(Ҳаҷвия) Шаҳло АҲРОРОВА
(Ҳаҷвия)
Рафиқон, Сайфӣ Рафиев барои беҳбудии муҳити маънавии ҷамъият корҳои муҳимро анҷом дод. Алҳол, барои пешгирии коррупсия, яъне ришвахӯрӣ хидмат мекунад, якчанд порахӯронро фош кард.
Аз ҷумла муаллимаи синфҳои ибтидоии рақами 302-юм Барно Алимова бо баҳонаи рӯзи таваллудаш аз хонанда Бердиева понздаҳ дона гулро ба сифати пора гирифтааст. Агар як дона гул дар бозор панҷ ҳазор бошад, хонандаи мактаб аз дӯкони марказӣ ҳар як донаашро даҳҳазорсӯмӣ харидааст. Агар ҳисоб карда бароем, Алимова аз хонанда 150 ҳазор сӯм пора гирифтааст. Гулҳои пажмурдашудаи назди тирезаи Алимова ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шуд.
Боз як мисол. Ҳамшираи калони поликлиникаи марказӣ мансаби худро сӯиистеъмол карда, барои азназаргузаронии бемор ба қишлоқи Чеккатонг мераваду аз дастархони бемор Олдиев чой, як коса шӯрбо, нони чапотӣ, помидор, бодиринг, пиёз, кабудӣ ва салатҳои чакка мехӯрад. Агар мурғбирён, помидор, бодиринг, пиёз, чакка, кабудиҳоро бо нархи ресторани марказии вилоят ҳисоб кунем, 75 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад. Олдиев ҳамин қадар зарар диду лекин исбот нашуд, чунки таомҳои хӯрда аллакай ҳазм шуда буданд.
Сайфӣ Рафиев барои мубориза зидди порахӯрӣ ва дигар корҳои шоёнаш ба миқдори панҷ миллион сӯм мукофотонида мешавад.
(Чапакҳои бардавом).
– Оё шунидӣ, Сайфӣ Рафиев ба муносибати мукофотпулӣ зиёфат медодааст?
– Шунидам, 200-то аз кабудаш шодиёна диҳем, бас будагист?
– Чӣ мегӯӣ? Пештар сесадто аз кабудаш бурда будам, ҳатто гиреҳи пешониашро накушод. Рӯзи мавлуди писараш ҳазор доллар туҳфа карда будам, чеҳрааш ҳам шукуфту мартабаам ҳам баланд гашт.
– Дарвоқеъ, ба ӯ ба кадом муносибат мукофот додаанд?
– Борои пешгирии порахӯрӣ...
Аз ӯзбекӣ тарҷумаи
Раҳимшоҳи ШАРИФЗОДА.