МУКОФОТҲОИ ОЛИИ ВАТАНАМОН СУПУРДА ШУДАНД

Мувофиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар арафаи 27-умин солгарди истиқлолият як қатор шаҳрвандони хориҷӣ барои хидматҳои бузургашон дар таҳкими ҳамкории мамлакатамон бо давлатҳои хориҷӣ бо мукофотҳои олии Ватанамон сарфароз гардонда шуда буданд.

31 август дар таърихи мамлакатамон бори аввал бахшида ба супурдани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳрвандони хориҷӣ маросими тантанавӣ ба амал омад. 
Дар он Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки имрӯз халқи бисёрмиллатаамон 27-умин солгарди истиқлолияти Ватанамонро васеъ ҷашн мегирад, хурсандиовар аст, ки ин санаи таърихиро якҷоя бо мо дӯстон ва шарикони сершумори хориҷии давлатамон – намояндагони ҳайатҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои бузурги хориҷӣ ва институтҳои молиявӣ ҷашн мегиранд.
Имрӯз Ӯзбекистон сиёсати фаъоли хориҷӣ пеш мебарад. Бо Русия, Чин, ИМА, Куриёи Ҷанубӣ, Олмон, Ҷопон, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо равобити шарикии ба ҳамдигар муфид пайваста ривоҷ меёбанд. Ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ бо мамлакатамон фаъол ҳамкорӣ мекунанд.
Соли ҷорӣ муносибатҳо бо давлатҳои ҳамсоя фаъол гардид. Аз ҷумла, бо ташаббуси Президентамон моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Остона мулоқоти якуми машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ гузаронда шуд. Дар айни ҳол ҳамкориамон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дараҷаи шарикии стратегӣ бардошта шуд. Мамлакатҳоямон ба туфайли азму шуҷоат ва сиёсати дурандешонаи Президентҳо бобати мустаҳкам кардани дӯстиву ҳамкорӣ ба комёбиҳои таърихӣ муваффақ шуданд.
Роҳбари давлатамон ба ҳамкорони хориҷиамон барои ҳиссаи бузургашон дар мустаҳкам кардани равобит бо Ӯзбекистон миннатдорӣ изҳор кард.
Президент Шавкат Мирзиёев ба муассис ва роҳбари ҷамъияти саҳҳомии «USM Holding»-и Русия Алишер Усмонов ордени «Эл-юрт ҳурмати», президенти ҷамъияти саҳҳомии тарзи кушоди «ЛУКОЙЛ»-и Русия Вагит Алекперов, узви Шӯрои иштирокдорони гурӯҳи корхонаи «КНАУФ»-и Олмон Николаус Кнауф орденҳои «Дӯстлик», Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин орденҳои «Фидокорона хизматлари учун», раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, мудири кафедраи ҷарроҳии дилу раги хунгарди Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошпулат Гулмуродов орденҳои «Меҳнат шуҳрати», мудири шуъбаи Фонди мероси дастхатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Муҳаммадиев, сардори раёсати инспексияи назорати давлатии геодезия, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихор Ҷӯраев, саркорманди Донишкадаи физика ва техникаи ба номи С.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Марупов, аъзои Иттиҳоди нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Бердиқулов орденҳои «Дӯстлик», роҳбари бадеии муассисаи давлатии «Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ» Адҳам Холиқов, роҳбари бадеии дастаи давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Холов унвони фахрии  «Ӯзбекистон Республикаси халқ артисти»-ро тантанавӣ супурд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муассис ва роҳбари ҷамъияти саҳҳомии «USM Holding»-и Русия Алишер Усмонов, президенти ҷамъияти саҳҳомии тарзи кушоди «ЛУКОЙЛ»-и Русия Вагит Алекперов, узви Шӯрои иштирокдорони гурӯҳи корхонаи «КНАУФ»-и Олмон Николаус Кнауф  имрӯз ба мақсади самарабахш ҳамкорӣ намудан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рушди минбаъдаи равобити муфид ва дӯстона бо тамоми давлатҳо, хусусан мамлакатҳои ҳамсоя эътибори алоҳида додани Ӯзбекистонро таъкид намуда, барои эътибори баланд ба Президентамон миннатдории амиқ изҳор карданд.
***
Мувофиқи фармонҳои Президентамон дар арафаи 27-умин солгарди истиқлолиятамон гурӯҳи ҳамватанонамон, ки ба рушди ҳамаҷонибаи мамлакатамон ҳиссаи бузург ҳамроҳ намуда, дар соҳаҳои худ ба натиҷаҳои баланд муваффақ гардидаанд, бо унвонҳои фахрӣ, орден ва медалҳо мукофотонида шуда буданд.
Дар Қасри анҷуманҳои байналхалқии «Ӯзбекистон, маросими супурдани мукофотҳои мазкури олӣ ба амал омад.
Президентамон ҷамъомадагонро бо ҷашни истиқлолият, мукофотҳои давлатӣ муборакбод намуд.
– Ба давраи нав, зинаи нави тараққиёти мамлакатамон қадам ниҳодем. Ояндаамонро дар асоси Стратегияи амалиёт бо дастону қувваи худ барпо менамоем. Розӣ кардани одамонро мақсади асосии сиёсати имрӯзаамон медонем. Ҳангоми ба забон овардани «болоравӣ», «рушд» на ба рақамҳову нишондиҳандаҳои миқдорӣ, балки, аввало ба дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамон, хонаву дастархони онҳо чи хел инъикоси ёфтани ислоҳот аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем, – мегӯяд роҳбари давлатамон.
Имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳо дигаргуниву навгониҳои азим ба амал меоянд. Бино бар вусъат додани иқтидори иқтисодии мамлакатамон, рушди маҷмӯгии ҳудудҳо, обод гардондани деҳаву маҳаллаҳо, баланд бардоштани дараҷа ва сифати сатҳи зиндагии мардум ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мегарданд.
Хидмати онҳое, ки ба ин корҳо ҳиссаи муносиб ҳамроҳ менамоянд, бо меҳнати фидокорона, садоқаташон ба Ватан ба халқ намуна мегарданд, муносиб қадр карда мешавад. Ба муносибати санаҳои гуногун ва ҷашнҳои касбиашон даҳҳо ҳамватанони фидоиямон бо мукофотҳои олии давлат сарфароз гардонда мешаванд. Дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ ба муносибати санаҳои гуногун ҳамватанони зиёдамон бо унвонҳои фахрӣ, орден ва медалҳо мукофотонида шуданд. Дар арафаи ҷашни истиқлолият сафи онҳо боз ҳам васеъ гардид.
– Аксарияти шуморо аз наздик мешиносам. Ҳар яки шуморо ба сифати инсонҳои соҳибэҳтироме, ки бо меҳнат, ҷонсӯзӣ ва ташаббускории худ ба ҳама намуна мегарданд, эъзоз менамоям, – гуфт Президентамон. – Ба ҳамаатон як таманно дорам – дар ба даст овардани ин гуна муваффақияту зафарҳо ҳеҷ гоҳ мондагиро эҳсос накунед.
Роҳбари давлатамон мукофотонидашудагонро бори дигар бо ҷашни 27-умин солгарди истиқлолияти Ватанамон муборакбод намуда, ба онҳо сиҳҳатӣ, бахти оилавӣ, фаъолияти меҳнатиашон зафарҳои бузург таманно кард.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: