Ҳамватанони азиз!
Ҳамватанони азиз!
Шумо ва дар шахси шумо тамоми мардуми сермиллати моро бо санаи бузурги таърихии ҳаёти кишварамон – 30-юмин солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона, аз таҳти дил муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо эҳтироми амиқ ва орзуҳои беҳтарини худро изҳор менамоям.
Дар пешрафти миллӣ нақш ва аҳамияти Сарқонунро, ки ҳамчун асоси мустаҳкам дар роҳи сохтмони давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ хидмат мекунаду бо иродаи халқи мо қабул шудааст, баҳо додан имконнопазир аст.
Ба шарофати ҳуқуқ ва имкониятҳои барои мо фароҳамовардаи Қонуни асосӣ, ки дар солҳои аввали истиқлолият, дар шароити барои мамлакат бағоят мураккаб қабул шуда буд, туфайли меҳнати фидокоронаи халқамон тӯли даврони гузашта дар тамоми соҳа ва ҷанбаҳо комёбиҳои бузург ба даст омаданд.
Мо ба чунин асоси мустаҳками ҳуқуқӣ такя карда, солҳои охир дар мамлакат бо суръати баланд ислоҳоти васеъмиқёси демократиро татбиқ менамоем.
Аз ҳама муҳимаш, ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат, тафаккур ва ҷаҳонбинии мардуми мо куллан тағйир меёбад. Ҳар кадом шаҳрванди Ӯзбекистон новобаста аз миллат, забон ва эътиқоди диниаш худро узви баробарҳуқуқи ҷомеа, соҳиби воқеии тақдири худ, на фақат шарики тамоми дигаргунӣ ва навсозиҳои амалӣ, балки иштирокдори бевоситаи ин ҷараёнҳо, шахсияти озод, бунёдгари оянда эҳсос менамояд.
Мо ҳақ дорем, бо Сарқонуни худ, ки зуҳуроти дурахшони тафаккури сиёсиву ҳуқуқии халқи мо, кафолати муътамади ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба шумор меравад, барои мо роҳи бунёди ҳаёти озоду фаровонро боз кардааст, ифтихор намоем.
Дӯстони муҳтарам!
Ҳоли ҳозир дар арсаи ҷаҳонӣ ифодаи «Ӯзбекистони Нав» зуд-зуд садо медиҳад, обрӯйи байналхалқии Ватани мо меафзояд.
Тавре ки шумо медонед, алҳол дар мамлакат муҳокимаи тағйирот ва иловаҳо ба Қонуни Асосӣ идома дорад. Ин ислоҳоти конститутсиониро моҳият ва мантиқи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав, хоҳиш ва иродаи халқи мо, замони басо зуд тағйирёбанда тақозо дорад.
Имрӯз мо бояд ба Сарқонун, қонунҳо ва ҳаёти ҳаррӯзаи худ раванди «Инсон – ҷомеа – давлат»-ро амиқ ҷорӣ намоем.
Бояд таъкид кард, ки ҳифзи инсон, ҳаёт, ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ӯ, шаъну шарафи шахсият ҳамчун суннати олӣ дар маркази ислоҳоти конститутсионии мо қарор доранд. Аз ҷумла, дар Қонуни асосӣ бисёр масъалаҳои барои мо куллан муҳим, меъёрҳое ҳамчун давлати иҷтимоӣ, таҳкими асосҳои конститутсионии идораи оила, ҳифзи муътамади куҳансолон, шахсони ногиро, дастгирии ҳамаҷонибаи занон ва ҷавонон, ихтисоснокии хидмати тиббии аҳолӣ, рушди таълим, илм ва фарҳанг, кафолати ҳуқуқҳои экологии шаҳрвандон ва ҳифзи эътидоли экологӣ, вусъати ҳуқуқ ва ваколати идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маҳаллаҳо, таъмин сохтани истиқлолияти расонаҳои ахбори оммавӣ сабт меёбанд.
Ҳамватанони азиз!
Дар ин ҷараён, бидуни шубҳа, фикру пешниҳоди шумо, шахсони соҳиби касбҳои гуногун ва мавқеи мухталифи иҷтимоӣ ба инобат гирифта хоҳанд шуд. Лоиҳаи Сарқонун барои раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешавад. Маҳз ҳамин тариқ Қонуни асосии нав воқеан Сарқонуни халқӣ хоҳад гардид.
Ҳамватанони муҳтарам!
Бо вуҷуди идома ёфтани шароити пандемия дар мамлакати мо Рӯзи Сарқонун дар тамоми ҷамоаҳои меҳнатӣ, маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва оилаҳо бо риоя ба эҳтиёткорӣ ва бо кайфияти идона қайд карда мешавад.
Мо барномаҳои васеъмиқёсро кор карда мебароем, барои соли нави 2023-юм нақшаҳоро муайян мекунем. Дар онҳо вазифаҳои бузурге, ки дар назди мо гузошта шуда ва дар Сарқонун сабт ёфтаанд, ҳамчунин мақсадҳои некамон – таҳкими минбаъдаи сулҳу салоҳ дар мамлакат, дӯстӣ ва ҳамдилии байни сокинон – намояндагони миллат ва динҳои гуногун, ки дар ҷумҳурӣ зисту зиндагӣ доранд, баланд бардоштани некуҳолии аҳолӣ, бунёди манзилҳои нав, зиёд кардани миқдори ҷойҳои корӣ инъикос ёфтаанд.
Муътақидам, ки ҳамаи мо муттаҳид гардида, бо меҳнати фидокорона, албатта ба забти қуллаҳои баланде, ки фатҳи онҳоро пешбинӣ кардаем, муваффақ мегардем.
Ҳамватанони азиз!
Бори дигар шумо, тамоми халқи моро бо ҷашни хотирмон – Рӯзи Сарқонун самимона муборакбод мегӯям, ба ҳамаи шумо сиҳату саломатӣ, бахту саодат ва дар оилаҳоятон фаровонҳолӣ орзу менамоям.
Бигузор ҳаёти халқи мо орому осуда бошад!
Бигузор Худованд Ватани дӯстдоштаи мо, тамоми моро дар паноҳи худ нигоҳ дорад!
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.