МУБОРИЗА БО РИШВАТХОРӢ НАТИҶАҲОИ БОСАМАР МЕДИҲАД

Ба иттилои дафтари матбуоти Хидмати амнияти давлатии Ӯзбекистон кормандони ин ниҳод мубориза бо ришватхорӣ вусъат бахшидаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Хидмати амнияти давлатии Ӯзбекистон кормандони ин  ниҳод мубориза бо ришватхорӣ  вусъат бахшидаанд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки бар асари сайъу талоши онҳо ин кор беш аз пеш доман фарох намудааст ва дар муддати кӯтоҳ аз якчанд ҳодисаи марбут ба коррупсионӣ ҷилавгирӣ шудааст.
Дафтари матбуоти ХАД қайд намудааст, ки бо вуҷуди пиёда кардани чораҳои қатъӣ ва корҳои тавзеҳотӣ одамони алоҳида даст аз қонуншиканӣ барнамедоранд ва ба фаъолиятҳои ришватхорӣ идома медиҳанд. 
 Аз ҷумла, корманди масъули ҳокимияти ноҳияи Бектемири пойтахт ба як соҳибкор ваъда додааст, ки дар ивази 4 ҳазор доллари амрикоӣ қитъаи майдони зери метрои рӯизаминӣ, воқеъ дар ноҳияи Яшнободро барояш расмӣ кунонида медиҳад.
Дар ҷараёни пиёда кардани як амалиёти муштараки кормандони ХАД ва намояндагони прокуратураи шаҳр ин шахси масъули ҳокимият зимни гирифтани ришваи муқарраршуда дар ҷои ҳодиса боздошт шудааст. 
Ҳодисаи дигаре, ки боз ба амали ришватхорӣ алоқаманд аст, дар вилояти Самарқанд рух додааст. Зимни пиёда кардани амалиёти фаврии кормандони амният ва корҳои дохилии вилояти Самарқанд дотсенти Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд бо ҳамтабақи худ, ки нақши миёнаравро мебозидааст, бо 10 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт карда шудаанд. Устоди донишкада ба як сокини ин вилоят ваъда додааст, ки дар ивази ҳамин пул ӯро шомили донишкада мекунад.
Гуфта мешавад, ки ду сол қабл ин устоди донишкада аз тарафи роҳбарият барои фаъолиятҳои ғайриқонунӣ аз кор озод карда шуда буд. Аммо вай аз тариқи муроҷиат ба додгоҳ даъво кардааст, ки ӯро роҳбарияти донишкада ғайриқонунӣ аз кор озод кардааст. Вай 2 июли соли равон дубора ба кор барқарор шудааст. Вале чанд рӯз нагузашта даст ба ришватхорӣ задаву боздошт гардидааст.
Ҳамчунин духтури поликлиникаи марказии серсоҳаи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд  ҳангоми гирифтани 18 ҳазор доллар боздошт шудааст. Ӯ ин маблағро аз се нафар сокинони вилоят гирифтанӣ шудааст, ки ба воситаи шахсони шиноси воломақоми худ онҳоро ба Донишгоҳи тиббии Самарқанд дохил мекунад. Шахси дувум, ки дар бахши самарқандии Маркази кӯмакҳои фаврии ҷумҳурӣ чун духтур  фаъолият мекардааст, дар чаҳорчӯби пиёда кардани як амалиёти муштараки кормандони ниҳодҳои амниятиву интизомӣ дастгир шудааст.
Дафтари матбуоти ХАД мегӯяд, ки чунин ҳодисаҳои қонуншиканӣ дар Қароқалпоқистон низ ба қайд гирифта шуданд. Ба таври мисол, ҷонишини декани яке аз факултаҳои Донишкадаи давлатии омӯзгории Нуқус ба сокини ноҳияи Кегейлӣ ваъда додааст, ки барои дохилшавии ӯ ба донишгоҳ кӯмак мерасонад. Барои ин вай аз муштарии худ 3 ҳазор доллар ришва талаб кардааст. Аммо ҳангоми гирифтани пул аз тарафи кормандони ХАД ва прокуратура боздошт шудааст. 
Корманди дигари ин донишкада зимни гирифтани 8 ҳазор доллар мавриди боздошт қарор гирифтааст. Вай дар ивази ин пул ваъда додааст, ки чаҳор нафар сокини ноҳияи Беруниро шомили донишкада мекунад.
Бино ба ин манбаъ дар вилояти Бухоро низ маҳз чунин ҳодиса такрор шудааст. Устоди Донишгоҳи давлатии Бухоро  бошандаи ноҳияи Ҷондорро барои худ муштарӣ интихоб кардааст. Вай ба ин ҷавон ваъда додааст, ки агар 4 ҳазор доллар ришва диҳад, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бухоро мешавад. Вайро низ зимни гирифтани ин маблағ боздошт кардаанд.
Дафтари матбуоти ХАД мегӯяд, аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳои зикршуда парвандаҳои ҷиноӣ боз карда шуданд ва ҷинояткорон мувофиқи моддаҳои Кодекси ҷиноӣ дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод. Ҳоло баъзе чораҷӯиҳои дигар низ андешида хоҳанд шуд, то ки шахсони ба ин ҳодисаҳо  алоқаманд низ боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор дода шаванд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: