МӮЪҶИЗАИ ҚАЛАМИ СЕҲРНОК

Дар хонаи фотосуратҳои Тошканд намоишгоҳи сеюми хаттотӣ ва миниатураи «Мӯъҷизаи қалами сеҳрнок» баргузор шуд ва дар он тақдимоти мактаби миниатураи Бухоро низ барпо гардид.

 Аъзои Шӯрои «Ҳунарманд»-и ҷумҳурӣ 28 ҳазору 204 нафар, шогирдони онҳо 116 ҳазору 744 нафарро ташкил медиҳад. Дар самти хаттотӣ ва миниатура бошад, 212 нафар фаъолият мебаранд. 
Бо ташаббуси Шӯрои «Ҳунарманд»-и ҷумҳурӣ ва Академияи бадеии Ӯзбекистон ҳар сол дар минтақаҳо намоишгоҳи асарҳои хаттотӣ ва миниатура ташкил карда мешавад. 
Дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳ конференсияи илмиву амалӣ таҳти мавзӯи «Хаттотӣ яке аз санъати миллии ҳунармандӣ» ба амал омад, ки дар он аъзоёни шӯро, санъатшиносон, хаттотон, ҳунармандон, намояндагон аз муассисаҳои таълими олии Академияи бадеии Ӯзбекистон, Академияи Турон ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд. Иштирокдорон доир ба таърихи хаттотии ҳунармандии миллӣ, мактабҳои он, хаттотони машҳур, рушду ривоҷи имрӯза ва ороишоти замонавии он ҳарф заданд, ки он ифодаи фарҳанг ва санъати қадима буда, барои тарбияи санъатшиносони ҷавон аҳамияти муҳим дорад.

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: