МУБОРАКБОДӢ БА ХАЛҚИ ӮЗБЕКИСТОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲО

Табрик

Ҳамватанони муҳтарам!
Дӯстони азиз!
Шумо, тамоми мардуми сермиллати Ӯзбекистонро бо Рӯзи дӯстии халқҳо, ки дар кишвари мо бори аввал таҷлил мегардад, самимона, аз таҳти дил муборакбод менамоям, ба ҳамаи шумо эҳтироми амиқ ва орзуву омоли беҳтарини худро иброз медорам.
Маълум аст, ки мувофиқи баённомаи Ассамблеяи Генералии СММ 30 июл дар тамоми ҷаҳон ба сифати Рӯзи байналмилалии дӯстӣ қайд карда мешавад. Дар Ӯзбекистон дар пояи қонуне, ки 10 феврали соли равон қабул гардид, ин сана ҳамчун Рӯзи дӯстии халқҳо муқаррар карда шуд. Таъсис додани ҷашни мазкур барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ ҳодисаи деринтизор гардид.
Сарзамини куҳан ва саховатманди мо дар тӯли асрҳои зиёд дар чорроҳаи Шоҳроҳи абрешим қарор дошт, маркази ҳамгароии тамаддун ва фарҳангҳои мухталиф буд, нафақат робитаҳои тиҷоратӣ, балки алоқаҳои башардӯстона амалӣ мешуданд. Маҳз муносибатҳои дӯстонаву некҳамсоягии намояндагони халқҳои мухталиф, ки дар ин сарзамин буду бош доранд, барои рушди мутамаддини тамаддун ва динҳои минтақаи мо такони пурқувват гардиданд.
Воқеан, дар замонҳои мушкил ҳам гузаштагони мо тамоми душворӣ ва санҷишҳоро, пеш аз ҳама бо такя ба ваҳдату ягонагӣ, фидокорӣ, инсонпарварӣ ва кушодадилии халқи сермиллати мо паси сар кардаанд.
Ӯзбекистон кишвари дорои захираҳои бузург аст. Вале сарвати бузургтарини мо ин сулҳу салоҳ, эҳтироми тарафайни байни намояндагони миллат ва динҳои мухталиф мебошад.
Мо барҳақ бо ин сарвати бебаҳои худ ифтихор мекунем ва тамоми нирӯву имконияти давлату ҷамъиятамонро ба таҳкими муҳити дӯстӣ ва ҳамдилӣ дар мамлакат сафарбар менамоем.
Дар Ӯзбекистони мустақил мустаҳкам кардани ҳамдилии байнимиллӣ ва байнидинӣ, ҳусни тафоҳум, тарбияи насли наврас дар рӯҳи кушодадилӣ, эҳтиром ба суннатҳои милливу умумиинсонӣ, ватандӯстӣ аз ҷумлаи бартариҳои муҳимтарини сиёсати давлат гардиданд.
Дар Сарқонун ва қонунҳои мо сабт шудааст, ки тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон новобаста аз миллат, забон ва дини худ ҳуқуқ ва озодиҳои баробар доранд. Онҳо барои рушди маданият, анъана ва урфу одатҳои худ бо тамоми имкониятҳо таъмин мебошанд.
Солҳои охир корҳое, ки дар ин самт татбиқ мегарданд, бинобар сифат ва мазмуни худ ба дараҷаи нав, ба сатҳи баланд бардошта шуданд.
Ҳоло мо дар назди худ мақсади бузург – бунёди Ӯзбекистони навро гузоштем. Бидуни шубҳа, дар ин роҳ муҳити дӯстӣ ва ваҳдат, ки дар ҷомеаи мо устувор гардидааст, асоси мустаҳками ҳифз ва таҳкими сулҳу эътидол дар мамлакат, пешрафти мустақим бинобар роҳи ислоҳоту навсозӣ, рушди нуфузи он дар арсаи байналхалқӣ ба шумор меравад.
Дӯстони муҳтарам!
Тавре ки шумо медонед, мо Консепсияи сиёсати давлатро дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ қабул кардем. Ҳуҷҷати мазкур бобати баланд бардоштани самаранокии корҳои мустақими мо дар самти мазкур асоси муҳими ҳуқуқӣ гардид.
