МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Васли ту муроди мост, эй дӯст,

Нормурод КАРИМЗОДА

МУХАММАС  БАР  ҒАЗАЛИ  КАМОЛИ  ХУҶАНДӢ

Васли ту муроди мост, эй дӯст,
Васфи ту зи ҷон равост, эй дӯст,
Байту ғазалам турост, эй дӯст,
«Дарди ту беҳ аз давост, эй дӯст,
Андӯҳи ту ҷонфизост, эй дӯст».

Бар чашми ту вола чашми оҳу,
Соҳибҳунарӣ ба сеҳри ҷоду,
Баргир сарам ба рӯйи зону,
«Дарюза, ки кард ошиқ аз ту,
Ҷуз дарду бало нахост, эй дӯст».

То ғуссаву ғам зи дил барорам,
Чун абри баҳорӣ дурр борам,
Бар кӯйи вафоят интизорам,
«Ман он, ки зи муфлисӣ надорам,
Чизе, ки туро сазост, эй дӯст».

Хоҳам, ки шавад ҷаҳон чу гулшан,
Бо ҷилваи гулрухони ҳамтан,
Зинҳор маҷӯй дурӣ аз ман,
«Пеши ту ниҳам ду чашми равшан,
Гӯям назари сафост, эй дӯст».

Гар дарду дил аз азал ҷудо нест,
Ин дарди маро ягон даво нест,
В-ин нуктаи ҷадди мо хато нест,
«Гуфтӣ: – Кушамат, вале раво нест,
Гар дӯст кушад равост, эй дӯст».

Хотир шабу рӯз то барошуфт,
В-ин хомаи мо дурри сухан суфт,
В-аз дилхуниҳо, ки лола бишкуфт,
«Дил ҳар чи ба васфи қоматат гуфт,
Овард Худош рост, эй дӯст».

Гар ишқи ту ваҷҳи шӯру ғавғост,
В-ин сӯзу ҷафо зи сарви болост,
Кайҳост, ки дил зи шавқ мехост,
«Кардам ба қади ту ин ғазал рост,
Бинвис, Камол, рост, эй дӯст».


«ШАШМАҚОМ» – 
ТАЛАБИ РӮЗ 

Дар Маркази ҷавонони шаҳри Бухоро таҳти ҳамин унвон семинари илмию амалӣ баргузор гардид. Ин семинар, ки бо ҳамкории Садорати маданияти вилоят, Мактаби мақоми Бухоро ва Маркази санъати мақоми миллии Ӯзбекистон ташкил ёфтааст, бобати омодагӣ ба Ҷашнвораи санъати мақом дар соли 2022 ва татбиқи қарори Девони Вазирон оиди тайёрии сарояндагони ҷавон ба фестивали «Шашмақом»-и ҷумҳуриявӣ, сабти мукаммали «Шашмақом» дар иҷрои яке аз дастаҳои мақомхони Бухоро, такмилёбии санъати шашмақомхонӣ омили муҳим гардид. 
Ба чорабинӣ сардори Садорати фарҳанги вилоят Шавкат Раҳмонов ибтидо гузошт. Сипас сардиректори Маркази санъати мақоми миллӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ Соҳиб Бегматов, Ҳофизи мардумии Ӯзбекистон, мудири шуъбаи «Устоду шогирд»-и ҳамин марказ Исроилҷон Ваҳҳобов, Артисти шоистаи Ӯзбекистон Аҳмадҷон Дадаев, устодони «Шашмақом»-и Бухоро Толиб Темиров, Эшпӯлод Ортиқов, Раҳматулло Иноятов ва дигарон ба сухан баромада дар бораи рушд додан ва ба насли оянда дастрас намудани ин шоҳасари классикӣ изҳори ақида карданд. Дар охир таҳти унвони «Қадаме ба гулшани «Шашмақом» барномаи консертӣ ба амал омад.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: