Асоси ободии дунёро некӣ ташкил мекунад.
Аз ин рӯ ҳар ҷо, ки некӣ ҳукмфармост, он ҷо гул мекунад. Ҳамин некӣ одамонро аз ҳар гуна нохушиҳо – балову офатҳо эмин нигаҳ медорад, онҳоро ба мақсад мерасонад, боиси пешравии ҷомеа мегардад. Дар айни замон некӣ беҷавоб намемонад. Вай накӯкорро комёб мегардонад. Ба ин ҳаёти шифокори хушмуомила, мудири бунгоҳи тиббии деҳаи «Боқимиришкор»-и ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро Наим Бозоров мисоли оддӣ аст.
Вай 4 сентябри соли 1959 дар деҳаи Маҳаллигиҷҷаи ҷамоати шаҳрвандони деҳоти Қарақалпоқи ноҳияи Пешкӯ дар оилаи серфарзанд ба дунё омад. Падараш Назар Бозоров раиси хоҷагӣ бошад ҳам вай баробари ҳамсари меҳрубонаш Хушвақт Неъматова барои тарбияи даҳ нафар фарзандон (чор писару шаш духтар) вақт меёфт. Волидон мекӯшиданд, ки «нури дидагонашон» меҳнатдӯсту баодоб ба воя расанд ва дар оянда дар рӯзгор пайраҳаи худро пайдо кунанд. Заҳматҳои саривақт кашидаи онҳо бесамар намонд. Аксарияти фарзандон дар мактаби олию миёнаи махсус хонда, соҳиби касбу кор шудаанд. Аз ҷумла, фарзанди дуюм Наим дар соли 1976 мактаби деҳаро хатм карда ба техникуми тиббии Бухоро дохил шуд ва баъди хизмати ҳарбӣ онро соли 1982 ба поён расонд. Баъд дар шуъбаи бачагон чун фелдшер ба кор оғоз кард. Ду-се соли кор ӯро водор намуд, ки таҳсилро дар мактаби олӣ идома диҳад. Ҳамин тариқ, соли 1986 ба Н.Бозоров бахти донишҷӯи шуъбаи муолиҷавии Донишкадаи тиббии Самарқанд насиб кард. Шаш соли таҳсил дар шаҳри бостонӣ дар ҳаёти вай воқеаи муҳим гардид. Наим бо дипломи духтурӣ ба зодгоҳ баргашт. Ба ӯ лозим омад, ки муддате дар беморхонаи шаҳри Бухоро аз интернатура гузарад. Н.Бозоровро мудири бунгоҳи тиббии деҳаи «Боқимиришкор» таъин карданд. Аз ҳамон вақт то имрӯз духтури хушмуомила баҳри ҳифзи саломатии мардуми деҳаҳои тоҷикнишини Бобо Ҳоҷӣ, Шоваре, Боқимиришкор ва Танируд донишу таҷрибаашро дареғ намедорад. Ҳоло аҳолии ин мавзеъ ба 4550 нафар расидааст. 1170 нафари онҳо занони синни таваллуд мебошанд. Шумораи бачагони синнашон то 14-сола дар ин ҷо 1115 нафаранд.
Замоне дар ин нуқтаи тиббӣ 7-8 нафар кормандони тиббӣ кор мекарданд. Ҳоло бошад шумораи онҳо ба 21 нафар расидааст. Соли 2004 бо ташаббуси мудири табобатгоҳ ба ҷои бинои садамавии кӯҳна иморати нав қад боло кард ва он дорои хонаҳои сершумор гардид. Ба туфайли ташкилотчигӣ ва чорабиниҳои пай дар паи мудири бунгоҳ сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардид.
– Се соли охир дар низоми ҳифзи тандурустӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад, – гуфт сарвари бунгоҳи тиббӣ Наим Назарович. – Ғамхории давлат ба кормандони соҳа ва шароитҳои кории онҳо беш аз пеш афзуд. Музди меҳнати духтурон ва ходимон борҳо зиёд шуд. Пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ мустаҳкамтар гардид. Дар натиҷаи ислоҳот қисми зиёди бунгоҳҳои тиббӣ ба поликлиникаҳои оилавӣ табдил ёфта, дар онҳо фаъолияти мутахассисони доираи амалиёташон маҳдуд ба роҳ монда шуд. Назди нуқтаҳои тиббӣ шуъбаи дорухонаҳои иҷтимоӣ ва «Ёрии таъҷилӣ» фаъолият нишон медиҳанд.
Мувофиқи барномаи «Саломатӣ-2» лабораторияю дастгоҳҳои замонавии муассисаҳои тиббӣ дар маҳалҳо мушкилоти мардумро осон мекунанд. Сифати хидматрасонии тиббӣ беҳтар мегардад. Дар ягон давр ба мардум ин қадар дорую дармон бепул дода намешуд. Албатта, чунин ғамхориҳо бенатиҷа намемонад. Мо қаноатмандем, ки дар ҳудудамон фавти модару кӯдак ба қайд гирифта нашудааст, – хулоса намуд духтур.
Соли 27-ум аст, ки Н. Бозоров баҳри ҳифзи саломатии мардуми диёраш заҳмат мекашад. Бояд таъкид намуд, ки деҳаҳои номбурда аз деҳаҳои дуртарин маҳсуб меёбад. Масъулиятшиносию кордонӣ ва ёрии саривақтии тиббии кормандони бунгоҳ имконият медиҳад, ки мардум овора шуда ба маркази ноҳия нараванд.
Духтур Н. Бозоров соҳиби чор фарзанд ва ҳашт набера буда, ду фарзандаш – Гулнораю Ӯктам соҳаи ӯро пеша кардаанд. Чи хеле ки таъкид ёфт, некӣ ва хидматҳои беғаразона табибро соҳиби обрӯю эътибор намуд. Се сол муқаддам вайро бо нишони хотиравии 25-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон руҳбаланд гардонда буданд.
Н.Бозоров ба муносибати 28-солагии истиқлолияти Ӯзбекистон дар қатори онҳое, ки баҳри тараққиёти мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд, мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 августи соли ҷорӣ бо дараҷаи II ордени «Соғлом авлод учун» сарфароз гардид. Мукофоти давлатӣ табиби заҳматкашро водор месозад, ки баҳри ҳифзи саломатии мардум мувофиқи талаби замон шоистатар хидмат кунад.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.