МУКОФОТ МУБОРАК!

Дар кишвари мо ба рушду нумӯи адабиёту фарҳанг эътибори алоҳида дода мешавад, ки ифодаи амалии онро дар қадршиносии аҳли илму адаб, санъат ва таълим дидан мумкин аст.

Дар кишвари мо ба рушду нумӯи адабиёту фарҳанг эътибори алоҳида дода мешавад, ки ифодаи амалии онро дар қадршиносии аҳли илму адаб, санъат  ва таълим дидан мумкин аст.
Бинобар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мукофотонидани гурӯҳи кормандони соҳаҳои илм, таълим, адабиёт, фарҳанг, санъат ва воситаҳои ахбори оммавӣ» мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи «Овози тоҷик», узви иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, шоир, рӯзноманигор ва тарҷумони бомаҳорат Тӯхтамиш Тӯхтаев (Паймон) бо ордени «Дӯстлик» сарфароз гардонда шуд.
Тӯхтамиш Тӯхтаев солҳои зиёдест, ки дар пурмуҳтаво ва хонданӣ гардидани матолиби рӯзнома саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дода, пайваста меҳнат мекунад. Дар кори тарҷума низ ҳавсалаи тамом дорад, ки аз тарҷумаҳои чопгардидаи мавсуф инро дарк кардан душвор нест.
Тӯхтамиш Тӯхтаев бо маҷмӯаҳои шеърии «Санги навишта», «Шабовез», «Шабоҳанг», «Даҳ саволу даҳ ҷавоб» ва ғайраҳо дар пешрафти адабиёти муосири тоҷики Ӯзбекистон саҳми назаррас дорад ва ашъори шоирони шинохтаи ӯзбекро бомаҳорат тарҷума карда, дастраси хонандагони тоҷик намудааст.   
Ҷамоаи рӯзномаи «Овози тоҷик» Тӯхтамиш Тӯхтаевро ба ин муносибат муборакбод намуда, дар корҳояш комёбиҳои беш аз пеш орзу мекунад.

АҲЛИ «ОВОЗИ ТОҶИК».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: