МӮЙ

(Ҳаҷвия)

Дар хонаи Хосиятхола тӯй шуд. Духтари хурдиашро ба шавҳар дод. Рӯзи дигар баъди гусели меҳмонҳо аз пайи рӯфтурӯби ҳавливу хонаҳо шуд. Дар рӯи ҳавлӣ як қабза мӯйи сарро дида ҳуш аз сараш парид. 
– Ҳамсоя, ҳу, ҳамсоя! – садои ҳамсояи дасти росташ ӯро ба худ овард.
– Биёед, ҳамсояҷон, – ба пешвози ӯ шитофт.
– Ҳа, чӣ шуд? Чаро рангатон канд?
– Дар ин ҷо як даста мӯй. Мисли тӯп.
– Ин бесабаб не, ҳамсояҷон, – ба мӯй нигариста чашмонашро калон-калон кушод ҳамсоязан. – Рафтем, ба фолбин меравем. Ин кори ягон душманатон...
Хосиятхола ҳамроҳи ҳамсоязан ба фолбин рафт. Пас аз интизории зиёд навбат расид ва назди фолбин даромаданд.
– Ин кори нотавонбинҳо, – гуфт фолбинзан баъди фолкушоӣ. – Дар ҳавлиатон ҷинҳо маскан кардаанд. Шумо орд, равған, шамъ, матои беҳтарин, мурғ... хуллас, ана ин рӯйхатро гирифта оред. Ман баргардон карда медиҳам. Кори кардааш ба худаш мезанад.
Хосиятхола зуд аз пайи иҷрои супориши фолбинзан шуд. 
– Ба чор гӯшаи ҳавлиатон орд гузоред, – баъди шумурда гирифтани пул гуфт фолбин ва коғазчаеро ба Хосиятхола дароз кард. –  Баъди хондани ин дуо аз чаҳор кунҷ кам-кам орд гирифта, ҳалвои тар пазед. Онро ба ҳафт дар ва одамҳои пуштдор диҳед. Худ аз худ он касофат гум мешавад. Зинҳор ба он даст нарасонед, ки одамро мекушад.
Хосиятхола гуфтаҳои фолбинро иҷро кард, аммо он мӯй аз ҷояш наҷунбид. Дигар ҳамсояҳо низ аз ин воқеа хабардор шуда, барои ҳамдардӣ наздаш омаданд. 
– Авсун, ман фолбини зӯрро медонам, – таклиф намуд авсунаш. – Ҳама гапаш рост. Пул равад ҳам, аз ин «бало» халос шудан даркор...
Боз нисфи рӯзаш дар дами дарвоза, навбатпоии қабули фолбин гузашт. 
– Ин кори одами бегона не, – иброз дошт фолбин. – Одами наздикатон онро барқасд партофтааст, ки коратон мисли мӯй чигил шавад, рӯзатон сиёҳ гардад, рӯйи хушбахтиро набинеду мисли тӯп саргардон шавед...
– Чӣ кор кардан даркор? – ба танг омад Хосиятхола. 
– Аз пулаш натарсида, гуфтаҳои маро кунед, ҳамааш нағз мешавад.
Хосиятхола гуфтаҳои ин фолбинро ҳам иҷро кард. Мувофиқи он агар дар сатил ҳазориспандро дуд карда, болояш мӯйро гузорад, сӯхта хокистар мешавад. Хокистарро бояд ба оби равон резад. 
Атрофро дуди ҳазориспанд фаро гирифт. Хосиятхола мӯйро бо чӯбаке азият кашида, болои он гузошт. Як сатил ҳазориспанд ба хокистар табдил ёфт, аммо ба мӯй осеб нарасид. 
Хосиятхола хеле гиря кард. Андаке сабук шуда, ба ёдаш расид, ки ҳалвои тари пухтаашро ба як ҳамсояаш надодааст.
«Шояд барои ҳамин мӯй насӯхта бошад» аз дил гузаронд ӯ. Дар табақча ҳалвои тарро гирифта ба хонаи ҳамсоя рафт.
– Дирӯз омадам, даратон қулф буд, – хиҷолатмандона гуфт Хосиятхола. – Шумо ҳам аз ҳалвои тар хӯред.
Ин вақт зане, ки дар даст борхалтаи калон дошт, пурсид, ки оё мӯйи рехтагӣ доранд. Хосиятхола шодон ба хона баргашта, мӯйро гирифта баромад. Ӯ хурсанд буд, ки акнун аз он халос мешавад.
Дар кӯча ҳамсоязанҳо мӯйҳои рехтаро назди зани мӯйхар гузошта буданд. Хосиятхола мӯйро паҳлӯйи мӯйҳои рехта гузошт. Мӯйхар як-як мӯйҳоро аз назар гузаронида, ба халтааш меандохт ва ба соҳибаш ягон чиз туҳфа мекард. Аммо ба «мӯй»-и Хосиятхола даст нарасонида, аз ҷой хест ва ба роҳаш равона шуд. 
– Ҳатто мӯйхар ҳам онро нагирифт, – маъюсу ноумед шуд Хосиятхола.
– Чӣ шуд? – ҳайрон монд ҳамсояи дасти чап. – Тӯй нағз гузашт. Қудоҳоятон одамҳои нағз. Чаро хафа менамоед?
– Эҳ, напурсед, чанд шаб боз хоб накардаам...
Хосиятхола воқеаро нақл карду ашк рехт. Ин ҳангом садои телефони дастии ӯ суҳбати онҳоро бурид. Аз гӯшак овози духтари калонии Хосиятхола баланд шуд. Вай баъди салому аҳволпурсӣ гуфт:
– Бибиҷон, рӯзи тӯй ба салони зебоии келини ҳамсоя рафта будам. Барои боҳашам баромадани ороиши мӯям даруни он мӯйи сунъӣ  гузошт. Онро баъди тӯй баргардониданам лозим буд. Аммо фаромӯш кардаам. Бибиҷон, илтимос хонаро бинед, агар ёбед ба келини ҳамсоя диҳед. Аз номи ман раҳмат ҳам гӯед...

Дилрабо НАСИМӢ.
Шаҳри САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: