Хабарнигорон дар мусоҳибаҳои худ баъзан ба аҳли ҳунар чунин суоли одатиро медиҳанд: «Агар аз нав ба ҷавонӣ бармегаштед, оё ба дунболи касби интихобкарда мерафтед?».
Хабарнигорон дар мусоҳибаҳои худ баъзан ба аҳли ҳунар чунин суоли одатиро медиҳанд: «Агар аз нав ба ҷавонӣ бармегаштед, оё ба дунболи касби интихобкарда мерафтед?». Ва ба ин суол тақрибан чунин ҷавоб дода мешавад: «Бале, мерафтам» ё «Фикр мекардам»...
Таассуф, ки ҷавонӣ мисли тири аз камон ҷаста аст, дигар ба хонаи камон барнамегардад. Агар бармегашт... Агар бармегашт, инсон бисёр хатоҳояшро ислоҳ мекард. Дар таҷрибагоҳи зиндагӣ як умри инсонӣ барои бехато зистан кам будааст. Шайх Саъдӣ бар он аст, ки ҳатто инсони хирадманду накӯпешаро, барои бехато зистан, як умр кифоя нест:
Шахси хирадманди
накӯпешаро,
Умр ду боистӣ дар
ин рӯзгор.
То ба яке таҷриба андӯхтӣ,
В-он дигаре таҷриба бурдӣ
ба кор.
Яке аз хатоҳои инҷониб дар ҷавонӣ интихоби нодурусти китоб будааст. Роҳбаладе набуд, ки бигӯяд: дар интихоби китоб чун дар интихоби дӯст шитоб накун. Ҳар китобе, ки пеш ояд, аз дӯконҳо харида будаем.
Таҷрибаи пешинагон — роҳи тайкардаи ҳаёт. Хатои гузаштагонро ояндагон ислоҳ менамоянд. Ҳадаф аз ин гуфтаҳо он аст, ки имрӯз ба китобхонӣ дар сатҳи ҳукумат эътибор дода мешавад. Чанд фармону қароре, ки аз ҷониби сарвари давлат доир ба табъу нашри китоб ва ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ ба тасвиб расид, далели ин гуфта мебошад. Ин мабод, ки ба рӯйи ин иқдоми шоиставу боиста пардаи назарфиребӣ кашида шавад.
Солҳои наврасии мо шоирон, нависандагон, олимон ва зиёиёни маърифатпарвар китобхонаи шахсӣ доштанд. Дар бораи онҳо рӯзномаҳо очерку мақолаҳо эълон мекарданд, филмҳои мустанад ба навор гирифта мешуданд. Яъне китобхонӣ ба таври бояду шояд тарғиб карда мешуд. Вақте доир ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии адиби шинохтае филм бардошта мешуд, медидем, ки вай дар китобхонаи шахсии пури китоб бо асарнависӣ машғул аст, ё шеъри ба тозагӣ навиштаашро ба самъи тамошобинон мерасонад. Мо низ ҳарчанд китобаке нанавишта будем, дар пайравӣ ба адибон орзу мекардем, ки китобхонаи шахсӣ дошта бошем...
Бо мурури вақт дар хонаи мансабдорони дараҷаи гуногун низ ҷевонҳои пури китоб пайдо мешуданд. Дар овони донишҷӯйӣ боре дар хонаи соҳибмансабе чанд нафар меҳмон шудем. Ӯ дар меҳмонхонааш ҷевони ялаққосие дошт пури китоб. Осори мунтахаби В. И. Ленин, Пушкин, Лев Толстой, Ҷек Лондон, Марк Твен, Шекспир, Садриддин Айнӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз... дар он ҷевон батартиб чида шуда буданд. Аҷиб, ҷевони китоби ӯ дар меҳмонхона воқеъ буд, на дар «пирхона» (хоначаи алоҳидае барои кор, мутолиа ва эҷод). Вақте дар рафти суҳбат чашми мо ба ҷевони ялаққосӣ меафтод, мизбонро ҳисси ифтихор фаро мегирифт. Баъди як-ду қадаҳ бардоштан, як шарики мо назди ҷевон рафта аз ӯ бо ҳайрат суол кард: «Офарин, албатта, шумо ҳамаи ин китобҳоро хондаед?» Посух дод: «Як бор хондам, ният ҳаст, ки бори дигар бихонам». Меҳмон ҷевонро кушода китоби «Ҷанг ва сулҳ»-и Толстойро ба даст гирифт. Дидем, ки ҳанӯз оҳори китоб нашикастааст. Мисле ки шарики мо ба ӯ мегуфта бошад: на, ту ин китобҳоро нахондаӣ, мансабдор пешдастӣ карда, сужети романро аз рӯйи филми бадеии борҳо намоишдодашуда нақл кард. Аз ваҷоҳаташ пай бурдем, ки китобҳои ҷевони ялаққосиро нахондааст...
Чунин мансабдорони назарфиреб кам набуданду кам нестанд. Онҳо, ба фикарам, бисёр хуб медонанд, ки одамон бар асари бемаърифатӣ ва каммаърифатӣ, ба зоҳири одаму ашё бештар эътибор медиҳанд. Ҳол он ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ инсонҳоро ба дидани ботини одаму ашё даъват намудааст:
Мо дарунро бингарему
ҳолро,
Не бурунро бингарему
қолро.
Пӯшида нест, ки сиришту хӯйи инсон дар кӯдакистон ва мактаби миёна ташаккул меёбад. Биноан, механизми таълиму тарбияро дар кӯдакистону мактабҳо бояд чунон ба роҳ монд, ки зоҳирпарастон ба камол нарасанд, тавре бояд кард, ки насли ҷавон вақти бисёри худро бештар ба гирифтани донишҳои зарурӣ ва хондани китобҳои бадеӣ сарф намоянд. Мо бар онем, ки мутахассисони мо иқтидори коркарди чунин механизмро доранд...
Дар бораи китоб ва суди он шоирони классики форс-тоҷик абёти зиёде эҷод кардаанд, суханони ҳикматноки олимон низ кам набудааст. Аммо ин ҳангом сухани ҳикматноки донишманди муосири Эрон Муҳаммади Ҳиҷозӣ ба ёдам расид, ки фармуда: «Муфидтарин ихтирои башар китоб аст». Агар чунин аст, пас, тавре бояд кард, ки ин «ихтирои муфидтарин» аниси кунҷи танҳоии одамон, хоссатан, ҷавонон бошад. Ин донишпажӯҳ сухани ҳикматноки дигаре низ дорад, ки ин аст: «Он рӯз, ки башар ба рушди фикрӣ бирасад, эҳтиёҷе ба қонун нахоҳад монд». Инсон кай ба рушди фикрӣ мерасад? Ба фикрам, ҳамон вақт ки ба муфидтарин ихтирои башар — китоб арҷ гузорад ва механизми дурусти тавсеа бахшидани доираи тафаккури насли ҷавон рӯйи кор ояд.
Фикр мекунам, дар роҳи коркарди механизми дурусти таълиму тарбия фармону қарорҳои созандаи роҳбари давлат: «Дар бораи чорабиниҳо доир ба куллан такмил додани идораи низоми таълими томактабӣ», аз 30 сентябри соли 2017 ва «Дар бораи чорабиниҳо доир ба куллан такмил додани низоми таълими умумии миёна, миёнаи махсус ва касбӣ», аз 23 январи соли 2018, нақши муҳим мебозанд.
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».