МУБОРАКБОДИҲОИ САМИМӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН

Аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ ба муносибати пирӯзии боварибахши Шавкат Мирзиёев дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 24 октябри соли 2021 баргузор гардид, паёмҳо бо табрикоти самимӣ меоянд.

Аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ ба муносибати пирӯзии боварибахши Шавкат Мирзиёев дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 24 октябри соли 2021 баргузор гардид, паёмҳо бо табрикоти самимӣ меоянд. Дар онҳо ба сарвари давлат ва халқи сермиллати Ӯзбекистон таманноҳои беҳбудӣ, сулҳ ва шукуфоӣ изҳор мегарданд.  
Дар паёми табрикии Президенти Русия Владимир Путин гуфта мешавад, ки натиҷаҳои овоздиҳӣ нуфузи баланди сиёсии Шавкат Мирзиёев, инчунин ҷонибдории сиёсати ӯро, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистон ва ҳимояи манфиатҳои он дар арсаи байналмиллалӣ нигаронда шудааст, комилан тасдиқ кард.
«Шумо дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ байни кишварҳои мо саҳми бузурги шахсӣ мегузоред. Итминон дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак мо ҳамкориҳои амалиро дар бахшҳои гуногун идома медиҳем, дар ҳалли масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳамкории созанда хоҳем кард. Ин, бешубҳа, ба манфиатҳои халқҳои дӯсти Русия ва Ӯзбекистон ҷавобгӯ буда, ба таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ мувофиқат мекунад”, – гуфта мешавад дар барқияи роҳбари Русия.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин дар паёми шодбошии худ қайд кард, ки дар тӯли солҳои фаъолияти Шавкат Мирзиёев ба ҳайси сарвари давлат кишвари мо ба рушди  босуръат ноил гардида, симои нав пайдо карда, бо ин васила ба таъмини субот ва рушди Осиёи Марказӣ саҳми муҳим гузоштааст. Изҳори боварӣ карда шуд, ки Ӯзбекистон дар ҳамаи соҳаҳои сохтмони давлатӣ бешубҳа ба муваффақиятҳои нав ноил мегардад. 
«Ман омодаам, бо Шумо барои боз кардани саҳифаи нав дар солномаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба манфиати ду кишвар ва халқҳои Чину Ӯзбекистон тамоми саъю кӯшишро ба харҷ диҳем», – таъкид кард Раиси Ҷумҳури Чин.
«Аз нав интихоб шуданатон ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон рамзи эътимоди мардуми кишвар ба роҳбарии Шумо, инчунин ба ислоҳоте, ки таҳти роҳбарии Шумо амалӣ мегардад, мебошад. Ин инчунин комёбиҳои бузурги Ӯзбекистонро дар роҳи рушди демократӣ нишон медиҳад. 
Ман хабарро оид ба дубора интихоб шудани Шумо бо хушҳолӣ пазируфтам, зеро ин барои мо бо Шумо имкониятҳои навро фароҳам меорад, ки барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Ҳиндустону Ӯзбекистон ҳамкориро идома медиҳем», — гуфта мешавад дар барқияи Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди.
Сарвазири Покистон Имрон Хон раҳбари кишварамонро бо пирӯзии дурахшонаш табрик гуфта, таъкид кард: “Мардуми Ӯзбекистони бародарӣ бори дигар ба роҳбарии моҳиронаи ӯ изҳори боварӣ кард. Умедворам, ки ҳамкориҳои судманди байни Покистон ва Ӯзбекистон идома хоҳанд ёфт.” 
Президенти Италия Серҷо Маттарелла дар паёми худ изҳори итминон кардааст, ки дар панҷ соли оянда Ӯзбекистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ барои рушди минбаъда тамоми имкониятҳоро доранд. Дастгирии саъю талошҳои Ӯзбекистон ҷиҳати анҷоми ислоҳоти бузург ва ҳамчунин таҳкими равобити Тошканд бо Иттиҳодияи Аврупо тасдиқ гардид.
Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб шайх Халифа бин Зоид Ол Наҳаён Президент Шавкат Мирзиёевро ба муносибати ба давраи дуюм интихоб шуданаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва бахту саодат, ба халқу ҳукумати Ӯзбекистони дӯст рушди дарозмуддат ва шукуфоӣ таманно намуд. 
Дар барқияи табрикии Султони Уммон Ҳайсам бин Тариқ Ол Саид гуфта мешавад: “Мо азми худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ба манфиати халқҳоямон бори дигар тасдиқ мекунем.
Аз фурсат истифода бурда, ба халқи дӯсти ӯзбек дар татбиқи саъю кӯшиши он дар рушди минбаъда ва шукуфоӣ комёбиҳо таманно менамоям”.
Инчунин, ноиб-президент, Сарвазири Аморати Муттаҳидаи Араб, ҳокими Аморати Дубай шайх Муҳаммад бин Рошид Ол Мактум, муовини Фармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Аморати Муттаҳидаи Араб, валиаҳди Абу-Дабӣ шайх Муҳаммад бинн Зоид Ол Наҳаён, муовини Сарвазир, вазир оид ба корҳои Президенти АМА шайх  Мансур  бин Зоид Ол Наҳаён, муовини Сарвазир, вазири корҳои дохилии Аморати Муттаҳидаи Араб шайх Сайф бин Зоид Ол Наҳаён паёмҳои табрикӣ ва орзуҳои гарму самимӣ ирсол намудаанд. 
Вуруди паёмҳои табрикӣ идома доранд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: