МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА БА МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ БАРРАСӢ ГАРДИД

25 марти соли равон дар шаҳри Тошканд таҳти раёсати Ҳиндустон ҷаласаи 37-уми Кумитаи иҷроияи Шӯрои Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай доир гашт.

Дар он намояндагони идораҳои салоҳиятдори Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Хитой ва Ӯзбекистон ширкат намуданд. 
Дар маросими ифтитоҳи он гуфта шуд, ки муборизаи муштарак бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир танҳо дар дастаҷамъӣ самараи нек ба бор хоҳад овард. Эълон гардид, ки Директори Кумитаи иҷроияи Шӯрои Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ ба дӯши Руслан Мирзоев вогузорӣ шудааст ва вай аз номи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин мақом қарор дорад.
Шив Лиурари Сахай, намояндаи Ҳиндустон, сарпарасти  ҷаласаи навбатии Шӯрои СМЗТ СҲШ, изҳор намуд, ки соли 2021 вазъияти зиддитеррор дар минтақа ҳамоно ба ташаннуҷ рӯ ба рӯ мебошад. Барои ҳамин дар ин ҷаласа онҳо масъалаи басо мубрамро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
– Бо эътимод гуфта метавонам, ки мо аз рӯи масъалаҳои таҳти назар байни ҳам табодули назар хоҳем кард ва дар охир ба як қарори муштарак хоҳем омад, – гуфт Шив Лиурари Сахай.
Баъд ҷаласаи 37-уми Шӯрои Сохтори минтақавии  зиддитеррористии  СҲШ бидуни ҳузури хабарнигорон идома намуд. 
Маълум шуд, ки иштирокчиёни он дар ин ҷаласа 18 масъаларо дар меҳвари гуфтугӯ қарор доданд ва дар атрофи ҳар як масъала намояндагони кишварҳои узви СМЗТ СҲШ фикру ақидаҳои худро ба миён гузоштанд. Гуфта мешавад, ҳамаи ин масъалаҳо ба таъмини амният, суботу осоиши минтақавӣ нигаронида шудаанд.
Дар  охири ҷаласа  Кумитаи иҷроияи Шӯрои Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ изҳороти муштарак пахш намуд. Онро Директори Кумитаи иҷроияи Шӯрои Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Руслан Мирзоев ба самъи хабарнигорон ироа намуд.
– Ҷаласаи навбатии Шӯрои СМЗТ СҲШ таҳти раёсати Ҳиндустон баргузор гардид. Дар он вазъияти амнияти минтақавӣ, мубориза ба муқобили терроризм, сепаратизм ва ифротгароӣ дар фазои СҲШ таҳти баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон роҷеъ ба сатҳи ҳамкории муштараки ниҳодҳои марбутаи давлатҳои узви СҲШ низ дар ин ҷаласа табодули назар сурат гирифт. Ҷаласа лоиҳаи маърӯзаи Шӯрои СМЗТ СҲШ-ро ба унвони Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ дар бораи фаъолияти ин сохтор дар соли 2021 дастаҷамъона ба тасвиб расонид. Инчунин, иттилоъ дар бораи иҷрои қарорҳои Шӯрои СМЗТ СҲШ дар соли 2021-ро иштирокчиёни ҷаласаи 37-ум баррасӣ намуданд. Ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ барои соли сипаришуда баҳои мусбат дода шуд, – изҳор намуд Руслан Мирзоев.
Гуфта шуд, ки аз пешниҳодҳои ҷониби Ҳиндустон ва Қазоқистон дар бораи дар соли 2022 баргузор намудани тамринҳои муштараки зиддитеррористии ниҳодҳои босалоҳияти давлатҳои узви СҲШ зери унвони “Менесар-Зиддитеррор-2022” ва  Амалиёти муштараки ниҳодҳои марзбонӣ таҳти унвони “Марзи дӯстӣ-2022” куллан ҷонибдорӣ шуд.
– Иштирокчиёни ҷаласа аз баргузории Ҷамъомади ҳаштуми роҳбарони хадамоти марзбонии ниҳодҳои босалоҳияти кишварҳои узви СҲШ ва Конфронси ҳаштуми илмӣ-амалии СМЗТ СҲШ низ  ҷонибдорӣ карданд,– иброз дошт директори Кумитаи иҷроияи Шӯрои СМЗТ СҲШ Руслан Мирзоев.
Ҷаласа аз рӯи масъалаҳои ташкилӣ, кадрӣ ва таъминоти молиявии фаъолияти Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ низ ба тавофуқ расидааст.
Ба гуфтаи Руслан Мирзоев дар ин ҷаласа як гурӯҳ кормандони идораҳои салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ, инчунин мақомоти роҳбарии СМЗТ СҲШ бо Ифтихорнома ва Нишони хотиравии СМЗТ СҲШ сарфароз гардидаанд.
Иштирокчиёни ҷаласа ба тавофуқ расидаанд, ки нишасти навбатии Шӯрои СМЗТ СҲШ дар таърихи 14 октябри соли 2022 дар Ҳиндустон (шаҳри Ню-Дели) баргузор мегардад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: