Дар мамлакатамон муборизаи беамон ба муқобили коррупсия ба сиёсати устувори давлатӣ мубаддал гаштааст.
Дар мамлакатамон муборизаи беамон ба муқобили коррупсия ба сиёсати устувори давлатӣ мубаддал гаштааст. Дар ин замина беш аз 70 ҳуҷҷат қабул карда шуд, ки барои аз ҷомеа куллан рафъ намудани фасодкорӣ мусоидат хоҳанд кард. Ногуфта намонад, ки омилҳои бавуҷудорандаи коррупсия бояд пеш аз ҳама муайян кардаву ҷиҳати бартараф намудани он муҳити созгор фароҳам оварда шавад.
29 июни соли 2020 барои муборизаи қатъӣ бо коррупсия ду ҳуҷҷати муҳим қабул гардид. Ин ҳуҷҷатҳо аз фармони Президент “Дар бораи чораҳои иловагии такомул бахшидан ба муборизаи системанок бо коррупсия” ва қарори сарвари давлат “Дар бораи ташкил намудани Агентии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон” иборат мебошанд. Маҳз дар заминаи ҳамин фармону қарори Президент Агентии мубориза бо коррупсия ташкил ва ҳамчун органи ваколатдори махсус фаъолияташро дар ин самт беш аз пеш тавсеа бахшидааст.
Ин нукта бояд таъкид гардад, ки дар айни замон агентӣ иҷрои якчанд вазифаи устуворро барномарезӣ кардааст. Ба таври мисол, таҳлили систематикии ҳолати коррупсия дар кишвар, ташаккул додани муборизаи беамон ба муқобили ҳар гуна намуди коррупсия, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти ҷилавгирӣ ва муборизаи бошиддат бо коррупсия, ташкили фаъолияти муштараки самарабахши мақомоти давлатӣ, васоити ахбори умум, ниҳодҳои шаҳрвандӣ ва бахшҳои дигари ғайридавлатӣ оид ба масъалаҳои таҳти назар аз шумори иҷрои корҳое мебошанд, ки барои кормандони агентӣ ва ҷомеаи кишвари мо ногузир маҳсуб меёбанд.
Инчунин мо ӯҳдадор ҳастем, ки ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, ҷорӣ намудани стандартҳои ростқавлӣ, ростгӯӣ ва ҳалли низоъҳо дар хизмати давлатӣ ноил шавем. Дар баробари ин, таҳлили самараноки системаи назорати зидди коррупсия дар истифодаи маблағи буҷавӣ, қарзи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ ва хариди давлатӣ низ аз ҳамин вазифаҳои устувори ниҳоди агентӣ ба шумор мераванд.
Бечуну чаро, мо бояд дар соҳаи мубориза бо коррупсия ҳамкориҳоро дар сатҳи байналмилалӣ низ ба роҳ монем, дар акси ҳол ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил нахоҳем шуд. Хушбахтона, дар Агентии мубориза бо коррупсия корҳои системанок ба амал бароварда мешаванд.
Ҳоло мо муайян намудаем, ки дар 26 вазорат ва идора хавфи зуҳури коррупсия бештар мебошад, барои ҳамин дар ин вазорату идораҳо назорати дохилиро бояд пурзур намуд ва тақвият бахшид. Мо дар ин вазорату идораҳо шӯъбаҳои назоратиро таъсис намудем. Дар натиҷа дар дасткам даҳ органи давлатӣ ва корхонаҳо муборизаи системанок бо коррупсияро ҷорӣ кардем ва ин мусоидат намуд, ки ба сертификати стандарти байналмилалии ISO 37001:2016 соҳиб шавем.
Аз моҳи октябри соли равон чунин сохтор дар соири органҳои давлатӣ ва ташкилотҳо, аз ҷумла, ҳокимиятҳои маҳаллӣ низ ҷорӣ карда хоҳад шуд.
Самти дигари кори мо ба соҳаҳои сохтмони капиталӣ, таълимоти олӣ, харидҳои давлатӣ ва сиҳати омма нигаронида шудааст. Дар ин замина мо лоиҳаҳои “Соҳаи холӣ аз коррупсия” ва дар ноҳияи Давлатободи вилояти Намангон “Ҳудуди холӣ аз коррупсия”-ро таҳти татбиқ қарор додаем.
Албатта, мушкил аст, ки бидуни кумаки журналистону блогнависон дар мубориза бо коррупсия ба ҳадафҳои зиёд мерасида бошем. Барои ҳамин ҷиҳати пешгирӣ намудан ва муборизаи беамон бо коррупсия дар назди агентӣ клуби “Журналистон ва блогнависон” ва Шӯрои иҷтимоӣ таъсис додем.
Гузашта аз ин, Агентӣ дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои байналмилалӣ бо намояндагии СММ дар Ӯзбекистон, Барномаи рушди СММ, Садорати мубориза бо нашъамандӣ ва ҷинояткории СММ, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Ташкилоти ҳаммкорӣ ва тараққиёти иқтисодӣ, ваколатхонаи ҳайати Иттиҳоди Аврупо, Шӯрои Аврупо, инчунин Бюрои назорат бар маводи мухаддир ва таъмини ҳуқуқи Департаменти давлатии ИМА, Агентии рушди байналмилалии ИМА, хазинаи ба номи Конрад Аденауэри Олмон, ташкилоти ғайридавлатии “Мулоқоти минтақавӣ” ва амсоли он ҳамкориҳои доманфарохи худро ба роҳ мондааст ва онро тавсеа мебахшад.
Мувофиқи фармони Президент аз 16 июни соли 2021 Агентӣ вазифадор дониста шуд, ки мувофиқгардонӣ ва мониторинги доимии фаъолияти шаффофи органҳо ва ташкилотҳои давлатиро таъмин намояд. Дар ин замина дар таркиби агентӣ Садорати таъмини фаъолияти шаффофи органҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ташкил карда шуд.
Дар айни ҳол ба нақша гирифта шудааст, ки амалиёти эълон намудани ба кор ҷалб кардан, ба амал баровардани хариди давлатӣ, ташаккул додани буҷа ва шаффофияти истифодаи ҷамъи ин маблағҳо дар тамоми муассисаҳои давлатии сатҳи миллӣ ва ноҳиявӣ ҷорӣ карда шавад.
Агентии мубориза бо коррупсия бар ин аст, ки истифодаи маблағ барои хариди давлатӣ, аз ҷумла, маблағи буҷаҳои давлатӣ, маблағҳои ихтисосдодаи созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва хориҷӣ ҳамеша ба тарзи шаффоф ба амал бароварда шаванд. Агентӣ инчунин роҷеъ ба он ки то чӣ андоза он бар асоси рақобат ташкил карда шудааст, мониторинг мекунад. Ба таври мисол, мувофиқи чорабиниҳои мониторингии пиёдашудаи агентӣ бештар аз 450 озмуни тендерӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шуд. Маълум гардид, ки зимни харидҳои давлатӣ ба вайрон шудани қонунгузориҳо роҳ дода шудааст, барои ҳамин натиҷаи ин озмунҳо бекор гардида, айбдорон мувофиқи айби худ муҷозот шуданд.
Дар натиҷаи ин ҳаракатҳо Ӯзбекистон дар рейтинги “Индекси қабул кардани коррупсия”-и ташкилоти ғайридавлатии “Transpa-rency International” дар давоми ду соли охир ба 12 зина боло баромад ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз рӯи натиҷаҳои нишондоди мубориза бо иллати коррупсия ҷои беҳтаринро ишғол намуд.
Имрӯз агентии мо бо коршиносони байналмилалӣ барои таҳияи рейтинги миллии мубориза бо коррупсия аз наздик ҳамкорӣ менамояд. Ҳамасола аз рӯи он индекс, ки нашр мешавад, мо метавонем тасвири воқеии сатҳи коррупсия дар мамлакатро муайян кунем.
Акмал БУРҲОНОВ,
директори Агентии
мубориза ба зидди
коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.