МУБОРАКБОДӢ

Фарзона баъди шунидани хабари хуш, ки янгааш таваллуд кардааст, ба хонаи хешовандонашон шитофт.

Ин хабарро кайҳо боз интизор буд, ки агар янгааш таваллуд кунад, худаш рафта аз хешон муждагонӣ мегирад. Вай ба ҳарфҳои модар, ки мегуфт: аввал либосҳои наватро пӯшида, баъд рав, гӯш надода давид. 
– Хола, ҳо холаи Анзурат, муждагонӣ диҳед, янгаам таваллуд карданд, – гуфта дод зад ҳангоми расидан ба хонаи модари янгааш духтараки наврас. 
Анзуратхола дар ошхона хӯрок мепухт ва дар як вақт дар танӯр нон мебаст, ин овози шинос ва хабари хушро шунида ба ҳавлӣ баромад. 
— Фарзона, биё духтарам. 
– Хола, «муждагонӣ» тед, янгаам таваллуд карданд. 
– Чӣ, Нигора таваллуд кард, бисёр хуб, бечора духтарам ниҳоят халос шудааст-дия. Аҳволаш хуб аст? Кӣ гуфт ба ту? Писар ё духтар?
– Писар, модарам гуфтанд, худашон ва ҷиянам нағз будиян, холаҷон, – ҷавоб дод хоҳари ягонаи домодаш. 
– Биё, аз луқҳоят (рӯхсора) як бӯса кунам. Додош, ҳо додош, «муждагонӣ» тед, Нигора писардор шудаст. Мо бобою бибӣ шудем, – садо баланд карда хабари хуши Фарзонаро ба шавҳараш расонд. 
Шавҳараш, ки китоб мутолиа мекард, садои занашро шунида, китобро як сӯ гузошту ба берун баромад. 
— Не-е, кӣ гуфт?  
– Мана, Фарзона муждагонигирӣ омадааст. 
– Биё-ке, бо ин хабари нағзат як бӯса кунам аз луқҳоят, – гуфту амаки Давлат аз рухсораи Фарзона бӯса гирифт ва аз кисааш пул бароварда ба ӯ дод. Фарзона рафтанӣ буд, ки Анзуратхола гуфт: «Исто, духтарам,  ош шавад бо нони гарм хӯрда меравӣ». 
– Не хола, ҳоло ман бояд ба хонаи хешовандони дагарамон равам. 
– Исто, набошад як дақиқа, – гуфту Анзуратхола ба хонааш даромад. Кӯрпаҳои рӯйи сандуқ тахткардаашро партофта, даруни онро кофт. Як рӯймоли шоҳие, ки солҳо дар қатори либосҳояш нигоҳ медошт, гирифта ба берун баромад. – Мана, духтарам, ина гир, насиби ту будааст. 
Руймолро ба сари Фарзона баста, илоҳо ба ту ҳам ин рӯзу хурсандӣ насиб кунад. Раҳмат духтарам, барои ин хабари хуш гуфту вайро гусел кард.    
Фарзона аз муждагониҳои додаи падару модари янгааш хурсанд шуда, ба хонаи холаю амма, тағою амак ва хешовандони дигар рафт...
Ин хабари хоҳарарӯси духтари ҳамсояро шунида, барои муборакбодӣ Назирабибӣ ба хонаи Анзурат омад. 
– Ҳамсоя, ҳо, Анзурат. 
– Биёед, Назирахола, хуш омадед, – гуфту Анзурат бо ҳамсояаш вохӯрӣ кард. 
– Набера муборак шавад, илоҳо Худо бо умраш дода бошад. Тезтар калон шаваду дастёри падару модар, бобову бибӣ ва шумою Давлат гардад. 
– Илоҳо, гуфтаатон шавад! Раҳмат, биёед хона дароед, баъди фурсате хӯрок ҳам тайёр мешавад.
– Хуб шудааст, ҳозир, – гуфту Назирабибӣ ба самти даромадгоҳи хонаи ҳамсоя ҳаракат кард. Пиразан, ки бо кӯмаки асо роҳ мегашт, бо азобе ба хона даромад. Акои Давлат ҳанӯз китоб мутолиа мекард, ки то хӯроки занаш тайёр шудан, вақт гузаронад. Аз омадани пиразан огоҳ шуда, аз ҷой хесту пешвози ӯ баромад. 
– Ассалому алейкум, Назирахола, биёед, хуш омадед!
– Ие, Давлат туӣ, шукр, ки ҳаминҷо будӣ, набера муборак шавад. Худо бо умраш дода бошад. Мисли ту одами хоксор, меҳрубону соҳибмаърифат гардад. 
– Раҳмат, хола, Худо хоҳад, саломат бошед! Биёед, назди дастархон, рӯйи кӯрпача бишинед, – гуфту кӯрпачаи навро назди дастархон партофт. 
Пас аз нишастани пиразан акои Давлат барои меҳмон ва дастархон дуо карда, ҳамсоя, дугонаи модарашро хуш омадед гуфт. То омода шудани хӯроки Анзуратхола суҳбати онҳо оиди ҳамсоядорӣ, меҳру оқибат, расму анъанаҳои неки деҳа қӯр гирифт. – Муборакбодӣ, яъне касеро бо ягон муваффақият ва ё хабари хуш табрик кардан низ аз анъанаҳои неки халқи мост, – гуфт Назирабибӣ ба писари дугонааш. – Шукри ҳамдеҳагон, ки дар ин рӯзҳои хушу хурсандӣ ба ғаму шодиамон шарик  мешаванд...  
Пас аз чанде бо шунидани ин хабари хуш ҳамсоягон ва хешовандону наздикони онҳо пасу пеш барои муборакбодӣ меомаданд. То дер вақт хонаи акои Давлату Анзуратхола аз меҳмонон пур буд. Онҳо дар ҳаққи тифли навзод суханҳои хуб гуфтаву дуоҳои хайр мекарданд, ки фарзанди солеҳу комёб ва номбардори аҳли диёр гардад... 

Меҳровари ҚОДИР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: