МУХТОР АШРАФӢ ВА МУСИҚИИ ТОҶИКӢ

Агар саҳифаҳои таърихи фарҳанги мардумони бародари тоҷику ӯзбекро варақ занем, мебинем, ки як зумра арбобони бузург барои рушду инкишофи маданияту санъати ду халқ баробар хидмат кардаанд.

Агар  саҳифаҳои таърихи  фарҳанги мардумони бародари  тоҷику ӯзбекро варақ занем, мебинем, ки як зумра арбобони бузург барои рушду инкишофи маданияту санъати ду халқ баробар хидмат кардаанд. Устодони кино Комил Ёрматови конибодомӣ ва Муҳаммадҷон Қосимови риштонӣ, арбобони санъати мусиқӣ Зиёдулло Шаҳидии самарқандӣ, Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Аҳмад Бобоқулов ва Ато Муҳаммадҷонови бухороӣ ва ғайра аз ин зумра мебошанд. Ин рӯйихатро метавон давом дод. Олами эҷоди ҳар яке аз онҳо адабиёт, фарҳанг ва санъати ду кишвари ҳамсояву бародарро  пурмазмуну рангин сохтаанд. Шукр, ки имрӯз ин кори савобро  фарзандони обрӯманди Бухорои шариф Мустафо Бафоеву Бақо Содиқов (яке дар соҳаи мусиқию  дигаре дар соҳаи филмбардорӣ) идома медиҳанд.
Дар радифи ин шахсиятҳои барҷаста, номи оҳангсози маъруф Мухтор Ашрафиро ҳам месазад  алоҳида зикр кард. Ӯ соли 1912 дар шаҳри Бухоро, дар хонаводаи Ашрафҷони Ҳофиз чашм ба дунё кушодааст. Устоди нахустин падараш буд, ки асрори мусиқии Шашмақомро аз кӯдакӣ   барояш  ошно намуд. Зиёда аз ин аз 12-солагӣ дар мактаби мусиқӣ ба омӯзиши ин ҳунар пардохт. Минбаъд таҳсилро дар донишкадаи навтаъсиси мусиқӣ ва хореографияи Самарқанд, Консерваторияи Маскав (солҳои 1934-1936) идома дод. Таронаҳои мардуми Бухороро ба нота даровард. Аммо ӯ дар таърихи санъати мусиқии Шарқ ҳамчун нахустин муаллифи операи миллии “Бӯрон” (бо ҳаммуаллифии С.Н.Василенко), достони вокалию  симфонии “Се паҳлавон” дохил шудааст. Мухтор Ашрафӣ дар  25-солагӣ ба унвони Ҳунарпешаи шоиста, дар синни 27 – ба номи Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон, соли 1951 бошад, ба унвони Ҳунарпешаи халқии СССР мушарраф гардидааст. Мавсуф дар роҳи пайвастани унсурҳои мусиқии Шарқу Ғарб хидмати зиёд дорад.
Муваффақияти бузурги  Мухтор Ашрафӣ дар оҳангсозӣ ин офаридани операи “Дилором” дар асоси достони “Сабъаи сайёр”-и Алишери Навоӣ аст. Нахустнамоиши он 5-уми феврали соли 1958 баргузор шудааст. Дар ин асари мусиқии жанраш аврупоӣ оҳангсоз аз унсурҳои ҷилобахши мусиқии миллӣ   хеле васеъ истифода бурдааст. Бинобар ин имрӯз низ  таронаҳои он дар консертҳои бонуфуз садо медиҳанд. 
Мухтор Ашрафӣ ҳам оҳангсози бузург  ва ҳам ташкилотчии моҳир буд. Вай солҳои зиёд раҳбари Театри калони опера ва балети ба номи Алишери Навоӣ буд. Ректори Консерваторияи давлатии Тошканд буд, ки  пас аз вафоташ дар соли 1975 чанд сол номи ӯро дошт. Дар бораи боз як ҷиҳати барҷастаи ӯ оҳангсоз, Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон Мустафо Бафоев, ки ҳангоми донишҷӯиаш Мухтор Ашрафӣ ректори консерватория буд, чунин мегӯяд: “Устод баробари оҳангсоз будан, дирижёри беҳамто низ буд. Вай ба операи “Кармен”, ки дар Театри калони Маскав ба саҳна гузошта шуда буд, борҳо дирижёрӣ кардааст. Барои симфонияи “Қаҳрамонӣ” соли 1943 сазовори Ҷоизаи давлатии Иттифоқи Советӣ гардид. Ашрафӣ ба чандин филм мусиқӣ навишт. Сюта, романс, рапсодия, увертюра ва сурудҳояш нотакроранд. Аз ин хусус метавон соатҳо нақл кард ва силсилаи мақолаҳо навишт. 
Мухтор Ашрафиро ҳамчун композитор аҳли санъат эътироф карда буд. Вай хусусан барои мустаҳкам кардани риштаҳои санъати мусиқии халқҳои Шарқ саҳми бузург гузоштааст. Асарҳояш дар саҳнаҳои бузурги  чандин кишвари хориҷӣ танинандоз шудаанд. Вай барои балети “Тӯмори ишқ” барандаи Ҷоизаи ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳруи Ҳиндустон, барои ба саҳна гузоштани балети “Матонат” дар театри операи Қоҳира шоистаи медали байналмилалии Ҷамол Абдулносир гардидааст. Ӯ соли 1954 бо ордени “Ситораи Гарибалди”-и Италия мукофотонида шудааст. Аз ҳамаи ин далелҳо низ аён мешавад, ки Мухтор Ашрафӣ симои бузурги олами мусиқии Шарқу Ғарб буда, дар инкишофи маданияти мардуми мо нақши беҳамто дорад ва мероси беназири мусиқӣ   боқӣ   гузоштааст.  
Мухтор Ашрафиро аҳли ҳунар оҳангсоз ва дирижёри тоҷик ҳам мешуморанд, ки ин асос дорад ва боиси ифтихори  мардуми тоҷик  низ мебошад. Зеро Мухтор Ашрафӣ аз ҷавонӣ   донандаи забон ва адабиёт, мусиқии тоҷикӣ буд. Аз ин рӯ вай, бешак, ба мусиқии  мардуми мо таваҷҷӯҳи хоса дошт ва барои инкишофи санъати мусиқии тоҷик кӯшиши зиёд ба харҷ дода, аз сидқи дил хидмат кардааст. Дар ”Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик” (Душанбе, 1988, ҷилди 1, саҳ. 206) омадааст: “ Мухтор Ашрафӣ соли 1930 ба Душанбе омада, бо супориши радиои республика дар асоси оҳангҳои халқӣ 20 суруди тоҷикӣ    офарид. Соли 1932 дар ҳайати ансамбли консертии Тоҷикистон ба Ленинград сафар кард. “Сютаи рақсии тоҷикӣ ” аз ҷумлаи асарҳои беҳтаринаш буд”. 
Вай зимни ин сафарҳо бо адибони тоҷик М.Турсунзода, М.Аминзода, А.Лоҳутӣ, ҳофизони беҳамто Акашариф Ҷӯраев, Расул Қодирӣ   ва амсоли инҳо унс гирифта, асарҳои назарраси худро эҷод кардааст. 
Дар ҳамон манбаъ қайд шудааст, ки Мухтор Ашрафӣ “Ходими хидматнишондодаи Тоҷикистон (с.1970) ҳам  буда, бо ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.  Албатта, ин ҳама тасодуф набуд ва ҳар кас ҳам ба ин мартабаву мақом ба осонӣ муяссар намешавад.  
М.Ашрафӣ соли 1974 ба муносибати 50-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ораторияи “Достони Рустам”-ро офарид. Пас аз он ба Ҷоизаи байналмилалии  ба номи Фирдавсӣ   номзад ҳам шуд.  Даҳҳо асарҳояш аз репертуари  Театри опера ва балети  ба номи Садриддин Айнии Душанбе ҷой гирифта буданд ва хушбахтона, имрӯз низ садо медиҳанд. Соли 1972 балети “Темурмалик” (номи дигараш – “Ишқ ва шамшер”) дар ҳамин боргоҳи санъат ба саҳна гузошта шуд. Вай муаллифи мусиқии филми тоҷикии “Аз Ганг то Кремл”  низ мебошад. Ғайр аз ин бар ашъори Ҳофизи Шерозӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигар шоирони тоҷик сурудҳо, романсҳо навиштааст, ки аз хазинаи мероси бузурги мусиқӣ ҷой гирифтаанд.  “Эй санами Шарқ”  (бар шеъри  А.Лоҳутӣ), “Ҷон мебарад”,  (бар шеъри Ансорӣ), “Дилам хоҳад баҳори зиндагиро” ва “Суруди арӯсӣ” (шеърҳои Турсунзода), “Саҳар булбул ҳикоят...” (Лоиқ Шералӣ) ва даҳҳо сурудро ном бурдан мумкин аст, ки далели вуқуфияти оҳангсоз М.Ашрафӣ аз  адабиёти тоҷик аст. 
Мухтор Ашрафӣ ва Садриддин Айнӣ, ки зодагони Бухоро буданд, алоқаи мустаҳками дӯстиву эҷодӣ   ҳам доштанд.  Аз ин рӯ, ба писари Устод Айнӣ – шарқшиноси номӣ Камол Айнӣ ба шавҳар баромадани духтари ягонаи ин оҳангсози бузург (Ашрафӣ ду фарзанд дошт, писараш Фирӯз (1937-2009), Меъмори шоистаи Ӯзбекистон, санъатшиноси машҳури тоҷик Муқаддама Ашрафӣ бесабаб нест. Муқаддама Ашрафӣ низ аз чеҳраҳои намоёни илми шарқшиносӣ ва мусиқӣ ба шумор меравад. Тадқиқоти вай оид ба санъати минётура (нигориш) ва мусиқӣ хеле арзишманд  мебошанд. Ӯ  аз падараш тарбияи мусиқӣ ҳам гирифта, ба  ораторияи “Достони Рустам”, балети “Ишқ ва шамшер” либретто навиштааст.
Оре, инсонҳои бузург риштаҳои дӯстии халқҳоро мустаҳкам менамоянд. Мутаассифона, мо солҳои охир дар бораи хидмати шахсиятҳое аз қабили Мухтор Ашрафӣ, ки баҳри нашъунамои санъат, маънавият, дӯстии халқҳо саҳм гирифтаанд, кам сухан мегӯем. Вақти он расидааст, ки дар атрофи ин мавзӯъҳо  муфассалу мукаммалтар ҳарф занем.  Зеро ҳоло муҳити дӯстию рафоқати мардумони мо, кишварҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ба сатҳи нав баромадааст ва дар ин шоҳроҳи зиндагӣ аз дӯстӣ сухан гуфтан ва ба он амал кардан амали савоб аст.

Шоқаҳҳори МУҲАББАТЗОД, 
узви Иттифоқи  эҷодии журналистони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: