Мухаммас бар ғазали Лоиқ

Хушо, ишқи Ватан ҷону диламро пурнаво кардаст,

Мухаммас бар ғазали Лоиқ

Хушо, ишқи Ватан ҷону диламро пурнаво кардаст,
Ватанхоҳест ҳар ҷо ин дилу ҷон ошно кардаст,
Ватанро ҷисму ҷонам бар дилу бар дида ҷо кардаст,
«Замини сахти кӯҳистон дили нармам ато кардаст,
Дуруштам ҳар кӣ мехонад, хато андар хато кардаст».

Зибаски аз кӯҳистонам, гули хушбӯй мебӯям,
Ба оби рӯди кӯҳистон ғубори рӯҳ мешӯям,
Мисоли ҳар гиёҳи кӯҳ ба дарди халқ доруям,
«Ба мисли кӯҳ якрӯям, ба сони чашма ҳақгӯям,
Чунин будам, чунин бошам, ки ин сонам Худо кардаст «.

Ба назди дӯст баҳри ман надоранд арзиш ашёҳо,
Бало пеш ояд, эй ҳамхун, туро ҷӯям зи болоҳо,
Ки ҷустуҷӯи ёронам маро афтонд аз поҳо,
«Ҷудо будам зи ҳамхунон, ки бепул буд дарёҳо,
Сари кӯҳу сари чашма дилам аз ғам наво кардаст».

Дилам пок асту андар қалби ман ҳаргиз набошад занг,
Зи ранги зарди ман гирад хазони тирамаҳ ҳам ранг,
Ҷаҳон пеши назар аз тангию хории дил шуд танг,
«Умеду орзуям сӯхт монанди ҳинои санг, 
Дубайтиву рубоӣ нолаамро бефано кардаст».

Намебинам ба урфу одати аҷдод молике,
Кие обе кунад лою занад муште ба торикӣ,
Агарчи худ бувад дар ин замин бегона соликӣ,
«Яке гуфтӣ ту эронӣ, дигар гуфтӣ ту тоҷикӣ,
Ҷудо аз асли худ мирад, касе моро ҷудо кардаст».

Барори мо кӣ мехоҳад, кӣ хоҳад авҷи кори мо?
Диҳанд ин қадр нокасҳо зи ҳар ҷониб фишори мо,
Гурезонем мо аз худ, нигар бар ин фирори мо,
«Ҷаҳон як рӯз метаркад зи оҳи пуршарори мо,
Ки бар тарки Ватан моро паёпай мубтало кардаст».

Расулбеки АҲМАДЗОД, 
ноҳияи СӮХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: