МУБОРИЗА БО МАЪРИФАТ АЛАЙҲИ ҶАҲОЛАТ

Дар Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон таҳти мавзӯи «Давлат ва дин» таҳти рукни «Маърифат алайҳи ҷаҳолат» суҳбати «мизи мудаввар» доир гардид.

Дар он роҳбарияти академия, намояндагони ташкилотҳои дахлдор, мутахассисони соҳа ва журналистон ширкат варзиданд. 


Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ бинобар такмил додани фаъолияти соҳаи диниву маърифатӣ» аз 4 сентябри соли 2019 ба тасвиб расид. Дар қарори мазкур минбаъд такмил додани соҳаи диниву маърифатӣ дар асоси ғояи маърифат алайҳи ҷаҳолат дар ҷамъият фазилатҳоеро мисли инсонпарварӣ, некӣ ва осоиштагӣ,  таҳаммулпазирии диниро васеъ тарғиб кардан, инчунин, як қатор вазифаҳо мисли таъмин кардани барқарории муҳити иҷтимоиву маънавӣ, устувории қонун алоҳида қайд гардидааст.
Дар чорабинӣ як қатор масъалаҳои муҳими рӯз мисли муносибати тарафайни давлат бо дин ва ташкилотҳои динӣ дар Ӯзбекистон, моҳияти сулҳпарваронаи дини ислом, ҳамчунин танқиди мутаассибӣ ва ҷаҳолат дар он, аҳамияти ғояи мубориза бо «маърифат алайҳи ҷаҳолат», реабилитатсияи иҷтимоӣ кардани шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири ғояҳои экстремистӣ монда, роҳгум шудаанд, ба равиши илмиву амалӣ таҳлил карда шуданд.
Дар чорабинӣ тақдимоти  дастурамали таълимии «Маърифат алайҳи ҷаҳолат», ки аз ҷониби Маркази  тадқиқотҳои илмӣ ва лоиҳаҳои инноватсионии Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон дар асоси таҳлилҳои пухта омода гардидааст, низ ба амал омад. Дар дастурамали таълимии мазкур моҳияти ҳамҷиҳатии байни миллатҳо, таҳаммулпазирии динӣ, ҷиҳатҳои манфии таассуб, экстремизм ва терроризм бо маълумот ва далелҳои зиёд инъикос гардидааст.
Ба гуфтаи Президент Ш.Мирзиёев: «Дини ислом моро ба некиву осоиштагӣ, ҳифзи фазилатҳои аслии инсонӣ даъват мекунад». Аз ин нуқтаи назар маърифатро аз ҷаҳолат ҷудо карда барои ҳифзи арзишҳои милливу динӣ, ки асрҳо боз аз ниёгонамон мерос омадаанд, кӯшиш ба харҷ додан айни муддао мебошад.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: