МУҶАССАМАИ АЛЛОМАИ БУЗУРГ ДАР ШИРИН

Дар маҳаллаи Бунёдкори шаҳри Ширини вилояти Сирдарё бахшида ба кушоиши муҷассамаи шоир ва мутафаккири ӯзбек Мир Алишер Навоӣ чорабинӣ баргузор шуд.

Дар он ҳокими вилоят Ғафурҷон Мирзоев, раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид, роҳбарони  ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони соҳаи таълими халқ, аҳли санъат ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Чорабиниро ҳокими вилоят ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки пос доштани хотираи эҷодкороне, ки дар таърихи тараққиёти миллиамон ҷойгоҳи муҳим доранд, пухта аз худ намудани мероси илмию адабии онҳо қарзи инсонии мост.
– Қад афрохтани муҷассамаи мутафаккири бузург дар шаҳри ҷавони Ширин, ки ин ҷо неругоҳи барқии обии Фарҳоди вилоят фаъолият дорад, басе рамзист. Зеро,  яке аз достонҳои шоир «Фарҳод ва Ширин» ном дорад, – гуфт раиси Иттифоқи нависандагон Сироҷиддин Саййид.
Дар ду тарафи муҷассама ду монитори андозааш 3х2 метр гузошта шуда буд. Тавассути он маълумотҳои таърихӣ ва видеороликҳо дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Навоӣ намоиш дода шуданд.
– Дар шаҳри Ширин 4 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, 1 мактаби бачагонаи мусиқӣ ва санъат ва 1 мактаби варзишии кӯдакону наврасон фаъолият дорад. Чун дар ҳамаи мактабҳо дар ин таълимгоҳҳо низ ҳаёт ва эҷодиёти шоир амиқ омӯхта мешавад,– изҳор дошт дар баромади худ мудири бахши таълими халқи шаҳр.
Иштирокдорони чорабинӣ дар пояи муҷассамаи аллома гулчанбарҳо гузоштанд. Дар поёни чорабинӣ шоирон аз шеърҳои ба Навоӣ бахшидаашон, донишҷӯён аз ғазалҳои шоир намунаҳо қироат намуданд. 

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: