МУБОРИЗА АЛАЙҲИ КОРРУПСИЯ ВУСЪАТ ПАЙДО ХОҲАД КАРД

Дар низоме, ки Шӯрои миллии мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ эълон кардааст, роҳҳои мубориза ба муқобили иллати ногувор дар саросари ҷумҳурӣ тавзеҳ ёфтааст.

Дар низоме, ки Шӯрои миллии мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ эълон кардааст, роҳҳои мубориза ба муқобили иллати ногувор дар саросари ҷумҳурӣ тавзеҳ ёфтааст. Тавре ки масъули хизмати матбуоти ин ниҳод Дурдона Очилова мегӯяд, низоми мазкур аз қоидаҳои умумӣ шурӯъ шуда, се боби дигари он вазифаҳои асосӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо ва ташкили фаъолияти шӯроро дар манотиқи кишвар дар бар мегиранд.
– Ёдовар мешавам, ки барои боз ҳам босамар гардидани мубориза бо коррупсия дар минтақаҳои мамлакат – Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд шӯроҳо таъсис дода шуданд, ки фаолияти худро бар асоси Низом пиёда ва фаъолияти ниҳодҳои иштирокчии онро мувофиқ мегардонанд, – гуфт Дурдона Очилова. – Иҷрои ҳар қароре, ки кенгаши минтақавӣ қабул кардааст, барои ҳамаи ҳокимияти давлатӣ ва ниҳодҳои идоракунӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмону ташкилотҳои дигар ҳатмӣ мебошад. Ба роҳ мондани чунин тарзи кор бо риояи Қонуни асосӣ, қонунҳои мавҷуда, фармонҳо ва қарорҳои Президент ва Низом, инчунин қарори Шӯрои миллии мубориза бо коррупсия татбиқ мегардад. Ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ яке аз самтҳои дигари фаъолияти Шӯрои минтақавиро ташкил менамояд. 
Дурдона Очилова дар робита ба вазифаҳои Шӯроҳои минтақавӣ таъкид кард, ки ташкил намудани татбиқи барномаҳои давлатии мубориза бо коррупсия, мувофиқгардонӣ ва таъмини ҳамкориҳои миёни ниҳодҳои иштирокчии мубориза бо коррупсия ва ташкилотҳо, дар баробари ин, баланд бардоштани шуурнокӣ ва фарҳанги мардум ҷиҳати мубориза бо коррупсия, ташаккул додани муносибати онҳо оид ба муборизаи беамон бо ин иллати барои ҷомеа хавфнок ва амсоли он аз вазифаҳои асосӣ ва муҳиму ҳаллашон ногузир маҳсуб меёбанд. 
Маълум шуд, ки гирдоварӣ ва ба Шӯрои миллӣ тақдим намудани ахбори зарурӣ дар бораи ҳолатҳо ва равандҳои коррупсионӣ, таҳлилу баррасии он аз ҷанбаҳои муҳими кори масъулини ниҳодҳои маҳаллӣ дар ин самт мебошад. Гузаронидани мониторинг дар бораи тадбирҳое, ки ба бартараф сохтани иллатҳои коррупсионӣ нигаронида шудаанд,  аз механизмҳои ташкилӣ-амалӣ ва ҳуқуқӣ иборатанд.
Ногуфта намонад, ки шӯроҳои минтақавӣ дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо мебошанд. Аз ҷумла, қабули қарор дар бораи самаранокии фаъолияти ниҳодҳо ва ташкилотҳои иштирокчии раванди мубориза бо коррупсияро аъзои шӯроҳои минтақавӣ ба амал мебароранд. Шунидани ҳисобот ва маърӯзаҳои роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ оид ба фаъолияташон дар ҷараёни кори мубориза бо коррупсия, таъсиси гурӯҳи комиссияи корӣ ё гурӯҳи коршиносон, ба он ҷалб намудани мутахассисони варзидаи маҳаллӣ ва хориҷӣ, баргузор намудани омӯзиш ва тайёр намудани таклифу пешниҳодҳо дар доираи фаъолияти шӯроҳои минтақавӣ пиёда мегарданд. 
– Таъмини фаъолияти босамари воситаҳои ахбори умум, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бидуни иштибоҳ дар муборизаи беамон бо коррупсия натиҷаҳои қаноатбахш ба бор хоҳанд овард. Ғайр аз ин, дар мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ, коллеҷу литсейҳо ва макотиби олӣ ҷорӣ намудани фанне, ки пешгирӣ аз коррупсияро тарғиб менамояд, хеле ба мақсад мувофиқ мебошад, – мегӯяд Дурдона Очилова. 
Гуфта мешавад, ки мунтазам ҷорӣ намудани барномаи “Соҳаи бидуни коррупсия” дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳо, кор карда баромадани сохтори “Экспертиза алайҳи коррупсия” ва назорати он аз корҳои аввалдараҷаи шӯроҳои минтақавӣ мебошанд. Инчунин ташкил кардани маърӯзаҳо оид ба ҷорӣ намудани воситаҳои байналмилалии мубориза бо коррупсия дар ниҳодҳои идории давлатӣ ва хоҷагӣ, корхонаҳои давлатӣ, корхонаҳои дорои саҳмияҳои давлатӣ, банкҳо низ дар бартараф намудани ҳолатҳои коррупсионӣ хеле мусоидат хоҳанд кард.
– Ӯҳдадориҳое, ки шӯроҳои минтақавӣ бар дӯш доранд, бар асоси қарорҳои Президенти мамлакат, ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Шӯрои миллии мубориза бо коррупсия  ташкил намудани ҷамъи чорабиниҳо мебошад. Шӯроҳо вазифадоранд, ки бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии минтақаҳо муштаракан дар шабакаҳои иқтисодӣ ва соҳаҳои дигар барои баҳогузории дараҷаи коррупсия Индекси миллии қабули коррупсияро кор карда бароянд ва оид ба мувофиқгардонии корҳои такомулёфта ба Агентии мубориза бо коррупсия гузоришу маълумотҳо тақдим намоянд, – гуфт Дурдона Очилова. 
Дар таркиби шӯроҳои минтақавӣ намояндагони маҳаллии идораҳои давлатӣ, депутатҳо, роҳбарони ташкилотҳои ғайридавлатӣ шомил карда мешаванд. Он ба таври доимӣ фаъолият мекунад ва дар се моҳ як маротиба ҷамъомадҳои худро таъсис медиҳад. Дар бораи он ки дар ин ҷамъомад кадом масъалаҳо баррасӣ хоҳанд шуд, ҳатман Шӯрои миллиро огоҳ мекунад. Гуфта мешавад, ки танҳо дар сурати бо аксарияти овозҳо  қабул гардидани қарори муҳокимашуда он ҳукми қонуниро мегирад ва аз тарафи раиси шӯро тасдиқ карда мешавад.
Ҳамин тавр, ба фаъолият шурӯъ намудани шӯроҳои минтақавӣ мусоидат хоҳад кард, ки домани мубориза ба муқобили коррупсия  дар саросари кишвар, бо дарназардошти тамоми соҳаҳо, фарохтар гардад ва ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ин иллати хавфноку зараровар корҳои муфид ба сомон расанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: