баланд бардоштани тайёрии ҳарбӣ ва иқтидори ҷанговарии Қувваҳои Мусаллаҳ нигаронида шудаанд, тақозо менамоянд.
Бояд кори фаъол бобати минбаъд мустаҳкам намудани низоми мудофиа ва ҳифзи сарҳадҳои давлатӣ, такмил додани низомҳои идораи қӯшунҳо, баланд бардоштани самаранокии ташкили тайёрии ҳарбӣ, бо намунаҳои навтарини яроқу аслиҳа ва техника муҷаҳҳаз сохтани Қувваҳои Мусаллаҳ, рушди маҷмӯи саноати мудофиаи мамлакат мунтазам идома дода шавад.  
Мо минбаъд низ ба тайёркунии кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ, дар ҷараёни таълиму тарбия васеъ ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, технологияҳои таълимӣ ва иттилоотиву коммуникатсионӣ, ҳамчунин пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоиву ҳуқуқии хидматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ эътибори аввалиндараҷа хоҳем дод.
Дӯстони азиз!
Муҳофизони диловар ва ҷасури Ватани мо!
Дар ин рӯзҳои ҷашнӣ ва дар арафаи таҷлили 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон мо корҳои бузурги амалиро татбиқ менамоем ва беш аз пеш амиқ дарк мекунем, ки эҳтиром ва эътибори баланд ба гузаштагон – ғолибоне, ки бар ивази ҳаёти худ озодии халқҳои ҷаҳонро таъмин кардаанд, чи қадр муҳим мебошад.
Ба тамоми хидматчиёни ҳарбӣ – аскарони қаторӣ ва сержантҳо, афсарон ва генералҳо, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ саломатии мустаҳкам, комёбиҳои бузург, дар роҳи хидмат ба Ватан нирӯву ғайрат, ҳамчунин бахту саодат ва дар соли нави 2020-ум ба оилаҳоятон беҳбудӣ орзу мекунам!

Шавкат МИРЗИЁЕВ, 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи Олии 
Қувваҳои Мусаллаҳ              

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: