МУКАММАЛӢ ВА РӮҲИ ХАЛҚПАРВАРОНАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ

Муҳимтарин ҳуҷҷате, ки солҳои охир қабул ва татбиқи амалии худ ёфтани нуктаҳои он дар ҳаёти мамлакат ва халқи мо воқеаи муҳим қарор гирифт, бешубҳа, Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба самтҳои бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 мебошад.

Дар тӯли бештар аз ду соле, ки гузашт, вазифаю нишондодҳое, ки дар ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ муайян карда шудаанд, қисман ба амал бароварда шуданд. Инак, барои иҷрои Стратегияи амалиёт дар «Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ» қадамҳои  қатъии навбатӣ гузошта ва бо Фармони роҳбари давлати мо Барномаи давлатӣ барои соли  равон қабул карда шуд.
Лоиҳаи ин ҳуҷҷати таърихӣ, қабл аз тасдиқ, ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуд. Дар баррасии он мардуми мо фаъолнокӣ зоҳир ва фикру дархостҳои худ баён намуданд. Бо баҳисобгирии солимтарин андешаҳо Президентамон ба ҳуҷҷат «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба татбиқ намудани Стратегия амалиёт доир ба самтҳои бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021-ум дар «Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ» имзо гузошт.
Татбиқи лоиҳаҳое, ки соли равон пешбинӣ шудаанд, 16,9 триллион сӯм ва 8,1 миллиард доллари ИМА-ро талаб менамоянд. 
Соҳае нест, ки дар Барномаи давлатӣ аз назар дур монда бошад, мегӯяд директори Маркази стратегияи рушд Элдор Туляков ва илова мекунад, хусусан, дар низоми такмил додани низоми сохтори давлатию ҷамъиятӣ депутатҳои парлумони мо  вазифадор карда мешаванд, баробари қабули муҳимтарин қарорҳо ба иҷрои қонунҳо назоратро пурзӯр созанд. Барои он ки маҳз мутахассисони малакаашон баланд ва фидоӣ ба хидматҳои давлатӣ ҷалб шаванд, лозим аст ба интихоби кадрҳо – ташаккули сиёсати ягонаи кадрӣ аҳамият дода шавад. Аз усулҳои замонавии менеҷмент ва равияҳое, ки ба татбиқи ислоҳоти маъмурӣ созгоранд, низ бояд оқилона истифода намуд. Дар соҳаи таъмини волоияти қонун ва рафти ислоҳоти судию ҳуқуқӣ, тавре Президентамон борҳо таъкид намуд, ҳанӯз норасоиҳо ҷой доранд. Чорае бояд андешид, ки мустақилии судҳо воқеан таъмин ва қонунгузориҳо устувору барои ҳама умумӣ бошад. Чӣ шахси оддӣ ва чӣ мансабдор ба онҳо итоат ва ба меъёрҳо амал намояд. Судҳои адолатнок на дар сухан, балки дар амал ба ҳокимияти сеюм табдил ёбанд. Барои таъмин сохтани ҳаёти орому осудаи аҳолӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ, идораҳое, ки ба таъмини қонунмандӣ масъуланд, чораҳои зарурӣ андешанд. Дар хариду фурӯши мулк, масъалаҳои соҳибият ба мерос аҳолӣ сарсон нагардад.
Барқарории нарху наво дар бозорҳо, айни замон, дар маркази эътибор монда, барои таъмини пешбурди бонизоми корҳо дар ин самт консепсияи махсус офарида шавад. Рақобат дар иқтисод як навъ сабқати истеҳсолгарон аст. Аз ин маънӣ, фароҳам овардани шароитҳо барои рақобати солим аз вазифаҳои муҳим дар соҳаи рушди иқтисодист. Яке аз муҳимтарин корҳо бобати таъмини мустаҳкамсозии пояҳои иқтисодии мамлакат, қабл аз ҳама, устувории макроиқтисодӣ, ҷалби сармояҳо, беҳтар намудани муҳити корӣ ва иқлими сармоявӣ дар «Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ» мебошад. Вазифаҳое бояд иҷро шаванд, ки ба нигоҳ доштани суръати баланди афзоиши иқтисодӣ нигаронида шудаанд. Озодкунии асъор натиҷаҳои худро бахшид. Барои танзими он бошад, бояд ҳаракатҳо идома ёбанд, «бозори сиёҳ» аз байн равад, ҳар як шаҳрванд тӯли 24 соати шабонарӯз пули худро тавассути банкоматҳо иваз карда тавонад.
Ҳамаи панҷ самт барои мамлакат хеле муҳим, вале тавре ба назар мерасад, рушди иҷтимоӣ барои одамони оддӣ, аҳолие, ки бо меҳнати ҳалол рӯз мегузаронад, бештар аҳамиятнок. Дар Барномаи давлатӣ таъмин бо шуғл ва паст гардондани дараҷаи бекорӣ, афзунсозии даромади аҳолӣ, пешбурда таълими сифатнок дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, боз ҳам сифатнок гардонидани хидматрасонии таббӣ ба шаҳрвандон, эътибор ба солимии модар ва тифл, дастгирии иҷтимоии  шахсони муҳтоҷ ва бенигоҳбин, ба роҳ гузоштани тарзи солими зист ва беҳтарсозии шароити зиндагии одамони оддӣ ба  таври алоҳида зикр ёфта ва умед аст тадриҷан масъалаҳо дар ин самт ҳалли худ меёбанд.
Ҳамватаони мо, айни замон, аз сиёсати хориҷии Президент ва  ҳукумат, нармгардии муносибатҳо ба кишварҳои дуру наздик хеле мамнун. Ҳамдилии байнимиллӣ ва кушодадилии динӣ халқ, миллат, нажод ва динҳои гуногунро муттаҳид месозад. Таъмини амният дар дохили мамлакат бошад, ба озод нафас кашидан, хотирҷамъ кору зиндагӣ кардани ҳар яки мо мусоидат менамояд.
Дар Барномаи давлатӣ зикрёбии вазифаҳо дар соҳаи баландбардории иқтидори мудофиавии мамлакат, ташаккули Артиши миллӣ ва саноати мудофиавӣ далел бар он, Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраи нав боз такмил ёфта ва бо замонавитарин аслиҳаҳо қудрати худро намоиш медиҳад. Чун солҳои пешин амнияти экологӣ аз масъалаҳои муҳим буда, ҳанӯз моҳи аввали соли равон дар кишвари мо бо иштироки эколог ва мутахассисони пешбари ин соҳа аз Иттиҳоди Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тошканд анҷумани байналхалқӣ доир карда шуд. Аз об, ки неъмати бебаҳост ва дигар захираҳои табиӣ, ки дар ихтиёр дорем, самаранок ва оқилона истифода кардан дар Барномаи давлатӣ ва сифати вазифаи муҳим қайд карда шудаанд.
Дар боби 25-уми Барномаи давлатӣ вазифаи таъсиси созмони ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ – Ҷунбиши умумимиллии «Юксалиш» гузошта шуда ва ташкили шуъбаҳои ҳудудии он дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд мавриди назар қарор гирифтааст.
Назар ба таъкиди раиси Ҷунбиши умумимиллии «Юксалиш» Акмал Бурҳонов, мақсад аз таъсиси ин ташкилот муттаҳидсозии қувваҳое мебошад, ки дар татбиқи ислоҳот саҳм мегузоранд. Робита бо ҳамватанони мо, ки дар хориҷ кору зиндагӣ сохта, ба тақдири модар-ватан бетараф нестанд, ташкили мулоқотҳои ошкоро бо мардум ва шунидани дарди онҳо, барои ҳаллу фасли масъалаҳои муҳим ворид сохтани ахбори таҳлилӣ ва таклифҳо ба палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ аз вазифаҳои Ҷунбиши умумимиллии «Юксалиш» мебошанд. Он ба маъние, кӯпрук байни давлат ва ҷомеа аст. Наздикшавии давлат ва халқ, тавре ба ҳамаамон маълум, шарти муҳими рушд ва болоравиҳост. Дар муҳокимаи умумихалқии Барномаи давлатӣ, воқеан, бештар аз чаҳор ҳазор таклифу дархости аҳолӣ ба эътибор гирифта шуд. Барнома, аз ин нигоҳ, бо мукаммалӣ ва рӯҳи халқпарваронаи худ ба эътибор молик. 

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: