МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ИЛЛАТҲО – КОРИ ҲАМА

Солҳои ҳаштодуму навадуми асри сипаришуда дар мактаби таълими умумӣ фаъолият бурда, айни замон ба рафти корҳо дар муассисаҳои таълими томактабӣ то андозае шинос будам.

Солҳои ҳаштодуму навадуми асри сипаришуда дар мактаби таълими умумӣ фаъолият бурда, айни замон ба рафти корҳо дар муассисаҳои таълими томактабӣ то андозае шинос будам. Оиди дар баъзе боғчаҳои бачагона гузошта шудани иқдоми номатлуб овозаҳо паҳн мешуданд. Мегуфтанд дар таъмини хурдтаракон бо озуқа дуздӣ ба назар мерасад. Яъне ба дег на ҳамаи маҳсулоте меафтад, ки дар таомнома қайд ёфтааст. Айбдор кӣ? Ошпаз ё мудири хоҷагии боғчаи кӯдакона? Ва ё идораи хӯроки умумӣ, ки ба муассисаҳо маҳсулоти  озуқавориро тақсим менамояд?
Дузд танҳо нест, мегуфтанд бо афсӯс ҳолдонҳо. Аз мудири анбори озуқанигоҳдорӣ сар карда, то ошпаз кам-кам «ҳақи худ»-ро мерабоянд. Ҳуҷҷате, ки мудири хоҷагии боғча имзо гузошт, ба миқдори маҳсулоте, ки қабул кард, мувофиқ ё не? Дуздӣ ва хиёнатеро, ки рӯирост содир мешавад, дида истода, вай ҳам худдорӣ карда наметавонад. Мудири боғча низ бенасиб намемонад, албатта. Ҳамаи инро ҳискунон, дар ниҳояи кор ошпаз ҳамроҳ мешавад ба амалиёти «хиёнат бар ҳаққи бача».
Кори давлат – таҳти ҳисобу-китоб.
Тафтишҳо пеш бурда мешуданд дар муассисаҳои зикршуда. Аммо вақте гулӯи тафтишгар равған карданд, вай ба лаб «кулӯх» мемолид, яъне тавре ҳуҷҷатҳоро расмӣ мекард, гӯё ҳамаш ҷобаҷост...
Аз байн солҳои зиёд гузаштанд. Дар баробари дигар соҳаҳо таълими халқ ва сохтори муассисаҳои томактабӣ куллан тағйир ёфт. То корҳо ривоҷи тоза ёбанд, Вазорати таълими томактабӣ ташкил гашт. Ба мустаҳкам гузоштани пойдевори таълим дар боғчаҳои бачагона эътибор пурзӯр гардид. Маоши ходимон бардошта шуд. 
Биноҳои куллан замонавӣ ва барои таълиму тарбия, парвариши ҳарҷонибаи «гулҳои ҳаёт» ҳамаи имкониятҳо фароҳам. Ҳамаи ин, бешубҳа, мамнунӣ мебахшад. Вале ҳамон ба гӯш расида истодани овозаҳо бобати хиёнат ба ҳақи бачаҳо-чӣ? Наход муассисаҳои таълими томактабӣ аз коррупсия, ки яке аз иллатҳои басо хавфноки ҷамъиятист, ҳанӯз батамом фориғ не? 
Ба таъкиди сардори хидмати назоратии аудити дохилӣ, молия ва ҳуқуқи Вазорати таълими томактабӣ Д. Норматов, хиёнат ба ҳақи кӯдакон аз пасттарин ва зишттарин хиёнатҳост, зеро бача ҳанӯз хурдакак, вай худро ҳимоя карда наметавонад...
Бо кадом рӯ нони ба даҳон бурдаи тифлро зада мегиранд?  
Беҳуда нагуфтаанд, ки муносибат ба кӯдак ҷиҳатҳои ба худ нозук дорад. Ҳуқуқи вайроншудаи ӯро аз нав барқарор сохтан бо кадом маъное – ғайриимкон.
Вазифаи асосии хидмати аудити дохилӣ дар Вазорати таълими томактабӣ аз чӣ иборат?
Хидмати мазкур асосан мақсаднок сарфшавии харҷҳои ҷорӣ дар муассисаҳои таълими томактабиро назорат менамояд. Масалан, аз маоши ходимон сар карда, то истифодаи маҳсулоти озуқаворӣ дар боғчаҳои бачагона, пардохтҳои коммуналӣ дар соҳа, таъмири ҷорӣ ва ғайра – таҳти назорати аудит.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ғайриқонунӣ ҷудо карда шудани музди меҳнат ба ходимон зиёд ба чашм мерасад. Масалан, дар давоми соли 2019 – 9,4 миллиард сӯм, дар даҳ моҳи аввали соли 2020-ум бошад, 8,5 миллиард сӯм маблағ ғайриқонунӣ пардохта шудааст.
Ноҷо харҷёбии маблағҳои ба озуқаворӣ ҷудошуда низ касро ба ташвиш мегузорад.
Мисолан, ин гуна маблағҳо дар соли 2019 – 6,2 миллиард, дар даҳ моҳи аввали  соли 2020 бошад, 3,6 миллиард сӯмро ташкил менамояд.
Маҷмӯъҳои санҷишӣ дар як қатор муассисаҳои таълими томактабии шаҳри Каттақӯрғон (соли 2019) нишон доданд, хиёнат дар соҳа аз дер реша давонда ва ҳамон дар «нашъунумӯст». Аз соли 2014 сар карда, то даврае, ки қайд гашт, бештар аз 1 миллиард сӯм маблағи давлат тороҷ карда шудааст.
«Ҷонҳои мурда» ном асари  ҳаҷвии Гоголро аксарият хондаем.  Мегӯянд, ин тавр «ҷонҳо» дар боғчаҳои кӯдаконаи мо ҳанӯз зиёд. Масалан, дар муассисаҳои таълими томактабии шаҳри Самарқанд тӯли солҳои 2018-2020 ба 22 нафар, ки ба боғча наздик нашудаанд, музди меҳнат навишта шудааст. Ҷамъ 122 миллион сӯмро, ҳамин тавр, обу лой намудаанд. 
Мудираи боғчаи кӯдаконаи рақами 26-уми ноҳияи Қибрай ба номи ходимони корнакарда ҳуҷҷатҳои сохта тақдим намуда, 200 миллион сӯми буҷаро ғайриқонунӣ сарф намудааст.
Дар муассисаи таълими томактабии рақами 22-юми ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро 202 миллион сӯм камомад, айни замон, сохта будани қайдномаҳо дар пардохти маоши ходимон аниқ гардидааст.
Тӯли солҳои 2018-2020 ба номи ходимоне, ки вазифаашонро пурра ба иҷро нарасондаанд, беасос 20 миллион сӯм маош навишта шудааст. 
Риоянасозӣ ба қонунияти хариди давлатӣ аснои хариди ҷиҳозҳо ба муассисаҳои таълими  томактабӣ низ табъхиракунанда. Мисолан, дар ноҳияи Бӯстон бо ин роҳ рӯйпӯшҳоро қасддан бо нархи гарон харида ва манфиат дида, ба чашми қонун хок пошидан хостаанд. 
20-30 сол муқаддам, асосан ба озуқаворӣ «чашмалокуни»-ҳо ба назар расанд, тавре мебинем, имрӯзҳо коррупсия дар шаклҳои гуногун ба қисме аз муассисаҳои таълими томактабӣ роҳ ёфта, муътадилии вазъ дар ҷараёни таълиму тарбияро халалдор месозад.
Кор то ҷое расида, ки роҳбар ба номи ходимоне, ки дар кор нест, маош менависад.
Вай нафақат бо қонеъсозии нафс ба ҷиноят роҳ медиҳад, балки барои ғайриқонунӣ соҳиби собиқа шудани «ҷони мурда» замина мегузорад. Он «ҷони мурда», эҳтимол, берун аз мамлакат аст ва ба гурӯҳҳои ҷиноию ифротӣ ҳамроҳ?
Дар ниҳояи сухан боз баргардем ба мавзӯи озуқа дар боғчаҳо. Масъулон наход ба гӯшаи хотир наоранд, ки дар хонадонҳо аз бача «Имрӯз чӣ хӯрдӣ? Таом бомаза буд ё не?» гӯён мепурсанд? Бача бошад, ҳақи гапро мегӯяд дар ҳар ҳолат. Вақте аз гӯшт ё равған «заданд», таом хушлаззат шуданаш мумкин?
Кӯдаки имрӯза кӯдаки 20-30 сол пештара не. Вай аз ҳама гапу кори дунё бохабар. Вақте дар боғча аломатҳои коррупсиониро пай бурд, ба чӣ хаёлҳо меравад?
Мехостем хидмати аудит дар муассисаҳои томактабӣ алайҳи иллатҳо сахттар мубориза барад. Падару модарон, фаъолони маҳаллаҳо ва умуман ҷомеаи васеъ дар ин самт ба хидмати зикршуда аз наздик мадад расонанд. 

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: