Парваридам ман ба дил меҳру вафои дӯстро,
Дӯст бо ман будаю ҷӯям сафои дӯстро,
Ман ба ҷон мепарварам обу ҳавои дӯстро,
«Дӯст медорад дилам ҷабру ҷафои дӯстро,
Дӯсттар аз ҷону сар дарду балои дӯстро».
Мешавам бо ошиқону маҳрамон ҳамдостон,
Менагирам ман нафас бе ёди ӯ дар бӯстон.
Ҳар кӣ ӯро меситояд бе ину он дӯст он.
«Чун муроди дӯст ҷон афшондан аст аз дӯстон,
Зудтар дарёб, ҷони ман, ризои дӯстро».
Ҳар кӣ ошиқ шуд, ба ин дунёи фонӣ дил надод,
Дил диҳад, аз пайравони содиқаш асло мабод,
Мактаби ишқаш нахонда соате он бесавод,
«Дар ҳавои ӯ тавонад дод ошиқ сар ба бод,
Лек натвонад ниҳад аз сар ҳавои дӯстро».
Меравӣ з-ин даҳри дун дар орзуйи рӯйи дӯст,
То ба кай бошӣ ҳаросон, то ба кай меҷӯйи дӯст,
Мешавӣ оворае бе ҳиммати дилҷӯйи дӯст,
«Гар бадал кардӣ ба сад фирдавс гарди кӯйи дӯст,
Ройгон аз даст додӣ хоки пойи дӯстро».
Соате мехоҳӣ ҳамроҳӣ, бишӯ даст аз ду кавн,
Орифию марди огоҳӣ, бишӯ даст аз ду кавн,
Ҳамрадифи меҳру он моҳӣ, бишӯ даст аз ду кавн,
«Дӯстбӯси дӯст мехоҳӣ, бишӯ даст аз ду кавн,
Дастолуда нашояд марҳабои дӯстро».
Шеъри ту хонанд дар ҳар маҷлису маҳфил Камол,
Сабз аз он хушкиҳои ҳавзаи ҳар дил Камол,
Аз каломат пур бувад бас хиттаву манзил Камол
«Дӯстиҳои ҳама олам бирӯб аз дил Камол,
Пок бояд доштан хилватсаройи дӯстро».
Асадуллоҳ ШУКУРОВ.