Ҳамаи моро он чиз хурсанд мекунад, ки алҳол дар мамлакат намояндагони беш аз 130 миллат ва халқият дар оилаи ягона ва бародарона зисту зиндагӣ доранд. Онҳо дар тамоми соҳа ва ҷабҳаҳо фидокорона меҳнат мекунанд ва ба рушду гул-гулшукуфии Ӯзбекистони азиз саҳми сазовор мегузоранд.
Созмонҳои динии 16 мазҳаб фаъолияти худро озодона амалӣ менамоянд. Дар ҳамоҳангсозии минбаъдаи муносибатҳои байнимиллии мамлакат 150 марказҳои фарҳангии миллӣ нақши бузург доранд. Фаъолияти бисёрҷанбаи онҳо ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешавад. Аз ҷумла, Бунёди ҷамъиятии назди Олий Маҷлис барои ин мақсадҳо маблағҳои зиёдеро сафарбар менамояд, субсидия ва грантҳои мухталиф ҷудо карда мешаванд.
Дар Тошканд Боғи дӯстӣ бунёд меёбад, дар пойтахт ва минтақаҳо Хонаҳои дӯстӣ қад мекашанд, ки маркази ҳамгароӣ барои шаҳрвандони мо мегарданд.
Дар муассисаҳои давлатии таълимӣ бо 7 забон таълим дода мешавад, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон барномаву гуфторҳои худро ба 12 забон пахш менамояд.
Солҳои охир мо ба пурзӯр кардани робитаҳо бо ҳамватанони худ, ки дар хориҷа зисту зиндагӣ доранд, эътибори махсус медиҳем. Дар ин самт барномаи чорабиниҳо татбиқ мегарданд.
Ҳамаи мо саҳми сазовори намояндагони миллат ва халқиятҳои мухталиф, аз ҷумла роҳбарон ва фаъолони марказҳои миллии фарҳангиеро, ки дар кишварамон зисту зиндагонӣ ва барои саодати Ватан фидокорона меҳнат мекунанд, хуб медонем ва баланд арзёбӣ менамоем.
Дар байни онҳо мехостам арбобони машҳури ҷамъиятӣ, аз ҷумла Виктор Пак, Маргарита Филонович, Галина Мелникова, Владимир Бойко, Виктория Акилова, Раҳматулло Ҷабборов, Ришат Набиулин, Гуландом Субҳонова, Ҳанифа Салиҳова, Умриузоқ Қувватов, Серикбай Усенев, Кайкеп Алиева, Темур Кападзеро, ки барои насли наврас намунаи ибрат мебошанд, қайд намоям.
Дар арафаи ҷашни хотирнишини Рӯзи дӯстии халқҳо як қатор шаҳрвандони миллатҳои гуногуни мо бо мукофотҳои олии давлатӣ қадр шуданд.
Аз фурсат истифода бурда, онҳоро аз таҳти дил муборакбод менамоям ва ба ҳамаашон миннатдории амиқ изҳор мекунам.
Ҳамдиёрони муҳтарам!
Дар замони душвори кунунӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон зиддиятҳои байнимилливу байнидинӣ пурзӯр мегарданд. Дар чунин шароити мураккаб мо пеш аз ҳама, бояд сулҳ, эътидол ва ҳамдилии шаҳрвандиро дар ҷамъияти худ чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, фарзандонамонро дар пояи суннатҳои олии маънавиву ахлоқии халқи сермиллатамон тарбия кунем.
Дӯстони муҳтарам!
Бори дигар ҳамаи шуморо бо Рӯзи дӯстии халқҳо муборакбод менамоям.
Муътақидам, ки ин ҷашн дар қалбҳои мардуми мо мақоми сазовор пайдо мекунад ва дар ҳаётамон ба анъанаи нек табдил меёбад.
Ба ҳамаи шумо сиҳҳату саломатӣ, комёбиҳо, ба оилаҳоятон осудагиву фаровонҳолӣ орзу мекунам!
Бигузор, дар кишвари зебои мо ҳамеша сулҳу салоҳ ҳукмрон бошад, халқи сермиллати Ӯзбекистон хушбахт бошанд!

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: