Дар қасри «Туркистон»-и пойтахт бахшида ба мукофотонидани соҳибони озмуни байналхалқии ҷоизаи XIV миллии «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ») дар соҳаи журналистика чорабинӣ ба амал омад.
Ба ин муносибат ба кошонаи мазкури санъат сенаторон, депутатҳо, кормандони масъули вазорат, идора, ташкилотҳои эҷодиву ҷамъиятии гуногун, намояндагони ҳамаи намудҳои низоми расонавӣ, профессорону омӯзгорон, ҷавонони донишҷӯи самти журналистика даъват шуданд.
Раиси Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон С. Ҳаким ва дигарон таъкид намуданд, ки ислоҳоти васеъмиқёсе, ки бо ташаббуси роҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёев дар мамлакатамон татбиқ мегардад, кормандони воситаҳои ахбори оммавиро ба боз ҳам фаъол, фидоӣ, ташаббускор будан, барои тақдири кишвар аз таҳти дил ҷонсӯзӣ кардан даъват менамояд.
Дар Муроҷиатномаи роҳбари давлатамон ба Олий Маҷлис 28 декабри соли 2018 алоҳида таъкид шудааст, ки мулоқоти бевосита ва кушод ташкил кардан бо аҳолӣ, фароҳам овардани шароит барои ба рӯи об баровардани ҳуқуқи ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муроҷиат намудани шахсони ҷисмониву ҳуқуқӣ дар соли нав низ қисми муҳиму ҷудонопазири фаъолиятамон боқӣ мемонад.
Ин тамойил бошад, дар фаъолияти тамоми намудҳои воситаҳои ахбори оммавӣ ба самти устувор табдил меёбад.
Қонунгузории миллии кишварамон имкони озод ва самарабахш фаъолият нишон додани воситаҳои ахбори оммавӣ, пурра таъмин намудани озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи ахбор гирифтани ҳар як шаҳрванд, сабук гардондани мушкили халқ, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии таҳририяҳоро фароҳам меорад. Ғамхории амалии роҳбари давлатамон дар беҳтар гардондани шароити моддии кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ, пурра дастгирӣ намудани эҷоди онҳо, пурзӯр намудани мақоми иҷтимоии касби журналист омили муҳим мегардад. Ҳамаи ин барои муҳофизатгари манфиатҳои миллӣ, халқу Ватанамон, боз ҳам фаъол гардидан, бо назари таҳлиливу танқидӣ нигоҳ кардан ба кори худ, муттасил эҷод намудан даъват менамояд.
Озмуни «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ»), ки дар диёрамон тибқи анъана баргузор мегардад, барои аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намудани журналистони ҳамеша ҷӯяндаи соҳа омили муҳим мегардад. Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон ва Маркази бозомӯзии журналистон якҷоя бо чандин ташкилоти дигар бо мақсади намоён сохтани мавқеи шаҳрвандии ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ, шароити озод фароҳам овардан ба васеъ оммавӣ сохтани беҳтарин муваффақиятҳои журналистикаи миллӣ ва байналхалқӣ ва ҳам рағбатноксозии муносибати нав ба мушоҳидаи танқидиву таҳлилӣ ва фаъолияти эҷодии журналистон барои дарёфти озмуни байналхалқӣ ба мукофоти миллии XIV «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ») аз эҷодкорон матолиби зиёд расид.
Ба ин озмун, ки ба Рӯзи озодии матбуоти ҷаҳон – 3 май бахшида шудааст, дар давоми як соли гузашта матолиби дар рӯзномаву маҷаллаҳо, радио ва телевизион, ҳамчунин нашрияҳои интернет пахшгардида қабул гардид. Дар ин матолиб ба ҷиҳатҳои аҳамиятнокии корҳои эҷодӣ, аҳамияти иҷтимоии онҳо, хусусияти оперативӣ ва холисиву воқеъбинона доштанашон, ифодаи нозуки манфиатҳои халқ барин ҷиҳатҳо эътибори асосӣ нигаронда шуд.
Бинобар анъана, дар озмуни ҷорӣ соҳибони мукофоти асосии миллӣ дар соҳаи журналистика, телевизион, радио, воситаҳои ахбори оммавии чопӣ, интернет-журналистика соҳибони мукофоти асосӣ, ҷойҳои дувум ва сеюм муайян гардиданд. Инчунин дар номинатсияҳои рағбатноксозии «Маводи беҳтарин дар мавзӯи ҳуқуқи инсон», «Беҳтарин маводи журналисти хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон», «Беҳтарин фоторепортаж», «Беҳтарин хидмати матбуот» низ ғолибон эълон гардиданд.
Инчунин Шӯрои федератсияи Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, Фонди ҷамоатии дастгирӣ ва рушди ВАО-и мустақили чопии Ӯзбекистон ва агентиҳои иттилоот, Агентии рушди энегияи атоми назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва корпоратсияи давлатии «Росатом» ва ҳамчунин сафоратхонаҳои Федератсияи Русия, ИМА, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Туркия дар кишварамон, ваколатхонаи ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон, ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Ӯзбекистон, Идораи ҳамоҳангсози Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Ӯзбекистон, филиали маркази минтақавии экология дар Осиёи Марказии Иттиҳоди Аврупо, Барномаи ЮСАИД оид ба мубориза бар зидди бемории сил, Ташкилоти ғайридавлатии байналхалқии «Мулоқоти минтақавӣ» (Словения), «DVV International» (Олмон) ва ташкилотҳои дигар аз рӯи номинатсияҳои таъсиснамудаи худ ғолибонро тақдир намуданд.
Пресс-клуби байналхалқӣ ва ҷамоаи шабакаи телевизионии Ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон «Ozbekiston-24» ғолиб дониста шуданд. Ғолибон бо дипломҳом махсус, нишонҳои сарисинагӣ ва ҳайкалчаи «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ») ва ҳамчунин бо мукофотпулӣ ба миқдори 200 баробари музди меҳнати камтарини дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқарраргардида мукофотонида шуданд.
– Имрӯзи зудрушдкунанда аз журналистон ҳушёрии маънавӣ, ҷустуҷӯи доимӣ, фарох намудани назари танқидиву таҳлилӣ, ба дарди одамон марҳам гардидан мисле ки ба худ ғамхорӣ зоҳир менамояд, талаб мекунад, – мегӯяд роҳбари Пресс-клуби байналхалқӣ Шерзодхон Қудратхӯҷаев, – Дар дуним соли гузашта ҷамоаи мо воқеъан барои гуфугӯи халқ майдонро ба вуҷуд овард. Ин боварии зиёде, ки ба мо карда шуд, водор месозад, ки барои фараҳмандии халқ бо масъулияти бештар меҳнат кунем.
Дар маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Абдуҳакимов баромад кард.
Дар доираи маросими тантанавӣ барномаи консертӣ бо иштироки арбобони санъат ва ҷавонони эҷодкор намоиш дода шуд.
Назокат УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.