Муборакбодии наврӯзии «Овози тоҷик»

Табрик

Аҳли кормандони рӯзномаи “Овози тоҷик” бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ кулли мардуми кишварро ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза самимона табрик гуфта, тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз орзу менамояд.

Воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳост, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

Бигзор, Наврӯзи имсола низ барои мову шумо наврӯзи шодирасон ва фатҳу нусратҳои бузург гардад!                           

Бигзор, Наврӯз ба хонаву кошонаи ҳар кадоми шумо пайку муждаи иқбол ва бахту саодати тоза орад!

Ҳамеша саломату сарбаланд ва шодкому пирӯз бошед!

Наврӯзатон муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: