МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ ДАР МАҲАЛЛАҲО

Мувофиқи иҷрои Қонуни таърихии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», аз тарафи Бунёди ҷамоатии хайрияи «Маҳалла», Шӯрои мувофиқгардонии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандони вилояти Намангон таҳти шиори «Беҳтарин ҷамоати шаҳрвандони маҳалла» озмун-азназаргузаронӣ баргузор гардид.

Дар он ғолибони марҳилаи ноҳиявии озмун бинобар се шарт иштирок намуданд.
Иштирокдорон мувофиқи шарти якум, оид ба корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотие, ки  дар ҳудуди маҳалла бар зидди коррупсия ба роҳ монда шудааст, нақл карданд.
Дар шарти дуюм иштирокчиён доир ба қонуни «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» чӣ гуна дониш ва маълумот доранд, маълумот доданд.
Шарти сеюм кори эҷодӣ буда, иштирокдорон бинобар набори видеоӣ, ки бар зидди коррупсия ба навор гирифта шудааст, таассуроташонро нақл намуданд.
Раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Янгиер»-и ноҳияи Чуст Фирӯза Рустамова ҳамаи шартҳоро муваффақиятнок ба анҷом расонида, бо 139 хол ба ҷойи якум ноил гардид ва ба марҳалаи ҷумҳурии озмуни номбурда роҳхат гирифт.

А. МУРОДОВ, хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: