МӮЪҶИЗАИ СЕҲРУ АФСУН

Шоми боронии тирамоҳ буд.

Рикшае*, ки маро бо худ мебурд, аз талу теппаҳои деҳаи Онори гоҳ боло, гоҳ поин медавид. Ниҳоят он дар шафати хонаи кӯчаки аврупоисохте, ки дар байни дарахтони анбӯҳи бамбук ба назарҳо наменамуд, қарор гирифт. Чашмам болои дар ба ин навиштаҷоти ҷопонӣ афтод: «Матирам Мисраи ҳинд». Мисраи арҷманд – зодаи Калкутта аз меҳанпарастон ва истиқлолхоҳони шуълавари Ҳиндустон буд. Дар баробари ин, ӯ афсунгари моҳире низ буд, ки асрори онро аз бараҳмани шинохта – Ҳасанхон омӯхтааст.
Моҳе қабл як дӯстам маро бо Мисраи арҷманд ошно карда буд. Мо бо ӯ доир ба масоили гуногуни сиёсӣ хеле баҳс кардем, вале дар он суҳбат муяссар нагардида буд, ки  амалҳои ҳайратангези афсунгариашро бо чашми худ бубинам. Бино бар ин, ба ӯ пешакӣ нома навишта хоҳиш карда будам, ки ин шом ҳунари афсунгариашро намоиш диҳад. Инак, дар деҳаи Онори, ки он ҷо Мисраи арҷманд истиқомат мекунад, қарор дорам.
Борони сел меборид. Таҳти шуои хираи фонус тугмаи зангро ёфта, пахш кардам. Дар боз шуду хидматгори Мисраи арҷманд – кампири паканаи ҷопон берун омад.
– Ҷаноби Мисра дар хона аст?
– Бале, бале, дар хона, бифармоед! Шуморо дер боз мунтазир аст.
Кампир бо чунин суханони лутфомез маро то утоқи Мисраи арҷманд гусел кард.
– Шаб ба хайр! Дар чунин рӯзи боронӣ барои омаданатон ташаккур!
Мисраи гандумгун, ки ин фурсат пилтаи чароғи керосинии рӯйи мизро паст мекард, маро хуш истиқбол гирифт.
– Ҷойи сипос нест. Борон чӣ, ман барои дидани мӯъҷизаи ҳунари шумо, санг борад ҳам меоям.
Ман ба курсӣ нишаста хонаеро, ки нури хираи чароғи керосинӣ равшан мекард, аз назар гузарондам. Ҳолати ғарибонаи ба усули аврупоӣ хос: дар васати хона мизи бузург, дар гӯшае ҷевони китобҳо ва мизи кӯчаке дар назди панҷара... Барилова ду курсӣ, дигар ҳеч чиз. Мизу курсиҳо куҳнаанд. Ҳатто дастархоне, ки дар ҳошияаш гулҳои сурх дошт, ба назар фартут менамуд.
 Ҳолпурсӣ ба охир расид. Ман, ғайриихтиёр, як муддат гӯш ба садое  додам, ки аз бархӯрдани борон ба шохаҳои бамбук ҳосил мешуд. Баъди фурсате хидматгори пир пайдо шуду бо худ ду финҷон чойи кабуд овард.
Мисраи арҷманд қуттии сигорро боз намуд.
– Марҳамат, сигор гиред.
– Сипосгузорам.
Ман сигорро даргиронда гуфтам:
– Магарам, номи арвоҳе, ки мутеи шумост, ҷин аст. Шояд мӯъҷизаҳое, ки  ҳоло ба ман нишон хоҳед дод, бо кӯмаки ҷин  рӯй медиҳанд?
Мисраи арҷманд низ сигор даргиронду маккорона табассумкунон фавраки дуди хушбӯйро аз даҳон берун овард.
– Садсолаҳои қабл, бигӯем, дар аҳди «Ҳазору як шаб», ба деву париҳо бовар доштанд. Афсунгарие, ки ман аз Ҳасанхон омӯхтаам, сеҳру ҷоду нест. Агар хоҳед, шумо ҳам ин амалро анҷом дода метавонед. Бо забони илм онро гипноз меноманд. Бубинед, кофист, ки дастро чунин ба ҳаракат дароваред...
Мисраи арҷманд дасташро бардошта, ду-се маротиба алвонҷ доду дар ҳаво шабеҳи секунҷа нақшеро кашид, сипас гули сурхеро, ки дар ҳошияи дасторхони рӯйи миз дӯхта шуда буд, канд. Мани ҳайратзада беихтиёр курсиамро пештар кашидаму гулро дақиқ аз назар гузарондам. Билошак, ҳоло он ба як қисми нақши руйи дасторхон тасвирёфта табдил ёфта буд. Вале вақте ки Мисраи арҷманд гулро ба биниам наздик бурд, бӯйи хуши онро ҳис кардам.
Аз ғояти ҳайрат даҳонам боз монд. Мисраи арҷманд табассумкунон гӯё гулро беихтиёр аз дасташ афтонд. Гул рӯйи дастархон афтода боз ба нақш табдил ёфт. Оё имкони кандани он вуҷуд дорад? Магар метавон як барги онро аз ҷо беҷо кард?!          
– Хӯш, ба ин чӣ мегӯед? Боваратон намеояд, дуруст мегӯям? Ҳоло ба ин фонус нигаред.
 Мисраи арҷманд ин суханонро гуфту фонуси рӯйи мизро сабук ба ҳаракат даровард. Ин ҳангом чароғ дар ҷойи истодааш ба давр задан даромад. Ман дар аввал тарсидам, ки сӯхтор ба амал меояд. Мисраи арҷманд бошад, бароҳат чой мехӯрд. Бими ман як андак бартараф шуд, вале аз фонусе, ки ба суръати даврзаниаш меафзуд, чашм канда наметавонистам.
Ин манзараи аҷибе буд. Фонус ба он андоза тез давр мезад, ки ман гумон кардам дар ҷояш меистад. Баъди фурсате дарк намудам, ки чароғ дар асл давр намезанад.
– Шигифтангез аст? Инҳо найрангҳоеанд (фокус), ки барои бачаҳо  намоиш дода мешаванд. Агар хоҳед, боз як ҳунарнамоӣ мекунам.
Мисраи арҷманд ба ҷевони китобҳо рӯй овард. Сипас, дасташро бардошту мисли он ки ба касе ишора мекарда бошад, ангушташро ба ҳаракат даровард. Китобҳое, ки дар ҷевон мураттаб чида шуда буданд, яке пар кушода, ба самти миз ҳаракат карданд. Онҳо мисли кӯршабпаракҳое, ки шабона ҳаракат  мекунанд, муқоваҳояшонро ба ҳам зада  парвоз мекарданд. Ин ҳолат маро шах кард. Китобҳо фазои  фонусро як давр зада, паси ҳам рӯйи миз қарор гирифтанд ва баъди муддате боз ба самти ҷевон парвоз карданд.
Аҷибтараш он буд, ки яке аз китобҳои муқовааш нафис, ғайричашмдошт, то ба шифт боло шуду чанде дар фазои миз парвоз карда, рӯйи зонуям нишаст. «Чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?», – андешидам ман ва чашм ба рӯйи муқоваи китоб давондам. Он романи нави  франсузӣ буд, ки ҳафтае қабл барои хондан ба Мисраи арҷманд дода будам.
– Барои китоб ташаккур, – гуфт Мисраи арҷманд бо табассум.
Ин ҳангом китобҳо дар ҷевон аз нав батартиб чида шуданд. Мисле ки ҳоли ҳозир аз хоб бедор шуда бошам, чизе ба забон оварда наметавонистам. Яке суханони Мисраи арҷманд ба ёд омад, ки гуфта буд: «Агар хоҳед, шумо ҳам ин амалро анҷом дода метавонед».
– Бале, ман дар бораи шумо бисёр шунидаам. Аммо бояд эътироф намоям, ҳунари шумо беш аз он будааст, ки меандешидам. Вале вақте гуфтед, ки ин амалро ту ҳам анҷом дода метавонӣ, ба фикрам, шӯхӣ кардед.
– Бовар кунед, шӯхӣ накардаам! Ҳар кас метавонад, бе ишкол, афсунгарӣ биомӯзад. Вале танҳо...
Мисраи арҷманд  ба ман назари дақиқ афканду оҳанги суханашро дигар кард.
– Танҳо на ҳариси молу дунё! Агар хоҳед, ки ҳунари Ҳасанхонро биомӯзед, шумо бояд қабл аз ҳама ба ҳирс, яъне гурусначашмии худ пирӯз оед. Ин кор аз дастатон меояд?
– Умед аст, ки меояд, – посух додам. Вале бо эҳсоси нобоварӣ дар дил афзудам: – Кофист, ки шумо бори устодиро ба ӯҳда гиред. Дар чеҳраи Мисраи арҷманд осори шубҳа ҳувайдо буд. Аммо, шояд фикр кард, ки  сартобӣ аз рӯйи одоб нест, ба устодӣ розӣ шуд.
– Чӣ ҳам мегуфтам, ба омӯхтан  розиям. Ин басе оддист, вале барои омӯхтан вақт лозим. Имшаб дар хонаи ман бимонед.
– О-о, аз шумо сипосгузорам. Аз он ки ҳунари афсунгарӣ меомӯзам, дилам лабрези фараҳ  гардид, арзи сипос намудам. Вале Мисраи арҷманд гӯё ҳеч чизро намешунид, ором аз ҷо боло шуд ва садо баланд кард:
– Момо! Момо! Меҳмон имрӯз дар хонаи мо мемонад. Ба ӯ ҷойи хоб омода созед.
Дилам сахт ба тапидан даромад. Афшондани хокистари сигорро ҳам фаромӯш карда, чашм ба чеҳраи шоди Мисраи арҷманд дӯхтам.       
***
Инак, беш аз як моҳ аст, ки Мисраи арҷманд ба ман асрори афсунгарӣ меомӯзад. Дар яке аз чунин шомҳои боронӣ дар назди оташдони хушсӯзи девории  клубе, воқеъ дар кӯчаи Гиндза, бо дӯстон суҳбат доштам. Аз он ки клуб дар  маркази Токио қарор дошт, садои борони ба боми автомобилҳо бархӯрдаистода мисли садои бешаи Онори ҳузнангез набуд. Хонаи клуб низ дилнишин буд: чароғи барқӣ, нармкурсиҳои ҷилдашон чармин ва фарши дурахшон ба он орои тоза бахшида буданд, ба хонаи нимторики Мисраи арҷманд  ҳеч шабоҳате надошт.
Мо дар канори дуди ғализи сигор доир ба асптозӣ ва шикор суҳбат доштем. Яке аз ҳамсуҳбатон нимсӯхтаи сигорро, бепарвоёна, ба оташдони деворӣ афканду ба ман рӯ овард:
– Мегӯянд, ки шумо вақтҳои охир бо афсунгарӣ сарукор доред. Ба мо ягон чиз нишон дода метавонед?
– Марҳамат, – гуфтам, мисли афсунгарони бузург, бо итминони комил.
– Пас, ҳар чӣ хоҳед, намоиш диҳед. Вале он набояд мӯъҷизае бошад, ки шуъбадабозони оддӣ нишон медиҳанд.
Ҳама ӯро дастгирӣ карданд ва гӯё маро ба ҳунарнамоӣ даъват мекарда бошанд, курсиҳояшонро пештар кашиданд.
Ман оромона аз ҷо боло шудам.
Мутаваҷҷеҳ бошед. Ҳунари афсунгарӣ ҳилаву найрангеро тақозо надорад!
Ин гуфтаму остинҳои  куртаамро оромона барзадам ва аз даруни  оташдони деворӣ чанд дона ангишти тафсонро берун оварда рӯйи каф гузоштам. Ин ҳолат тамошобинонро як андак тарсонд. Онҳо, аз бими сӯхтан, худро канор гирифтанд. Ман ангиштҳои сӯхтаистодаро чанде дар каф намоиш дода, сипас онҳоро ба рӯйи фарши паркет афгандам. Ин гоҳ яке садои борони пушти панҷара фурӯ нишасту рӯйи фарш  чӯбакзании қатраҳо оғоз ёфт. Пораҳои ангишти тафсон аз дастам парида, ба тангаҳои заррин табдил меёфтанд, мисли ин буд, ки рӯйи фарш борони тиллоӣ меборад. Дӯстонам фикр карданд, ки хоб мебинанд. Онҳо, ҳатто, кафкӯбиро фаромӯш карда буданд. Гуфтам:
– Ин аст барои шумо чизи оддӣ.
Ва табассум дар лаб ғолибона рӯйи нармкурсӣ нишастам.
Баъди панҷ дақиқа яке аз дӯстони ҳайратзадаам суол кард:
– Ба ман нигаред, наход инҳо тиллоҳои ҳақиқиянд?
– Бале, тангаҳои тиллоии ҳақиқиянд. Агар бовар надоред, ба даст гирифта санҷед.
– На, намехоҳам, ки дастам бисӯзад.
Бо вуҷуди ин, яке аз тамошобинон тангаеро бо эҳтиёт ба даст гирифта хитоб кард:
– Зари холис будаанд! Куҷоӣ, пешхидмат, ҷорӯбу хокандоз оварда,  ин тангаҳоро аз рӯйи фарш  ғундор!

*Рикша – шахсе,  ки дар баъзе давлатҳои шарқӣ ва ҷанубии Осиё бо аробачаи дучарха мусофир ё бор мекашонад.

(Давом дорад).
Аз забони русӣ тарҷумаи 
А. СУБҲОНОВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: