МУКОФОТҲОИ ОЛИИ ДАВЛАТ СУПУРДА ШУДАНД

Мувофиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати 28-умин солгарди истиқлолияти Ватанамон як гурӯҳ хидматчиёни соҳаҳои илм, таълим, ҳифзи сиҳҳат, адабиёт, маданияту санъат ва давлат, ҳамчунин ходимони ҷабҳаҳои истеҳсолот ва иҷтимоиву иқтисодӣ бо унвонҳои ифтихорӣ ва ордену медалҳо мукофотонида шуданд.

30 августи соли 2019 дар Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон маросими ба соҳибонашон супурдани ин мукофотҳо ба амал омад.
Унвонҳои ифтихорӣ, ордену медалҳоро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Арипов супурд.
Собиқадори  меҳнат, барандаи ордени «Меҳнат шуҳрати» К. Ҷалилова, актёри Театри миллии академии драмавӣ, сазовори ордени «Меҳнат шуҳрати» Г. Ибрагимбекова, таҳиягари тадбирҳои ҷашни оммавӣ, соҳиби ордени «Дӯстлик» Р. Шамсутдинов, раиси идораи марказии ҷамъияти нобиноёни Ӯзбекистон, барандаи медали «Шуҳрат» Э. Нарпӯлотов, мутахассиси Боғи ботаникаи Тошканди назди пажӯҳишгоҳи ботаникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, барандаи ордени «Дӯстлик» А. Холмурзаева, мудири кафедраи ҷамъиятшиносӣ ва рӯҳшиносии Идораи академияи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соҳиби ордени «Дӯстлик» М. Бекмуродов, муовини директори ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «AKFA Engineering and Management», барандаи ордени «Дӯстлик» К. Гуломов ва дигарон ба Президент барои баҳои баланд гирифтани меҳнати хоксорона ва ба мукофотҳои олии давлат сазовор шуданашон сипосгузорӣ карданд. 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: