Мухлисони «Лазгӣ» дар Хоразм ҷамъ омаданд

  • Мухлисони «Лазгӣ» дар Хоразм ҷамъ омаданд
  • Мухлисони «Лазгӣ» дар Хоразм ҷамъ омаданд
  • Мухлисони «Лазгӣ» дар Хоразм ҷамъ омаданд
  • Мухлисони «Лазгӣ» дар Хоразм ҷамъ омаданд

Рақси «Лазгӣ» дар таърихи санъати ғании рақси мамлакатамон бо услуби хоси иҷро ва ҷозибааш нафақат дар Ӯзбекистон, инчунин дар давлатҳои хориҷӣ низ машҳур аст.

Дар доираи иҷрои қарори Президент аз 28 сентябри соли 2020 «Дар бораи ташкил ва баргузор намудани ҷашнвораи байналхалқии рақси «Лазгӣ» бо шурӯъ аз соли 2022 дар ҳар ду сол як маротиба дар шаҳри Хева баргузор намудани Ҷашнвораи байналхалқии рақси «Лазгӣ» ва ҳам дар доираи он доир намудани анҷумани байналхалқии илмиву амалӣ муайян карда шудааст.

Ба ин ҷашнвора, ки соли ҷорӣ дар вилояти Хоразм бори аввал баргузор мегардад, омодагии зиёд дида шуд. Ба ҷашнвораи байналхалқӣ коргардонҳои ботаҷриба, оҳангсозон, санъаткорон, раққосаҳои маъруф, эҷодкорон, мутахассисони соҳибмалакаи диёрамон ҷалб гаштаанд.

Дар аэропорти байналхалқии Урганҷ иштирокдорон аз мамлакатҳои гуногуни дунё ботантана пешвоз гирифта шуданд.

– Ман аз Ҳиндустон омадам, – мегӯяд санъатшинос, профессор Чандр Шейххон. – Рақсҳои ҳиндиву ӯзбекӣ бо таърихи қадим ва ҳаракатҳои шӯху бозигаронаи худ ба ҳам шабоҳат доранд. Хусусан жанрҳои рақсии Хоразм хеле пурҷозиба ва серҳаракат мебошад. Ман Хоразмро чун воҳаи қадима ва маркази маданият, санъат ва анъанаҳо мешуморам. Ба ин диёр пеш ҳам омадаам.

Бо самтҳои мусиқа ва санъати муассисаҳои олии таълимӣ шинос гаштам. Моро ҳар дафъа бо чунин эҳтиром истиқбол менамоянд. Аз фурсат истифода намуда, дар кори ҷашнвораи байналхалқӣ тавфиқ мехоҳам.

Иштирокдорон бо суруд ва оҳанги шабеҳи «Лазгӣ» пешвоз гирифта шуданд. Ин барои таассуроти меҳмонон аз қадами аввалашон ба ин куҳназамин ва болида гардидани кайфияташон хидмат менамояд. Ин оҳанг, ки мисли оҳанрабо ба худ мекашад, сарфи назар аз кадом миллат будани меҳмонон ба рақс ҳидоят намуд.

– Аз диёри Олтойи Русия ба ин анҷумани бонуфуз омадем, – мегӯяд Ҳунарпешаи шоистаи Федератсияи Русия Ирина Минаева. – Шунидаам, ки «Лазгӣ»-и Хоразм аз рақсҳои хеле қадима аст. Тарзи иҷрои онро аз тариқи интернет дидам. Хеле пурҷозиба ва зебо мебошад. Таърихи он мавриди таваҷҷуҳам қарор гирифт. Дар доираи ҷашнвора мехоҳам рақси «Лазгӣ»-ро ёд гирам ва шаҳри зебои Хеваро зиёрат кунам.

26 апрел ҷашнвораи байналхалқии рақс кори худро шурӯъ намуд ва он то 30 апрел давом хоҳад кард.

Дар доираи барнома дар ҳудуди маҷмӯаи «Ичанқалъа» доир ба санъати рақс намоишгоҳ, либосҳои миллӣ, ашёҳои ҳунармандӣ, асарҳои санъати тасвирӣ ва амалӣ, намунаҳои ҳайкалтарошӣ ва мисли онҳо нигораҳои гуногунранг ташкил карда шудааст. Инчунин савдо ва ярмаркаи китоб баргузор мегардад. Дар рӯзҳои ҷашнвора анҷумани байналхалқии илмиву амалии «Ҷойгоҳи рақси миллии ӯзбек дар ҷаҳони санъати рақс» баргузор гардида, дар он чандин устодони санъати рақс, мусиқашиносон ва санъатшиносон, санъаткорони маъруф, мутахассисони саршинос, меҳмонони фахрӣ аз мамлакатҳои хориҷӣ иштирок менамоянд.

Дар меҳмонхонаи «Фаровон»-и шаҳри Хева бахшида ба ҷашнвораи байналхалқии рақси «Лазгӣ» анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки дар он аз 30 давлати ҷаҳон беш аз 175 нафар устодони санъати рақс, дастаҳои касбии рақс, санъатшиносон, арбобони намоёни маданият ва ҳам намояндагони воситаҳои оммавии ахбор ширкат доранд.

Дар доираи ҷашнвора озмун баргузор шуда, 160 нафар иштирокдор аз 18 давлат дар он ширкат менамоянд. Ҳайати ҳакамон аз 6 нафар аз 6 давлати ҷаҳон, ки соҳиби таҷриба ва малакаи  баланд мебошанд, иборатанд.

Дар айни ҳол барои иштирок дар анҷумани илмиву амалӣ 13 нафар санъатшинос аз 11 давлат ба шаҳри Хева расидааст.

Тантана бахшида ба маросими ифтитоҳи ҷашнвораи байналхалқии рақси «Лазгӣ» дар  майдони Арки куҳнаи «Ичанқалъа» баргузор гардид.

Дар он ғайр аз иштирокдорон роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, сайёҳони хориҷӣ ва оммаи васеи ҷамъият иштирок намуданд.

Дар фазои майдони таърихӣ парчамҳои давлатҳои гуногун барафрохта шуданд.

Ба иштирокдорони нахустин ҷашнвораи байналхалқии рақси «Лазгӣ», ки дар Хоразм баргузор мегардад, табрики Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қироат гардид.

Пас аз он қисми бадеии маросими ифтитоҳ шурӯъ шуд. Дар он суруд ва оҳангҳои миллат ва халқҳои мухталиф танинандоз гардиданд. Рақсҳои пурҷозиба иҷро гардиданд. Дар охири барномаи консертӣ аз ҷониби овозхонон ва раққосон суруди «Лазгӣ» иҷро гардида ва ҳозиронро ба рақс ҳидоят намуд.

Мухтасар ифода намоем, маросими ифтитоҳи ҷашнвора ба маънии ҳақиқиаш ба ҷашни мусиқа ва ҳунар бадал гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: