МУКОФОТ — МАҲСУЛИ МЕҲНАТИ ҶАМОА

Чандест, ки ҳар сол Иттиҳоди эҷодии журналистони ҷумҳурӣ якҷо бо Маркази бозомӯзии журналистони Ӯзбекистон ва як қатор ташкилотҳо ба мақсади оммавӣ гардондани беҳтарин муваффақиятҳои журналистикаи миллӣ ва байналхалқӣ, фаъолсозии мавқеи шаҳрвандии РАО, ташаккул ва рағбатноксозии афкори танқидиву таҳлилӣ барои Ҷоизаи миллии «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ») озмуни байналхалқӣ эълон мекунанд.

Чандест, ки ҳар сол Иттиҳоди эҷодии журналистони ҷумҳурӣ якҷо бо Маркази бозомӯзии журналистони Ӯзбекистон ва як қатор ташкилотҳо ба мақсади оммавӣ гардондани беҳтарин муваффақиятҳои журналистикаи миллӣ ва байналхалқӣ, фаъолсозии мавқеи шаҳрвандии РАО, ташаккул ва рағбатноксозии афкори танқидиву таҳлилӣ барои Ҷоизаи миллии «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ») озмуни байналхалқӣ эълон мекунанд. 
Дар озмуни сенздаҳуми имсола барои Ҷоизаи миллии «Олтин қалам» аз ҷониби 523 нафар журналист қариб 7100 мавод пешниҳод гардидааст. 
Дар байни онҳо ғолибон дар самтҳои телевизион, радио, расонаҳои ахбори оммавии чопӣ, интернет-журналистика ва соҳиби ҷоизаҳои рағбатноксозӣ бино ба номинатсияҳои «Барои беҳтарин маводе, ки дар РАО маданияти китобхониро тарғиб намудааст», «Барои беҳтарин маводи журналисти хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон», «Беҳтарин хидмати матбуот», «Барои беҳтарин фоторепортаж» муайян гардиданд.
3-юми майи соли равон ба муносибати Рӯзи байналхалқии озодии сухан дар Қасри «Тукистон»-и пойтахт маросими мукофотсупорӣ ба ғолибон ва соҳибҷоизагони Озмуни байналхалқии XIII барои Ҷоизаи миллии «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ») дар бахши журналистика баргузор шуд.
Бино ба анъана СММ, ЮНЕСКО, САҲА, ЮСАИД, «Мулоқоти минтақавӣ» (Словения), Ассотсиатсияи донишгоҳи мардумии Олмон, Институти Ҳуте ва намояндагии дар Ӯзбекистон будаи созмонҳои байналхалқӣ, сафоратхонаҳои ИМА, Туркия, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин ба журналистон мукофотҳои рағбатноккунандаи худро супориданд.
Мо хеле хушнудем, ки бино ба номинатсияи «Барои беҳтарин маводи журналистӣ» (матбуот) ҷойи сеюм ба ҳайати таҳририяи «Овози Самарқанд» – сармуҳаррир Баҳодур Раҳмонов: барои равшан кардани ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар ҳамаи ҷабҳаҳои вилоят татбиқ мегарданд, саҳмаш ба тарғиби дӯстӣ ва осоиштагии байни миллатҳо, насиб гардид. 
– Тайи ду соли охир мо мазмуну мундараҷаи рӯзномаро тағйир додем, – гуфт ҳангоми суҳбат бо мо Баҳодур Раҳмонов. – Дар рӯзнома рукнҳои навро, ба мисли «Қабулхонаи халқ», «Баёзи дӯстӣ», «Ҳусноро» (саҳифаи занону духтарон), кушодем. Бовар надоштам, ки ҷойи сеюм насиби рӯзномаи «Овози Самарқанд» мегардад. Зеро маводу ҳуҷҷатҳоро як рӯз пеш аз охирин рӯзи қабул пешниҳод карда будем. Ин мукофот  маҳсули меҳнати эҷодкоронаи ҷамоаи рӯзнома аст, ба ҳар як корманди он муборак бошад!
– Ҷамоаи рӯзномаи «Овози тоҷик» низ шумо ва ходимонатонро бо ин дастоварди эҷодӣ самимона табрику муборакбод менамояд.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Дар сурат: ғолибони номинатсияи «Барои беҳтарин маводи журналистӣ (матбуот) аз рост ба чап: Баҳодур Раҳмонов, Зулфия Мӯъминова ва Давлатҷон Полвонов.
Суратгир: О. МИРСОАТОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: